Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Ҳоҷӣ-пиёда»: Танҳо ба Исроил бо ҳавопаймо рафтам


Абдулазиз Раҷабов, ҷаҳонгарди тоҷик, ки бо номи «Ҳоҷӣ-пиёда» маъруф аст, бори аввал ба як кишвари Ховари Миёна тариқи ҳавопаймо сафар кардааст. Ин ҷаҳонгарди тоҷик мегӯяд, 12 сол талош дошт, то пои пиёда ба Исроил биравад, аммо се бор аз марзи ин кишвар ӯро пас гардониданд. Раҷабов гуфт, Исроил 51-ум кишваре буд, ки ин ҷаҳонгарди тоҷик аз он боздид кардааст. Ӯ рӯзи 5-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар Исроил як масҷиди Байтулмуқаддасро зиёрат кард, ки онро "қиблаи аввали мусалмонон" меноманд. Ӯ гуфт, баъди боздиди қариб ниммоҳа аз Исроил рӯзи 3 октябр ба хона баргашт.

Боздиди Байтулмуқаддас бо кӯмаки дӯстони яҳудӣ

Вай гуфт, "Борҳо мехостам пиёда ба Исроил биравам, аммо нашуд. Се сол пеш маро нагузоштанд аз марзи Урдун вориди хоки Исроил шавам. Чор моҳ пеш дар Маскав бо Ёқуб Петров, як узви Конгресси «Яҳудиёни Бухоро» ошно шудам. Ӯ бароям даъватнома ва чиптаи сафар ба Исроилро тақдим кард" - гуфт ӯ.

Яҳудиёни форсизабон аз аввал то охир маро ҳамроҳӣ карданд. Онҳое, ки аз Тоҷикистон ба Исроил муҳоҷират кардаанд, ба ёди ин ватан мегиристанд.

Абдулазиз Раҷабов мегӯяд, дар Исроил бо пазироии гарм рӯбарӯ шудааст. Ӯ гуфт: «Дар Исроил давоми ним моҳе, ки истодам, аслан эҳсоси бегонагӣ накардам. Яҳудиёни форсизабон аз аввал то охир маро ҳамроҳӣ карданд. Онҳое, ки аз Тоҷикистон ба Исроил муҳоҷират кардаанд, ба ёди ин ватан мегиристанд. Ин қадар Тоҷикистонро дӯст медоранд, ки боварнокарданист».

Абдулазиз Раҷабови 67-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонист, ки аз 10 соли пеш бо пои пиёда ба ҷаҳонгардӣ оғоз кардааст. Ӯ давоми ин солҳо се бор аз се масир пои пиёда ба Арабистони Саудӣ ба зиёрати Хонаи Худо рафтааст.

Соли гузашта ӯ ба Шри-Ланка барои зиёрати гӯри Бобои Одам рафта буд. Сафари ӯ то Шри-Ланка ва бозпас гаштанаш ҳудуди 7 моҳро дарбар гирифт. Ӯ давоми ин сафарҳояш бо афроди маъруф мулоқот ва аз ҷойҳои муқаддаси таърихӣ дидан мекунад.

Харҷи роҳ, Амитабх Бачан ва Толибон

Ҳарҷи сафарҳояшро, ки ба гуфтааш чандон зиёд нестанд, маъмулан писарҳо ва ҳам афроди хайрхоҳ таъмин мекунанд ва визаҳои сафарро қабл аз роҳ таҳия мекунад. Ӯ инчунин аз мақомоти Кумитаи ҷавонон ва сайёҳии Тоҷикистон ҳам бо худ номае дорад, ки дар он аз ӯ ба унвони як тарғибгари фарҳанги тоҷикӣ ёд мешавад.

Барои мулоқот бо афроди мавриди назари худ, мисли Амитабх Бачан, ки шефтаи ҳунари ӯ мебошад, аз қабл ариза дода, ҳудудан як ҳафта мунтазир шудааст. Мегӯяд, бо ин ки забонҳои тоҷикиву русиву каме арабиро медонад, дар баъзе сафарҳо ба ӯ Фирдавс ном ҳамсафараш кӯмак мекунад, ки нақши тарҷумони забони англисиро ҳам иҷро мекунад. Фирдавс ҳам гоҳо аз рӯи имконият бо ӯ пои пиёда ба сафар мебарояд.

Соли 2013
Соли 2013

Соли 2013 ҳангоми сафараш ба Афғонистон бо волии Балх Атомуҳаммади Нур сӯҳбат карда буд. Ҳамчунин дар Ҳинд ба сӯҳбати ҳунарманди маъруфи синамо Амитабх Баччан муваффақ шуда, мегӯяд, «ӯро ба Ислом даъват кардам.» Дар роҳи бозгашт ҳудуди як соат дар Эрон бо президенти собиқи ин кишвар Маҳмуди Аҳмадинажод сӯҳбат кардааст. Ҳангоми сӯҳбат Амитабх Баччан танҳо табасум кардааст, вале Аҳмадинажод ба ӯ гуфтааст, ба собиқ ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон салом бирасонад.

Наздик ба даҳ сол боз ӯ пиёда аз ҷое ба ҷое меравад ва, ба гуфтаи худаш, «дигар сабри нишастан дар хона надорад.» Аммо на ҳамаи сафарҳояш роҳату осон будаанд. Зимни сафари соли 2013 гурӯҳе аз Толибон ӯро боздошт карда буданд, аммо пас аз он ки ҳадафашро фаҳмиданд, ӯро раҳо карданд. Худи Раҷабов мегӯяд, силоҳабадастон ӯ дархост карданд, ки ҳангоми зиёрати хонаи Худо дар ҳақашон дуо кунад.

Зимни сафари соли 2013 гурӯҳе аз Толибон ӯро боздошт карда буданд, аммо пас аз он ки ҳадафашро фаҳмиданд, ӯро раҳо карданд. Худи Раҷабов мегӯяд, силоҳабадастон ӯ дархост карданд, ки ҳангоми зиёрати хонаи Худо дар ҳақашон дуо кунад.

Дар ҳоле, ки аз чанги Толибон раҳо мешавад, ӯро дар посгоҳе низомиёни НАТО манъ ва ҳудуди чаҳор соат то пайдо шудани тарҷумон боздошт мекунанд. Аммо пас аз омадани тарҷумон бо ифодаи «Good bye» ӯро раҳо мекунанд. Дар Эрон раҳбари Кумитаи олимпии ин кишвар ба қавли худаш, ба яке аз дӯстони наздикаш табдил ёфтааст, ки дар ҳар сафар ҳатман ӯро ҳам зиёрат мекунад.

Ҳама чиз аз варзиш шурӯъ шуд

Ҳоҷӣ Абдулазиз Раҷабов зиёда аз 40 сол дар яке аз мактабҳои ноҳияи Ҳамадонӣ ба ҳайси омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ кор кардааст. Ӯ мегӯяд, ҳадаф аз сафарҳои пиёдааш, ки то имрӯз тӯлаш аз марзи 30 ҳазор километр гузаштааст, зиёрати маконҳои таърихии исломӣ ва ҳам муаррифии Тоҷикистон аст. Вай бори аввал аз Русия ба Макка сафар кард ва то ҷашни 2700-солагии шаҳри Кӯлоб дар соли 2006, ба Тоҷикистон баргашт.

Дар сафари дуввуми Ҳаҷ онҳо ҳашт нафар буданд, аммо ба сабабҳои мухталиф шаш нафари онҳо ин сафарро то охир пойи пиёда анҷом дода натавонистанд ва танҳо ду нафар то ба охир рафтанд. Дар сафари дуввум то Шри-Ланка ҳам ӯро аз ҳамроҳони зиёд танҳо як нафар ҳамроҳӣ карда тавонист. Далели аз сафарҳои пиёда хаста нашуданашро Ҳоҷӣ Абдулазиз Раҷабов дар солҳои тӯлонӣ ба варзиш машғул шуданаш мебинад.

XS
SM
MD
LG