Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Маро бубахш..." Номаи пеш аз марги Замира дар Туркия


Шаҳри Истанбул
Шаҳри Истанбул

Мақомоти Тоҷикистон ҳодисаи худкушии Замира Аминова, зани 21-сола ва обистани тоҷикро дар Бурсаи Туркия тасдиқ карданд. Ин ҳодиса рӯзи 1-уми сентябр иттифоқ афтодааст. Ба қавли дипломатҳои тоҷик дар Туркия, худкушии Замираро муфаттишону санҷиши додгоҳӣ-тиббии мақомоти дахлдори ин кишвар тасдиқ кардаанд.

Илҳомҷон Абдураҳмонов, консули генералии Тоҷикистон дар Истанбул, рӯзи 12-уми сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, санҷиши сохторҳои тафтишотии Туркия ва ҳам сӯҳбат бо ҳамсари Замира Аминова собит кард, ки ин зан аз афсурдагии шадид ба ин ҳол расидааст. Баъди таҳияи шаҳодатномаи марги зан дар консулгарии Тоҷикистон дар Истанбул, ҷасади ӯ рӯзи 4-уми сентябр бо ҳавопаймои ширкати «Сомон-Эйр» ройгон ба Тоҷикистон интиқол дода шудааст.

Ҳамсари Замира - Фатҳуллои Абдусалом дар як корхонаи пардадӯзии шаҳри Бурса кор мекард ва ҳамсараш хонанишин буд...

Матбуоти Туркия навишт, ки ҷасади ҷавонзани ҳомиладор дар манзили зисташ дар шаҳри Бурса аз ҷониби шавҳараш ошкор шудааст. Ҳамсари Замира – Фатҳуллои Абдусалом ба тафтишот ва мақомоти тоҷик гуфтааст, шаби 1-уми сентябр ҳамсараш як дафъа ба балкон (айвон) баромада бисёр ошуфтаҳол менамуд. Баъдан бо хоҳиши шавҳараш ба рахти хоб баргашт, вале субҳ дар ошхонаи он манзил ҷасади ӯ пайдо шуд. Тафтишот гуфтааст, ки Замира бо рӯймоли сараш худро ба лӯлаи газ ба дор овехтааст.

Баъди таҳқиқи ҳодиса вабозпурсии Фатҳуллои Абдусалом, тафтишот ба хулосае омадааст, ки ин ҷавонзани тоҷик аз афсурдагиву ҳолати бади рӯҳӣ даст ба ин кор задааст. Дар номаи пеш аз маргаш ба номи шавҳар низ Замира аз ӯ узр хостааст. Ҳоло ин нома ба парвандаи марги Замира илова шудааст.

Акси паспортии Замира Аминоваро матбуоти туркӣ, аз ҷумла http://olumhaberi.com/ нашр кард
Акси паспортии Замира Аминоваро матбуоти туркӣ, аз ҷумла http://olumhaberi.com/ нашр кард

Хулосаи расмии тафтишот ин аст, ки зани 21-сола баъди бори аввал фарзанддор шудан, дар якмоҳагӣ ин тифлро аз даст додааст. Фарзанди аввали Замира оғози ҳамин сол даргузашт ва ин ҳодиса дар зеҳни модар осеби хеле ҷиддӣ гузошт. Ҳатто баъди ҳомиладории дуюм ҳам фоҷиаи фарзанди аввал аз зеҳни ӯ дур нашуда ва ба нақли ҳамсараш, Замира ҳамеша ёди фарзанди аздастрафтаашро ба забон оварда аз он фоҷиа ёдоварӣ мекард.

Ба ҳангоми фоҷиа, Замира панҷмоҳа обистан буд. Худи оила ба Бурса чор моҳ пеш аз шаҳри Истанбул кӯчида, қабл аз ин дар Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳам як муддат зиндагӣ кардааст.

"Фарзияи ҳолати бади иҷтимоӣ ё шароити сангини зиндагии ин хонавода тасдиқи худро наёфт", - мегӯянд дипломатҳои тоҷик дар Туркия. Ҳамсари Замира - Фатҳуллои Абдусалом дар як корхонаи пардадӯзии шаҳри Бурса кор мекард, ҳамсараш хонанишин буд ва вазъи пуливу маишиашон миёнаҳол буд. Илҳомҷон Абдураҳмонов мегӯяд, ки тафтишот ба хулосае омад, ки афсурдагии рӯҳии ин ҷавонзан ва стрессе, ки дар натиҷаи аз даст додани нахустфарзанд гирифтааст, ба равони ӯ таъсири амиқ гузошт ва ҳатто дар фурсати омодагӣ ба таваллуди фарзанди дуюм ҳам аз зеҳри ӯ дур нашуд.

Дипломатҳои тоҷик дар Туркия таъкид мекунанд, ки фоҷеаи ин хонавода як ҳолати беназир аст ва дар гузашта ҳодисаҳои монанди даст ба худкушӣ задани занҳои тоҷик дар Туркия ба қайд гирифта нашудааст.

Туркия, ки бо Тоҷикистон равобити бидуни раводид барпо кардааст, яке аз маконҳои маъруфи сафар ва кори шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бахши умдаи мусофирони тоҷикро соҳибкороне ташкил медиҳанд, ки бо ҳадафи хариди мол ба корхонаву бозорҳои Истамбул мераванд.

Дар миёни шаҳрвандони Тоҷикистон онҳое ҳам кам нестанд, ки дар дохили Туркия дар бахши тиҷорату сайёҳӣ ё риштаи сохтмон кор мекунанд ва ин кишвари ғолибан мусулмониро барои зиндагиву маишати худ муносибтар назар ба Русия арзёбӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG