Бино ба иттилои манобеъи амниятӣ, ин афрод бо худ тазкира (шиноснома)–и афғонӣ доштаанд. Манбаи Озодӣ афзуд, онҳо шиносномаҳояшонро аз вилояти Бағлони Афғонистон гирифта, номҳои худро ҳам тағйир додаанд, то дар ҳолати кушта шудан шинохта нашаванд.
Чанд рӯзи қабл Урдуи миллии Афғонистон дар дараи Вардучи Бадахшон амалиёти густардаи зидди Толибон ва ҳамтоҳои онҳо аз Ал-Қоидаву Ҳаракати исломии Ӯзбакистон ва Ҷамоати Ансоруллоҳро ба анҷом расид. Мақомоти Афғонистон хабар доданд, ки дар ин амалиёт 44 ҷангӣ кушта шудаанд ва дар миёни онҳо атбои хориҷӣ низ ҳастанд. Шахсияти кушташудаҳо мушаххас нашудааст.
Ин дуввумин амалиёти бузурги нерӯҳои амниятии Афғонистон дар дараи Вардуҷ тайи соли равон аст. Амалиёти аввал, ки моҳи март ба апрел пиёда шуд, 16 корманди пулис ва 100 ҷангиро кушта ба ҷо гузошта буд.
Дар ин миён чор шаҳрванди Тоҷикистон низ дар Бадахшон дастгир шуданд, ки се нафар узви Ҷамоати Ансоруллоҳ ва як нафари дигар узви Ҳаракати Исломии Узбакистон будаанд. Як узви Ҷамоати Ансоруллоҳ, ки Миралӣ Охунов, сокини ноҳияи Турсунзода муаррифӣ шуд, замоне ба дасти нерӯҳои амниятӣ афтод, ки мехост, алайҳи волии вилоят ва раиси амнияти Бадахшон амали террористӣ анҷом диҳад. Вазорати дифоъи Тоҷикистон қаблан эълом дошта буд, ки барои идораи вазъ нерӯҳояшро афзоиш додааст.
Аммо Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Раёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 20 сентябр иттилоъ дар бораи вуруди ҷангиён аз хоки Тоҷикистон ба Афғонистонро такзиб кард. Вай гуфт, марзҳои Тоҷикистон ҷиддан назорат мешаванд ва убури ҷангиён имконнопазир аст. Ҷаноби Раҳматуллоев афзуд, агар ҷангиёни тоҷик дар дараи Вардуч ҳузур дошта бошанд, яқинан аз ягон кишвари дигар омадаанд ва ё дар худи Афғонистон иқомат мекунанд, бахусус ки онҳо шиносномаи он кишварро дошта бошанд.
Аввалин хабарҳо дар бораи таҷаммӯъи ҷангҷӯёни Толиб ва дигар созмонҳои террористӣ дар дараи Вардуҷ тобистони соли 2012 пахш шуда буд. Бино ба ин хабарҳо, дар ин дараи душворгузари Бадахшони Афғонистон ҳудуди 400 ҷангӣ ҷамъ омадаанд ва аз ҷониби Покистон пуштибонӣ мебинанд.
Кишварҳои ИДМ, бахусус Осиёи Марказӣ аз ташдиди вазъи амниятӣ пас аз хуруҷи нерӯҳои байнулмилал дар соли 2014 аз Афғонистон нигарон ҳастанд. Онҳо вуруди ҷангиёни исломӣ ба марзҳои ҷанубии иттиҳод баъид намедонанд.