Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавонони афғон: "Дар сахттарин шароит ҳам мешавад таҳсил кард"


Бисёре аз ҷавонон шиква мекунанд, ки вазъи бади молиявӣ монеаи таҳсилу муваффақияти онҳо дар зиндагӣ мешавад, аммо фарзандони паноҳандагони афғон нишон медиҳанд, ки дар бадтарин шароит ҳам мешавад, комёб гашт.

Латифаи Абдулманнон фарзанди як хонаводаи паноҳандаи афғон аст. Вай бо 3 бародару хоҳар ва модараш дар шаҳри Ваҳдат зиндагӣ мекунад. Вазъи бади зиндагӣ ӯро водор намуд, бо тамоми нерӯ ва иродааш таҳсил кунад ва баъд аз хатми мактаб омӯзгори хатти форсӣ ва забони англисӣ шавад.

Таҳсил барои ҷавонони афғон дар Тоҷикистон шартномавист, аммо Латифа бо донишу талошҳои худ нишон дод, ки арзандаи чунин таҳсил аст ва Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон барояш имкон дод, ба бахши буҷавии Донишгоҳи омӯзгории Душанбе шомил гардад. Латифа имсол донишгоҳро хатм мекунад ва феълан таъмингари аслии хонаводаи худ аст. “3 бародарам ихтисос надоранд, баъди хатми мактаб ба далели молӣ натавонистанд таҳсилоти худро дар донишгоҳ идома диҳанд. Ҳамзамон дар курсҳои забони англисӣ кор мекунем ва ҳамин тавр чанд ҷой кор карда, ба модарам кумак менамоям,” – гуфт ӯ.

Мисли Латифа имрӯз дар донишгоҳҳои кишвар қариб 20 ҷавони афғон, ки дар солҳои гуногун бо хонаводаҳояшон дар Тоҷикистон паноҳанда шудаанд, таҳсил мекунанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки шумори умумии ҷавонони афғон дар кишвар имрӯз наздики якуним ҳазор шумурда мешавад. Бештар аз 500 нафари онҳо дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон ва қисме ҳам дар мактаби махсуси афғонҳои Тоҷикистон мавсум ба "Сомониён" мехонанд. Аммо аксари ин ҷавонон мегӯянд, баъд аз хатми мактаб имкони идомаи таҳсилро надоранд. Чун вазъи молиашон хуб нест ва ғолибан ба мардикорӣ ва майдафурӯшӣ машғул мешаванд.

Аксари паноҳандагони афғон мехоҳанд тавассути Тоҷикистон ба Ғарб ҳиҷрат кунанд.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:55 0:00

Зубайр Мансурӣ, ки ҳамроҳ бо хонаводааш аз соли 2007 дар Тоҷикистон ба сар мебарад, мегӯяд, солҳои аввали муҳоҷират ӯ бо рангубори мошинҳо ба хонаводааш кумак мекард. Ҳоло, ки забони англисиро хуб медонад, кораш каме осон шудааст ва зиндагиашро аз пушти таълими ин забон ба кӯдакон пеш мебарад. Ӯ гуфт, “соле, ки ба Тоҷикистон омадем, хеле мехостам, дар донишгоҳ таҳсил кунам, аммо зиндагӣ мушкил буд. Мушкилоти аслии муҳоҷирони ин ҷо кор аст. Ман ва ду бародарам ҳоло ягон ихтисосе надорем, онҳо ба корҳои мухталиф дар бозор машғуланд ва ман ҳам машғулиятҳои дигаре дорам.”

На танҳо ҷавонон, балки атфолу наврасони муҳоҷирони афғон, ки шумори зиёдашон дар шаҳри Ваҳдат ба сар мебаранд, мисли бархе аз кӯдакони тоҷик маҷбуранд, барои пешбурди аробаи зиндагӣ бармаҳал вориди бозори кор шаванд.

Иноятуллоҳ, фарзанди панҷуми як хонаводаест, ки ду соли пеш аз Афғонистон ба Тоҷикистон омадаанд. Барои таҳсил ӯ ҳар рӯз бояд аз Ваҳдат ба Душанбе биёяд, чун мактаби махсуси афғонҳо инҷост. Барои роҳкирои худ Иноятуллоҳ дар соатҳои баъди дарс ҳамроҳ бо бародаронаш мардикорӣ мекунад.

“Албатта Тоҷикистон амн аст, ҳарчанд милисаҳо ғам медиҳанд каме, аммо ба ҳар ҳол хушҳолем, чун хатаре нест. Дар мактаби Ваҳдат хондем чанд моҳ, аммо хатти кириллиро, ки намедонистем, мушкил буд бароямон ва ба мактаби афғонҳо омадам,” – афзуд ҳамсӯҳбати мо.

Бо Иноятулло ва Зубайру Латифа мо дар чорабиние бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии паноҳандагон дар Душанбе шинос шудем. Дар ин маросим, ки аз ҷониби лоиҳи кумак ба паноҳандагони Созмони Милал ва Созмони ҷамъиятии кӯдакон, муҳоҷирон ва афроди ниёзманд баргузор шуда буд, ҷавонону паноҳандагони афғон наққошӣ ва корҳои дастии худро ба намоиш гузоштанд.

Аксар ҷавонони афғон бо таваҷҷӯҳ ба зиндагӣ ва мушкилоти худ дар Тоҷикистон мегӯянд, орзуи интиқол шудан ба кишвари сеюмро доранд. Аммо Мӯсо, рассоми навраси афғон, мегӯяд аз зиндагиаш дар Тоҷикистон розӣ аст. Падараш ҳам рассом аст ва бо фурӯши наққошиҳои худ, ки аслан паёми дустӣ ва сулҳ доранд, Мӯсо ва 4 фарзанди дигари худро соҳиби дониш ва таъмин мекунад.

XS
SM
MD
LG