Баҳсҳои хуб будани бонк ё саррофиҳо ба дарди Бобохон Раҳимов давое намебахшад. Барои ӯ муҳим пайдо кардани ҷои кор аст, то рӯзгори хонаводаи иборат аз 8 фарзандашро бичархонад. Ӯро тасмимҳои парлумон барои тағйири қонун дар мавриди шадидтар кардани ҷазо барои мубодилаи асъор нигарон кардааст.
Арзиши роҳкиро дар нақлиёти мусофирбари шаҳри Душанбе имкон дорад 25 дарсад боло равад.
Бо ишора ба сайтбандиҳо ва маҳдуд намудани дастрасӣ ба сомонаҳо, коршиносон мегӯянд, то замоне ки мақомот дарк накунанд, фазои иттиллотии Тоҷикистон моли ин кишвар аст, ин соҳа рушд нахоҳад кард.
Маҳдудсозии шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон, натиҷаи баръакс додааст. Ҳоло аксари сокинон истифодаи барномаҳои садшиканро омӯхта, бидуни мушкил аз шабакаҳои масдудшуда истифода мекунанд.
Дар Душанбе имсол ғайримуқаррарӣ селаи зоғонро шомгоҳон мушоҳида кардан мумкин аст, ки дар маркази пойтахт села села ҷамъ мешаванд. Видеои мазкур бидуни шарҳ аст
Раисони кумитаи андоз, оҷонсии зиддифасод, амнияти миллӣ, идораи зиндонҳо, вазорати маориф ва бахши варзиш дар сурати ба ришвахорӣ даст задани зердастонашон низ ба ҷавобгарӣ кашонда хоҳанд шуд.
Шаш соҳибкори тоҷик Кумитаи андози Тоҷикистонро ба додгоҳ кашидаанд. Дар ду ҳолат додгоҳ даъвои соҳибкоронро қисман ҳал карда, як шикояти дигарро рад намудааст.
Се вакили дифоъ аз Русия ва Туркия мегӯянд, ки барои суҳбат бо аъзои боздоштшудаи ҳизби мамнӯъи наҳзати исломӣ ба Душанбе омадаанд.
Илфат Маҳмудов, ғаввоси ботаҷрибаи тоҷик мегӯяд, ки асосан онҳоро барои берун овардани ҷасадҳо аз қаъри дарё даъват мекунанд.
Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон мақомоти интизомии кишварро ба "камбудӣ" айбдор кард ва гуфт, ки онҳо натавонистанд аз ошӯби генерал Абдуҳалим Назарзода ҷилавгирӣ кунанд.
Зилзиланигорони тоҷик мехоҳанд бо кумаки фаннии Амрико тавонмандиҳои Тоҷикистон барои пешгӯиву сабти дақиқтари заминларзаҳоро болотар баранд.
Кумитаи дин ва танзими расму анъанаҳои ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, дар курсҳои кӯтоҳмуддати худ ба имомхатибон тағйирот ворид кардааст ва ин бор курсҳои худро бо ҷалби гурӯҳи иборат аз равоншиносон, сиёсатшиносон, диншиносон дар худи шаҳру навоҳӣ давра ба давра анҷом хоҳад дод.
Бар асоси иловаҳое, ки рӯзи 13 январ ба Кодекси оила ворид гардид, аз ин пас фарзандони амаку тағо ва холаву амма ҳаққи бо якдигар издивоҷ карданро надоранд.
Вазири маориф ва илми Тоҷикистон гуфт, дар ин кишвар ҷашнгирии Соли нави милодӣ мамнӯъ нашудааст, балки танҳо буридани арча ва "исрофкорӣ" дар ин ҷашнро манъ кардаанд.
Баъди ҳамагӣ чанд рӯз аз нав маҳдуд шудани дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоии Интернет дар Тоҷикистон суолҳои зиёде халқ кардааст, ки оё ин "дарвозабон" кист, ки дари Интернетро мекушояду мебандад?
Таҷовуз ба номус яке аз шаш тасаввури ғалати ҷинсӣ ё стереотип дар Тоҷикистон аст, ки ба ҷойи пуштибонӣ аз ҷабрдида, баръакс, ӯро бадному гунаҳкор мекунад.
Нилуфар Саъдуллоева, ҷавонзани 18 солаи тоҷик, ки моҳи августи соли гузашта ба шавҳар баромад, танҳо 40 рӯз таҳқир, хушунат ва ташвиқи шавҳараш ба бадахлоқиро таҳаммул кард.
Тоҷикистон ба низоми нави пардохти нафақа омода мешавад, ки бар асоси он бознишастагон ҳар чӣ қадар бештар маош гирифта ва андоз супурда бошанд, ҳамон андоза нафақаи зиёдтар мегиранд.
Рӯзи 31 декабр кӯчаҳои Душанбе фазои идонаи солинавӣ дорад. Сокинони пойтахти Тоҷикистон мегӯянд, умедвори як соли пурфайзу пурбаракатанд ва муҳимтар аз ҳама, як соли орому осударо мехоҳанд
Яке аз вакилони порлумони Тоҷикистон бо пешниҳоди тарҳи қонуне хостааст, имтиёзҳои онҳое, ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ барои барои барқарор кардани ҳукумат ҷангидаанд, бештар карда шавад.
Ёфтҳои бештар