Озори ҷинсӣ, латту кӯб ва таҷовуз ба номус аз навъҳои маъмулии хушунат нисбат ба занони тоҷик будааст, ки дар ҳолати ошкор шудани онҳо ҷомеаи суннатии Тоҷикистон на хушунаткор, балки ҷабрдидаро гунаҳкор медонад.
Маркази назарсанҷии Z-Analytics дар Душанбе ба таҳқиқи чунин тасаввурҳои ғалат пардохта, то кунун шаш стереотипро ошкор кардааст.
Нилуфар, ҷавонзани 18-солаи тоҷик, ки моҳи августи соли гузашта ба шавҳар баромад, танҳо чил рӯз таҳқир, хушунат ва ташвиқи шавҳараш ва бадахлоқиро таҳаммул кард. Ӯ гуфт, ки "аз рӯзи аввали арӯсиям хушдоман ва хоҳарони шавҳарам дар назди ҳамсояҳо ва пайвандонашон "сағираи камбағал" гуфта ном мебурданд. Ба болои ин шавҳарам маҷбур мекард, амалҳои бадахлоқонаро барояш иҷро намоям. Ҳатто ба занҳои дигар занг зада ва маро маҷбур мекард, ки сӯҳбатҳои маҳрамонаи онҳоро гӯш кунам."
Нилуфар мегӯяд, наздиконаш ӯро ба сабр даъват мекарданд ва мегуфтанд, ки ҳодисаҳои ба сараш омадаро ба касе нагӯяд. Аммо замоне ки косаи сабри ин ҷавонзан лабрез шуд ва қасди худкушӣ кард, пайвандон барои ошкор намудани "розҳои ниҳон" дар додгоҳ розӣ шуданд.
Пинҳон кардани хушунату озори ҷинсӣ яке аз шаш тасаввури ғалат ва ё стериотиипи гендерӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон нисбат ба занон будааст, ки ба қавли маркази Z-Analytics ба ҷойи дастгирӣ онҳоро муттаҳам мекунад. "Зан барои ҳифзи оила бояд хушунатро таҳаммул кунад" яке аз дигар тасаввурҳои шахшуда будааст, ки 10 сол боз Парвинаро ба тоқат кардани латту кӯби шавҳар водор мекунад. "Шавҳарам рӯзи дароз дар хона хоб аст. Маҷбур барои таъмини рӯзгор кор мекунам, вале вақте ба хона бармегардам, ӯ маро зери мушту лагад мегирад," -- гуфт ӯ
Ба нақли ин ҷавонзан, ҳарчанд "ҷонаш ба лаб расидааст", аммо чораи дигар надорад: "Бояд ба хотири он ки оилаам барбод наравад, тоқат кунам. Зеро дар ҳама ҳолат зане, ки шавҳар дорад, соҳиби обрӯ аст."
Масъулони марказҳои ҳуқуқи инсон мегӯянд, ки дар Тоҷикистон ҳар дуюмин муноқишаи хонаводагӣ бо латту кӯби зан анҷом меёбад ва танҳо дар 10 дарсади чунин мавридҳо, қурбониҳо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат мекунанд. Сафарбегими 25-сола, як соли пеш қариб буд мавриди таҷовуз қарор гирад. Аммо муқовимати ӯ таваҷҷӯҳи атрофиёнро ҷалб кард ва ӯро аз бадномӣ наҷот дод.
"Соат 9-и субҳ буд ва ман ба кор дар мактаб дер мекардам. Дар таксии рақами 17 нишастам. Вақте каме роҳ рафтем, таксирон дарҳои мошинро қулф заду хост ба тангкӯчае мошинро биронад. Зуд чанбари мошинро тоб додам. Мобайни мо муқовимат шурӯъ шуд. Мошин сиёҳшиша буд, аз ин хотир чи қуввае доштам сигнали мошинро зер кардам. Ӯ чун дид, раҳгузаре ба мошин наздик шуд, маро ба замин ҳаво дод ва босуръат мошинро ронд," -- ёд меорад Сафарбегим.
Сафарбегим ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намуд, аммо ҳамлагарро пайдо накарданд. Болои сӯхта намакоб ҳарфҳоеро низ шунид, ки гӯиё худи ӯ таҳрикдиҳандаи ин амал будааст.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон бар инанд, ки занони тоҷик дар миёни қишри заъфпазири ҷомеа қарор доранд ва теъдоди зиёди онҳо ҳамарӯза аз ноогоҳӣ аз ҳуқуқи хеш ва мушкилоти бешумор азият мекашанд. Зоҳиран талоши ҳукумат ва созмонҳои кор бо занон барои таъмини баробарҳуқуқии марду зан дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон ва тасвиби чандин барномаҳо дар ин самт низ то ҳанӯз натавонистааст, андешаҳои шахшуда ва ё стереотипи гендерӣ нисбат ба занонро тағйир диҳад.
Соҳибназарони тоҷик сарчашмаҳои пайдоиши стериотипҳои гендериро бештар ба арзишҳои динӣ ва боварҳову расму русуми миллӣ рабт медиҳанд. Ба назари онҳо, дин марди хонаро султони хонавода ва занро мутеи он медонанд. Гулафшон Соқиева, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, "чунин стереотипҳо аз гузаштагони мо ба мерос мондааст. Вақте падар нисбат ба модар чунин рафторро раво мебинад, писар ҳам беихтиёр чунин амалро дар баробари ҳамсари худ истифода мебарад."
Бар пояи пажӯҳиши саросарии тиббиву демографии Кумитаи омори Тоҷикистон 19 дарсади занону духтарони аз 15 то 49-солаи тоҷик озори ҷисмонӣ дидаанд ва 4 дарсади онҳо иқрор шудаанд, ки ҳадди ақалл як бор мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор гирифтанд. Танҳо аз панҷ як нафар зан барои хатми хушунат бар сараш талош кардааст.
Айни видео дар Ютуб: