Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғонистон аз Тоҷикистон барқи бештар хостааст


Ширкати барқи Афғонистон аз Тоҷикистон дархост кардааст, ки ба далели ба дарозо кашидани тармими пояҳои барқи вайроншуда аз сӯи Толибон дар Бағлон, ба он кишвар барқи бештар содир намояд.

Мақомоти ширкати барқи "Брешно" мегӯянд, ки аз Тоҷикистон дархост кардаанд, то ҳаҷми барқи содиротии худ ба Афғонистонро бештар кунад.

Дар охирҳои моҳи гузашта дар ҷараёни даргириҳои шадид миёни гурӯҳи Толибон ва нерӯҳои амниятии Афғонистон дар вилояти Бағлон, як пояи хатти интиқоли нерӯи барқи баландшиддат тахриб шуда буд. Аз тариқи ин хатти баландшиддат нерӯи барқ аз Узбакистон ба Кобул мунтақил мешуд. Дар пайи тахриби он шаҳри Кобул - пойтахти Афғонистон ба камбуди нерӯи барқ рӯбарӯ шуд.

Як пояи хатти барқи Сангтӯда-1 - Пули Хумрӣ, ки барқи Тоҷикистон ба Афғонистонро интиқол медод, низ шоми сешанбеи 9 феврал дар вулусволии Данди Шаҳобуддини вилояти Бағлон таркондаанд, вале он ба зудӣ тармим шуд.

Ваҳидуллоҳ Тавҳидӣ, сухангӯи ширкати "Брешно" рӯзи 17-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҳоли ҳозир мушкилоти барқи Кобул рафъ шудааст, зеро онҳо аз Тоҷикистон 100 мегаватт барқ мегиранд. Сухангӯи ширкати барқи Афғонистон дар айни ҳол гуфтааст, ки рӯзи гузашта ба Тоҷикистон паёми катбӣ фиристода ва тақозо кардаанд, ки ин миқдор ба 150 то 180 мегаватт боло бурда шавад.

Ба гуфтаи оқои Тавҳидӣ, сӯҳбатҳо дар ин маврид идома дорад ва умедвор ҳастанд, ки агар дар яке аз ин роҳҳо монеа эҷод шуд, аз роҳи дигар битавонанд барқи бештар ба даст биёваранд. Оқои Тавҳидӣ ҳамчунин умедворӣ кардааст, ки ба зудӣ дар ин маврид посухи Тоҷикистонро ба даст биёранд.

Дар вазорати энергетика ва захираҳои обии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки то ба ҳол чунин дархосте аз ҷониби Афғонистон ба ин вазоратхона нарасидааст. Ба гуфтаи як манбаъ дар ин вазорат, чунин дархостҳо аз тариқи вазорати умури хориҷӣ дарёф шуда ва сипас ба ҳукумат ирсол мешаванд.

Аз чаҳор рӯз ба ин тараф нерӯҳои амниятии афғон барои контроли минтақаи Данди Шаҳобуддин дар вилояти Бағлон -- ҷое, ки пояҳои барқи содиротӣ аз Узбакистон ба Кобул тахриб шуда буд, меҷанганд. Ҳарчанд кормандони ширкати "Брешно" ба наздикии ин пояҳо расидаанд, аммо Толибон бо истифода аз силоҳҳои сангин дар 300-метрии ин пояҳо, монеи кори онҳо мешаванд.

То ба ҳол маълум нест, ки дар атрофи пояҳои барқи вайроншуда амалиёт то кай идома мекунад, вале масъулони ширкати "Брешно" ваъда додаанд, ки бо расидан ба минтақа дар зарфи ҳашт то 9 соат хатҳои барқ бо Кобул пайваст хоҳад шуд ва пояҳои тахрибшуда давоми 2-3 рӯзи дигар тармим мешаванд. Аз пояи барқе, ки ҳоло дар минтақаи Данди Шаҳобуддин Бағлон вайрон шудааст, 250 мегаватт барқ аз Узбакистон ба Кобул интиқол дода мешавад.

Тақозои Афғонистон аз Тоҷикистон барои афзоиши интиқоли барқ ба он кишвар дар ҳоле садо медиҳанд, ки расман аз 1 октябри соли равон дар Тоҷикистон интиқоли барқ ҷорӣ шудааст. Мардуми минтақаҳои рустоии Тоҷикистон аз солҳо ба ин тараф дар фасли зимистон аз бебарқӣ ранҷ мебаранд.

XS
SM
MD
LG