Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёвари президент: Даъвои Шарофзода қобили қабул нест (ВИДЕО)


Содиқҷон Шоназаров, ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон дар масоили ҳуқуқӣ даъвои Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳотро барои ҷаримабандӣ кардани журналистон қобили қабул надонист.

Ҷаноби Шоназаров рӯзи чоршанбеи 3 август зимни нишасти хабарии Маркази миллии қонунгузорӣ дар иртибот ба даъвои Гавҳар Шарофзода барои ҷаримабандии журналистоне, ки меъёрҳои забони тоҷикиро риоя намекунанд, гуфт: “Ҷаримабандӣ кардан барои як калима тамоман қобили қабул нест”. Шоназаров гуфт: “Мо қонуни забон дорем ва барои риоя накардани меъёри забони тоҷикӣ муҷозот муқаррар шудааст. Аммо барои як калима ин амр (ҷаримабандии журналистон) қобили қабул нест”.

Ёвари президент дар бораи ҷаримаи журналистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:08 0:00

Ёрдамчии раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди вожаи “ҳаводис”, ки Гавҳар Шарофзода дар нишасти рӯзи 1 август онро хилоф бо меъёрҳои забони тоҷикӣ гуфта буд, гуфт, “ҷаримабандӣ барои ин вожа низ дуруст нест. Дар ҳоле, ки вожаи “ҳаводис” ҳазорсолаҳо боз дар забони мо истифода мешавад.

Ин дар ҳоле, ки Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон рӯзи душанбеи 1 август зимни нишасти хабарияш аз журналистон даъват кардааст, ки меъёри забони давлатиро риоя кунанд, вагарна ҷарима хоҳанд шуд.

Гавҳар Шарофзода
Гавҳар Шарофзода

Хонум Шарофзода гуфт, ки ахиран бо раҳбарияти Кумитаи радио ва телевизион, Оҷонсии иттилоотии “Ховар” ва дигар расонаҳо мулоқоте созмон дода мавзӯи риояи меъёри забони давлатии тоҷикӣ аз ҷониби журналистонро мавриди баҳсу баррасӣ қарор додааст.

Хонум Шарофзода дар ин нишаст аз он изҳори таассуф кард, ки “журналистон бештари вақт калимаҳои ноошноро истифода мекунанд. Ҳатто дар матлабҳои худ журналистон то 10 ва он зиёд чунин калимаҳоро истифода мекунанд, ки барои шунавандаву бинанда нофаҳмоанд. Бубинеш, вожаи “ҳаводис” ё “инфиҷор”.. Ман намедонам инҳоро аз куҷо пайдо мекуунанд. Ба ин васила меъёри забони тоҷикро дағалона вайрон мекунанд”.

Шарофзода гуфт, аз ҳисоби масъулони Кумитаи забон ва истилоҳоти ҳукумати Тоҷикистон гурӯҳи вижа созмон дода шуда ва ҳар барномаи радиоӣ ва телевизионӣ шунида ва дида мешавад ва матбуот мутолиа мегардад. Ба иттилои ин масъулон, ҳаҷми ҷарима аз 15 то 20 нишондиҳанда (ҳар нишондиҳанда баробар аст ба 40 сомонӣ) ва барои шахсони ҳуқуқӣ он ба 30 то 40 нишондиҳанда (баробар ба 1, 8 ҳазор сомонӣ) аст.

Маҳмад Раҳимзода
Маҳмад Раҳимзода

Дар ҳамин ҳол Маҳмад Раҳимзода, раиси Маркази миллии қонунгузории Тоҷикистон дар нишасти хабарии рӯзи 3 август ба таҳияи Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ, ба ҷоришавии муқаррароти номгузорӣ ҳам мухолифат кард. Вай гуфт, дар ҳоле Тоҷикистон беш аз 8 миллион аҳолӣ дорад, 3,5 ҳазор ном кам аст. Бинобар ин раиси Маркази миллии қонунгузорӣ ба ин назар аст, ки "бояд Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ дар сатҳи оммавӣ ба баррасӣ гирифта шавад ва тамоми қишрҳои ҷомеа. Аз ҷумла журналистон низ назару андешаҳои худашонро нисбати ин санад баён кунанд".

Мавзӯи ҷаримабандии журналистон барои нақзи меъёрҳои забони тоҷикӣ дар ду рӯзи гузашта баҳсҳои зиёдро дар матбуоти мустақил ва ҳам шабакаҳои иҷтимоӣ эҷод кард. Аксари журналистон таҳдиди раиси Кумитаи забонро як василаи дигари фишор болои матбуот ва озодии баён арзёбӣ карда, мунаққидони дигар гуфтанд, ки дар корбарии забони тоҷикӣ на танҳо матбуот, балки бештар аз ҳама мақомот ва шахсони масъул ба иштибоҳ роҳ медиҳанд.

Нашри "Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ" барои номгузории фарзандонро ҳам, ки дар САҲШ - идораҳои ақди никоҳ ва сабти асноди шаҳрвандии сокинон ҳамчун санади ҳатмии номгузорӣ истифода мешавад, бисёриҳо ба баҳс кашиданд. Дар ин феҳраст, ба қавли масъулин, исмҳои китобӣ ва миллии тоҷикӣ нашр шуда, аз, ба истилоҳ, исмҳои бегона ба фарҳанги тоҷикӣ худдорӣ шудааст. Ин тасмимро ҳам бархе ҳамчун хилофи озодии интихоб дар номгузории фарзанд мавриди интиқод қарор доданд.

Ҳамингуна соли 2014 ҳам корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ тақозои Гавҳар Шарофзода дар бораи худдорӣ аз истифодаи калимаи иқтибосии «pizza»-ро ба баҳс кашиданд, ки мегуфт, аз рӯи меъёри забони тоҷикӣ ин калима бояд ба шакли «питзо» ба кор бурда шавад. Хонум Шарофзода дар ҳама мулоқоташ бо рӯзноманигорон таъкид мекунад, ки меъёри забони тоҷикӣ бояд дар ҳама сатҳ - аз овезаву таблиғоти хиёбонӣ, то саҳифаҳои матбуот риоя шавад.

XS
SM
MD
LG