Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон падари Алимурод Махановро, ки дар Боздоштгоҳи КДАМ нигоҳдорӣ шуда ва айбдоркунандаи давлатӣ алайҳи вай 24 соли ҷазо талаб кардааст, ҳафтаи гузашта даъват намуда, номаи мақомоти умури дохилаи вилояти Хабаровскро дар мавриди боздошти фарзандаш Маҳмадсолеҳ Маханов ва ду додарзодааш Абдукарим Сатторов ва Алишер Давлатов барои ҳамкорӣ бо Ҳаракати исломии Узбакистон, шарҳ додааст.
Боймирзо Маханов, падари Алимурод Маханов рӯзи 17-уми март ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки муфаттиши Кумитаи давлатии амнияти миллӣ рӯзи ҷумъаи гузашта ӯро даъват намуда, дар мавриди боздошти фарзанд ва додарзодаҳояш дархости Бахши умумри дохилаи вилояти Хабаровскро шарҳ додаанд: «Дар номаи мақомоти амниятии вилояти Хабаровск зикр шудааст, ки Маҳмадсолеҳ Маханов ва ду додарзодааш Абдукарим Сатторов ва Алишер Давлатов бо ҷурми ҳамкорӣ бо ҳаркати Исломии Узбакистон боздошт шудаанд ва аз Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дархости маълумот дар бораи аъмоли онҳо карда шудааст.»
Боймирзо Маханов мегӯяд, ки аз ин қабл модари Абдукарим Сатторов ва пештар аз вай модари Алишер Давлатовро ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон даъват намуда ва аз онҳо баёнот гирифтаанд. Аммо Дафтари матбуоти Кумитаи давлатии амнияти милии Тоҷикистон дар мавриди даъвати падари Алимурод Маханов ба ин ниҳод ва дар хусуси номаи мақомоти интизомии вилояти Хабаровск изҳори бехабарӣ намуда, онро такзиб ва ё таъйид накард.
Боймирзо Маханов мегӯяд, ки Маҳмадсолеҳ ҳеҷ гоҳе ба кадом гурӯҳ ё тавре мегӯянд, Ҳаркати исломии Узбакистон робита надошт ва фарзанди ӯ ва додарзодаҳояшро кадоме дар Русия ба ШКД Хабаровс ҳамчун «авлоди террорист» фурӯхтааст ва барои ҳамин милисаҳои Хабаровск онҳоро боздошт кардаанд. Вай афзуд, аз сарнавишти пайвандонаш, ки қариб ду моҳ дар боздоштгоҳи Хабаровск будаанд, хабаре надорад.
Боймирзо Маханов афзуд, ки Абдукарим Сатторов барои таҳсил ба Покистон рафта буд, аммо баъди тақозои ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди ба ватан баргаштани донишҷӯёне, ки дар макотиби мазҳабии кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, ба кишвар омад ва барои таъмини зиндагиаш ба Русия рафт: «Ман фарзандам Маҳмадсолеҳро маслиҳат додам, ки ба Русия равад, пул кор кунаду биёяд, хонадораш мекунем. Вай маъюб аст, як дасташ кор намекунад ва ҳеҷ вақт бо кадом гурӯҳе ба хусус бо ҲИУ робита надошта, акнун, ки писари ман Алимурод айбдор шудааст, бояд ҳамаи хешовандаони ман мутаам дониста шаванд?»
Ба қавли Боймирзо Маханов, Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон баёнотҳоро ба Раёсати корҳои дохилии вилояти Хабаровск, ки тайи тақрибан ду моҳ мешавад, ки Маҳмадсолеҳ Маханов ва ду додарзодааш Абдукарим Сатторов ва Алишер Давлатов дар боздошгоҳ ба сар мебаранд, ирсол хоҳад дошт. Волидони Маҳмадсолеҳ Маханов, Абдукарим Сатторов ва Алишер Давлатов мегӯяд, ки КДАМ таъкид кардааст, ки мунтазири посухи раёсати корҳои дохилии Хабаровск бошанд.
Алимурод Маханов, фарзанди дигари ин хонадон бо 5 моддаи Кодекси ҷиноӣ, «моддаи 179 бо «терроризм», бо моддаи 179 қисми 2-- «ҷалб кардани афрод ба гурӯҳи ҷиноӣ», моддаи 187 қисми 1» -- ташкили иттиҳоди ҷиноӣ», қисми 2-и ҳамин модда -- «бо маслиҳати пешакӣ ҷалби ашхос ба гурӯҳи муташакили ҷиноӣ ва бо моддаи 307 -- «созмон додани гурӯҳи экстремистӣ ва ширкат дар созмони террористӣ (ҳамкорӣ бо Ҳаракати исломии Узбакистон) айбдор дониста мешавад.
Мақомоти амниятии Тоҷикистон шоми 24-уми сентябри соли 2013 бо пахши як филми мустанади тақрибан 15-дақиқагӣ тавассути шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон аз боздошти гурӯҳи Маханов, ки ба гуфтаи ин мақомот, ба анҷоми “ҳамлаҳои террористӣ” дар Душанбе дар пешорӯи интихобот омодагӣ мегирифт, хабар дод. Алимурод Маханов ва шарикони ӯ дар ин барнома эътироф карданд, ки барои анҷоми чанд таркиш дар шаҳри Душанбе дар пешорӯи интихоботи президентии моҳи ноябр дастур гирифта буданд. Маханов гуфт, онҳо аз ҷумла мехостанд биноҳои вазорати умури дохила, кумитаи амният ва ... чанд дарвозаи воқеъ дар канорҳои пойтахти Тоҷикистонро битарконанд.