Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

AI: "Дар Тоҷикистон боздоштшудаҳо ҳамоно шиканҷа мешаванд"


Афви Байналмилал мегӯяд, ки афроди ба Тоҷикистон истирдодшуда мавриди шиканҷаву бадрафторӣ қарор мегиранд.

Amnesty International дар гузориши тозаи худ, ки рӯзи чаҳоршанбе, 3 июл нашр шуд, асосан рӯи қарордодҳои махфии мақомоти ҳифзи тартиботи кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия ва Украина оиди истирдод, бозгардони иҷборӣ, интиқоли ғайриқонунӣ ва шиканҷаи гумонбарон тамаркуз кардааст.

Ин гузориш “Бозгашт ба шиканҷа: истирдод, бозгардони маҷбурӣ ва интиқол ба Осиёи Марказӣ” номгузорӣ шудааст. Ҷон Далҳулсен, раиси барномаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар созмони Amnesty International мегӯяд, ки созмон “аз ҳамкории кишварҳои шӯравии собиқ дар бозгардони ғайриқонунии шаҳрвандон сахт нигарон аст, зеро ин афрод баъди истирдод бо хатари воқеии шиканҷа рӯ ба рӯ мешаванд”.


Гузориши Афви байналмилалӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:17 0:00
Линки мустақим


Дар гузориш гуфта шудааст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ дархости давлатҳои узви Ҷомеъаи муштаракулмонефеъ оиди боздошт ва истирдоди ин ё он гумонбарро ба осонӣ мепазиранд. Ба гуфтаи Ҷон Далҳулсен, бештари дархостҳо ба истирдоди гумонбарон дар ифротгароӣ, аз ҷумла, ифротгароии исломӣ ва узвият дар гурӯҳҳои мамнӯъ марбут аст. Ба гуфтаи ӯ, аз ҳама бештар дархостҳои боздошту истирдод аз сӯи Узбакистону Тоҷикистон ироа мешавад – мақомоти ин ду кишвар мехоҳанд, ки гумонбарони дар Русияву Қазоқистон панаҳёфтаро ба кишвар баргардонанд.

ШИКАНҶА ҲАМОНО ИДОМА ДОРАД

Авфи Байнулмилал дар гузориши наваш дар робита ба Тоҷкиистон ба далелҳои фаровони шиканҷа ва дигар навъҳои бадрафторӣ аз сӯи афсарон ва нозирони маҳбасҳо ба хотири дарёфти иқрори боздоштшудаҳо ишора кардааст, ки як сол пеш дар гузориши вижа ба думболи сафари гурӯҳи масъулини ин созмон ба ин кишвар оварда шудаанд. Гузоришгари вижаи СММ аз “фишор болои боздоштшудаҳо ба хотири дарёфти иқрори онҳо, таҳдид, латукӯб (бо мушту бо лагад ва бо асбобҳои вазнин), гоҳ-гоҳ истифода бурдани аз ноқилҳои барқ” ёдовар шуда гуфта буд, ки ин гуна бадрафторӣ пайваста рӯй медиҳад ва барои аз байн бурдану коҳиш додани он вақт ва талошҳои зиёд заруранд. Муаллифон навиштаанд, ки мавзӯи шиканҷа дар маҳбасу боздоштгоҳҳои Тоҷикистон моҳи ноябри соли гузашта дар Кумитаи оид ба шиканҷаи СММ ҳам баррасӣ шуд. Дар он нишаст гуфта шуд, ки латукӯби гумонбарон ба хотири иқрор кардани гуноҳашон соатҳои аввали бошдошт шуданашон дар идораи полис ва ҳамчунин то мурофиаи додгоҳӣ дар боздоштгоҳии Кумитаи амнияти давлатӣ ва Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккил сурат мегирад.

Муаллифон навиштаанд, ки баъд аз соли 2010, аз ҷумла, баъди ба Кодекси ҷиноӣ ворид кардани муҷозот барои шиканҷа сатҳи азобу азияти боздоштшудаҳо каме пойин рафт. Аммо ахиран Авфи байнулмилал далелҳои нави шиканҷа ва бадрафторӣ алайҳи кӯдакон, пиронсолон ва шоҳидон дар парвандаҳои ҷиноиро дастрас намуд. Ин ҳама баёнгари он аст, ки шиканҷа ба мушкили доимӣ дар Тоҷикистон табдил шудааст, навиштаанд муаллифон ва афзудаанд, “ҳарчанд, ки моҳи сентябри соли 2012 як корманди полисро барои шиканҷаи боздоштшуда маҳкум ба зиндон карданд, фазое, ки дар он кормандони полису нозирони муҷрим худро амн эҳсос мекунанд, боқӣ мондааст”. Дар бисёр ҳолатҳо одамон аз шикоят бурдан алайҳи афроде, ки онҳо ё пайвандонашонро шиканҷа кардаанд, парҳез мекунанд, зеро аз интиқоми он афрод ҳарос доранд. Ҳамчунин, омадааст дар гузориш, ба пояи қонун баёнот ё иқроре, ки бар асари шиканҷа ба даст омадааст, бояд ботил шавад, аммо соли гузашта ягон ҳодисаи аз сӯи додрасҳои додгоҳ лағв шудани ин гуна баёнот ба чашм нарасид.

ИСТИРДОД Ё ОДАМРАБОӢ?

Таҳқиқоти Amnesty International ошкор кард, ки мақомоти Тоҷикистон дар бораи афроди истирдодшуда ё иҷборан ба кишвар овардашуда баъд аз чанд ҳафта хабар медиҳанд ва ҳадс зада мешавад, ки дар ин муддат ин афрод шояд мавриди шиканҷа ё бадрафторӣ қарор бигиранд. Бар пояи гузориши созмон, Тоҷикистон аз ҳама бештар аз Русия асосан хостори боздошт ва истирдоди онҳое шудааст, ки ба гурӯҳҳои мамнӯи исломӣ шомиланд.

Дар гузориш омдааст, шурӯъ аз соли 2010 Додгоҳи аврупоӣ оид ба ҳуқуқи башар алайҳи истирдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла, аз Русия чанд ҳукм баровард, зеро хатари дар ватан ба шиканҷа мувоҷеҳ шудани онҳо мавҷуд буд. Аз ҷумла, моҳи апрели соли 2013 Додгоҳ эълом дошт, ки Савриддин Ҷӯраев баъд аз истирдод аз Русия ба Тоҷикистон метавонад “барои узвияташ дар гурӯҳи мазҳаби ғайримаъмулӣ” ва ба хотири иқрори гуноҳ шиканҷа шавад.

Дар гузориши Amnesty International саргузашти шаҳрванди Тоҷикистон Муҳаммад Аҳадов оварда шудааст, ки соли 2007 дар вилояти Маскав боздошт ва баъд аз қарори Додгоҳи олии Русия дар бораи истирдод рӯзи 29 сентябри соли 2008 дар фурудгоҳи “Внуково”-и Маскав ба кормандони вазорати умури дохилии Тоҷикистон супурда шудааст. 17 ноябри соли 2010 Муҳаммад Аҳадов ба Додситони кулли Русия шикоят кард, ки баробари расидан ба Душанбе ӯро ба Шӯъбаи шашуми вазорати умури дохилӣ бурданд ва ба латукӯбу таҳқираш шурӯъ карданд. Ӯ навиштааст, ки “як бегаҳ ду мансабдор маро урён карда дасту поямро бастанд. Онҳо маро ба таври ваҳшиёна таюовуз карданд. Дар ҳоле, ки яке аз онҳо маро таҷовуз мекард, дигарӣ акс мебардошт”.

Муҳаммад Аҳадов хабар додааст, афсарон таҳдид карданд, ки агар ба таври хаттӣ ба ҷинояти содиркардааш иқрор нашавад, аксҳоро дар тамоми Тоҷикистон паҳн мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, кормандони полис ӯро дар маҷбур кардаанд, ки як ҷинояти дигарро ҳам ба гардан гирад. Муҳаммад Аҳадов афзудааст, ки ӯро то рӯзи 3 октябри соли 2008 шиканҷаву латукӯб карданд ва баъдан дар ихтиёри раёсати милисаи шаҳри Душанбе гузоштанд. Шиканҷаву бадрафторӣ алайҳи Муҳаммад Аҳадов аз сӯи кормандони полиси пойтахт идома ёфтааст. Афви Байнулмилал менависад, Додситонии кулли Тоҷикистон бар пояи шикояти Муҳаммад Аҳадов моҳи октябри соли 2008 алайҳи ду афсари шӯъбаи шашуми вазорати умури дохилии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз кард ва аммо, бар пояи хабарҳо, онҳо кишварро тарк намуданд. Худи Муҳаммад Аҳадов ба нӯҳ соли маҳбас маҳкум шуд.

Дар гузориши Афви Байнулмилал гуфта шудаст, ки моҳи сентябри соли 2010 Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар қазияи бозгардони иҷбории Муҳаммадрӯзӣ Искандаров аз Русия ба Тоҷикистонро баррасӣ кард. Ин ҳодиса моҳи апрели соли 2005 ба вуқӯъ пайваст. Додгоҳ ҳукм кард, ки мақомоти Русия банди 3 Конвенсияи Аврупоиро нақз кардаанд ва онҳо эҳтимоли дар Тоҷикистон ба азобу шиканҷа мувоҷеҳ шудани гумонбарро сарфи назар кардаанд.

Қавонини Тоҷикистон, омадааст дар гузориши нави Amnesty International, истирдоди гумонбарон ба дигар кишварҳо дар сурати мавҷуд будани хатари шиканҷа алайҳи онҳоро манъ намекунад. Истирдоди гумонбарон асосан бар пояи созишҳои дуҷониба ё созишҳои Минску Кишинёв ва Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой оид ба мубориза бо терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротгароӣ сурат мегирад. Масоили марбут ба истирдоди афроди гумонбар фақат бар дӯши Додситонии кулли Тоҷикистон аст, навиштаанд муаллифони гузориши Авфи Байнулмилал.
XS
SM
MD
LG