Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ампаро": "Облава" бас ва мӯҳлати хидмати ҳарбӣ 1 сол шавад!


Як созмони ҳомии ҳуқуқ дар Тоҷикистон хостори иҷрои бечунунарои амри раиси ин ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати хатми “облава” ва дигар роҳҳои ғайриқонунии даъвати ҷавонони тоҷик ба артиш шудааст.

Гурӯҳи ҳуқуқшиносони “Ампаро”, марказаш дар Хуҷанд, рӯзи 5 март бо нашрия як муроҷиатнома хостори иҷрои бекамукости амри раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати хатми “облава” ва боқӣ роҳҳои ғайриқонунии таъмини даъвати ҷавонон ба сафи нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15 феврал баъд аз интисоби як идда аз раҳбарони кумиссариатҳои низомии шаҳру навоҳӣ онҳоро ба ҳузур пазируфта, дастур додааст, ки дар фаъолияти худ аз усули шеваҳои ғайриқонунии таъмини даъвати ҷавонон ба сафи артиш кор нагиранд.

Созмони “Ампаро”, ки асосан ба ҳимояти ҳуқуқи сарбозон дар воҳидҳои низомии нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон машғул буд ва соли гузашта фаъолияташ аз сӯи додгоҳи Хуҷанд манъ шуд, бо истиқбол аз ин иқдоми оқои Раҳмон ба хотири иҷрои он чанд пешниҳод додааст:

  • мурооти бекамукости қоннун аз сӯи мақомоти комиссариатҳои низомӣ дар мавсиҳои даъват ба артиш.
  • Ба масъулият кашондани афроди масъул дар боздошти ғайриқонунии ҷавонони синну соли даъватӣ, яъне дар “облава”-ҳо
  • Таъмини ҳаққи даъватшавандагон ба ҳимояти додгоҳӣ
  • Манъи боздоштҳои ғайриқонунӣ дар нуқтаҳои ҷамъоварии даъватшавандагон.
  • Таъмини дастрасии волидон, созмонҳои ҷамъиятӣ ва журналистон ба қисмҳои низомӣ ва нуқтаҳои ҷамъоварӣ
  • То 1 сол коҳиш додани мӯҳлати хидмати ҳарбӣ.

​Манзури ҳам "Ампаро” ва ҳам Эмомалӣ Раҳмон аз “усулҳои ғайриқонунии даъват ба сафҳои артиши миллӣ” зоҳиран даъвати иҷбории ҷавонон ва аз кӯчаву бозор дастгир кардану ба хидмати низомӣ бурдани онҳост, ки дар байни мардум бо таъбири русии “облава” ё "чӯҷабарак" маъруф аст. Ин усули иҷрои нақшаи даъват ба артиш ба интиқоди тунди ҳомиёни ҳуқуқ ва мунтақидони давлат рӯбарӯ мешавад, ки онро як намунаи рӯиросту ошкоро поймол кардани ҳуқуқи инсон меноманд.

Нишасте ки даъвати Э.Раҳмон ба хатми "облава" садо дод
Нишасте ки даъвати Э.Раҳмон ба хатми "облава" садо дод
Даъватҳо ба хатми “облава” дар ҳоле садо медиҳанд, ки дар Тоҷикистон ба зудӣ даъвати баҳорӣ ба сафи нирӯҳои мусаллаҳ шурӯъ мешавад. Мақомоти Тоҷикистон ҳар сол ду дафъа - дар баҳор ва тирамоҳ - маъракаи даъват ба артишро ба роҳ меандозанд.

Шумори нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва ҳамин тавр, омори марбут ба шумори онҳое ки ба хидмати низомӣ ҷалб мешаванд, омори махфӣ ба ҳисоб меравад, вале бовар меравад, ки ҳар сол 15-16 000 нафар ба сафи артиши миллӣ, нирӯҳои дохилӣ ва нирӯҳои марзбонӣ даъват мешаванд. Воҳидҳои низомии Тоҷикистон ба тариқи хидмати ҳатмӣ такмил мешаванд ва мӯҳлати хидмати низомӣ дар ин кишвар 2 сол муқаррар шудааст.

Даъват ба артиш - манбаи фасод

Аммо бо онки воҳидҳои низомӣ солона ба ҳамагӣ 15-16 000 сарбоз ниёз доранд, дар Тоҷикистон тақрибан 600 000 нафари синну соли даъватӣ (аз 18- то 28-сола) ба сар мебаранд. Аз ин шумор тақрибан 150 000 нафараш ба маҳзи таҳсил дар макотиби олӣ, маъюбӣ ваё саробони ягонаи хонавода буданашон аз масъулияти хидмати низомӣ озод шудаанд. Вале ҳатто аз шумори боқӣ, яъне 450 000 нафар ҳам дар артиш танҳо ба 15 ило 16 000 нафар ниёз доранд. Ин ба маъноест ки аз ҳар 30 ҷавони синну соли даъватӣ танҳо якеашро ба хидмат гирифта метавонанд.

​Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, чунин ҳол манбаи фасоди густурда дар сохторҳои масъули даъват ба артиш – аз комиссариатҳои низомӣ сар карда то ба масъулини ҷамоатҳову нозирони минтақавӣ ва кумиссиюнҳои тиббӣ шудааст, ки ҳар кадом дар ивази раҳо кардани ҷавоне, ки дар “облава” ба даст афтодааст ваё ӯ ё волидонаш мехоҳанд аз пеш “масуният”-аш аз хидмати низомиро таъмин кунанд, “ҳаққ”-и худро меситонад.

Бино ба ҳисоби як ходими собиқи комиссариати низомӣ, дар ин “бозори сиёҳ”-е ки дар атрофи маъракаҳои даъват ба артиш ва “облава” ба вуҷуд омадааст, солона аз 50 то 100 миллион доллар, яъне маблағи тақрибан ҳамвазни тамоми буҷаи низомии Тоҷикистон мечархад. Вале ин пул, ба гуфтаи мусоҳиби мо, ба ҷайби мансабдорони фасодзада рехта, дар ниҳоят ба қаср ё мошини шики навбатии онҳову наздиконашон табдил хоҳад ёфт.

Ин дар ҳолест ки ҳомиёни ҳуқуқ чандин сол боз пешниҳод доранд, ки ин раванди “гурез” аз хидмати низомиро дар Тоҷикистон қонунӣ гардонанд. Ба гуфтаи онҳо, дар ҳоле ки нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба ҳамаи ин 600 000 ҷавони синну соли хидматӣ ниёз надорад, бояд барои онҳое ки хидмат кардан намехоҳанд, ҳаққи муайяне муқаррар кунанд, ки ӯ бипардозад ва аз хидмат қонунан озод шавад. Чизе ки ин тоифаи бе ин ҳам мекунад, вале пулаш ба ҷайби чанд мансабдори фасодзада меравад ва бидуни ягон замонат ки нафари пулдодаро дар ягон “облава”-и дигар боз дастгир намекунанд ва ин чархофалаки пулканӣ аз нав такрор намешавад.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, агар ин раванд қонунӣ шавад, аз як тараф, нафаре ки пули раҳоияш аз хидматро расман ба кассаи вазорати дифоъ месупорад, замонати қонунӣ ба даст меорад. Аз тарафи дигар, бо ин пул мақомоти низомӣ метавонанд шароитро дар артиш барои довталабони хидмат беҳтар ва ҳатто барои сарбозони қаторӣ маоши шоистае ҳам таъйин кунанд.

Пешниҳоди дигари ҳомиёни ҳуқуқ аз 2 соли кунунӣ то 1 сол пойин овардани мӯҳлати хидмати ҳатмии низомист. Вале дар аҳди Шералӣ Хайруллоев, ки парвардаи мактаби Шӯравист ва аз соли 1995 тайи 18 сол раҳбарии вазорати дифоъро бар дӯш дошт, ҳар навъ пешниҳоди ислоҳот дар артиши миллӣ ба тундӣ рад мешуд. "Облава" ҳам аз ҷумлаи меросҳоест, ки аз Хайруллоев ба вазири нав Шералӣ Мирзо мондааст.

"Артиши коргару деҳқон"

Дар ҳоли ҳозир, артиши Тоҷикистон, ба бовари аксар, ба як "артиши коргару деҳқон" табдил ёфтааст. Бисёриҳо мутмаинанд, ки ба хидмати низомӣ танҳо фарзандони мардуми камбағал ё ба таъбири дигар, бачаҳои бесоҳибро мегиранд ва одамони “тағодор”, аз ҷумла фарзандони мансабдорон аслан дар артиши Тоҷикистон хидмат намекунанд. Ба фарқ аз кишварҳои Ғарб, ки дар куҷо ва чигуна хидмат кардани фарзандони мансабдорони баландпоя ва , чун дар намунаи Бритониё, ҳатто маҳал ва тарзи хидмати шоҳзодаҳо, тавассути матбуот инъикос ва таблиғ мешавад, дар Тоҷикистон касе намедонад, ки оё барои мисол, Рустами Эмомалӣ, писари раисиҷумҳур дар артиш хидмат кард ё на, ё писари кадом вазире дар кадом қисми низомӣ адои хидмати ҳатмии ҳарбӣ мекунад?

Вале як чизи яқин ин аст, ки шароити мавҷуда – чӣ дар артиш ва чӣ дар низоми даъвати ҷавонон ба хидмати низомӣ – касеро қонеъ намекунад- на ҳомиёни ҳуқуқу на волидону на ҷавононеро, ки ҳар сол ду дафъа маҷбуранд барои семоҳӣ аз тарси “облава” ё ба Русия гурезанд, ё аз хона набароянд.
XS
SM
MD
LG