Мақомот дар Туркманистон ба кормандони идораҳо гуфтаанд, ки нашрияҳои давлатиро, ки дар бораи президент ва падараш мақолаҳо доранд, барои печонидани нон, ё дар ҳоҷатхона истифода накунанд, вагарна аз кор ронда мешаванд.
Нашрияҳои сахт сензурашудаи Туркманистон хабари зиёде надоранд, аз ин рӯ мардум онҳоро барои ҳадафҳои дигар ба кор мебаранд.
Масалан, то чанд вақт пеш рӯзномаҳои давлатиро, ки мундариҷаашон фақат ситоиши раисҷумҳур Сардор Бердимуҳаммадов ва падараш Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, президенти собиқ аст, барои дигар корҳо истифода мебурданд. Аз ҷумла, чизеро мепечониданд, дар ҳоҷатхона ё барои оташ афрӯхтан истифода мекарданд.
Ҳоло аҳвол дигар мешавад. Мақомоти расмӣ кормандони давлатиро маҷбур мекунанд, зери санаде имзо гузоранд, ки дар он омадааст, "саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳоеро эҳтиёт кунанд", ки дар онҳо аксҳои аъзои хонаводаи ҳоким дар кишвар дарҷ ёфтаанд. Хабари мазкур аз чанд корманди давлатӣ дар Туркманистон дастрас шуд, ки худашон ин санадро имзо кардаанд.
Дар Туркманистон, ки расонаҳои мустақил вуҷуд надоранд, кормандони давлат ва донишҷӯён ба нашрияҳои давлатӣ маҷбурӣ обуна мешаванд.
Яке аз ин коргарон аз вилояти Балкан бо шарти пинҳон доштани номаш гуфт, ба онҳо амр додаанд, ки дар соли нав рӯзномаҳои давлатиро барои “корҳои хоҷагӣ” истифода набаранду “олуда” накунанд.
Ба гуфтаи як корманди дигар дар вилоят, мақомот гуфтаанд, барои назорати иҷрои фармон дар ҳар саҳифаи нашрия QR мезананд, ки имкон медиҳад, маълум кунанд, нашрияи порашуда ба кадом обуначӣ тааллуқ дорад.
Ба қавли мусоҳиби Радиои Озодӣ, "ҳоло мо метарсем, ки мабодо кӯдаконамон дар хона ба нашрияҳо даст зананд. Агар кӯдаки хурде, акси раисҷумҳурро пора кунад ва дар кӯча андозад, мо аз корамон маҳрум мешавем.”
Бисёре аз кормандони давлат, нашрияҳоеро, ки обуна шудаанд, намехонанд ва дар корҳои хоҷагӣ истифода мебаранд. Мардуми камбизоат оташи танӯрро рӯшан мекунанд ва албатта дар деҳот дар ҳоҷатхона ба кор мебаранд. Гоҳо дар остонаи дари хона ҳамчун қолича меандозанд. Ё кормандон ашёеро дар саҳифаи рӯзнома печонда, ба ҷойи кор мебаранд.
Туркманистон дар радабандии созмонҳои ҳомии озодии баён ба мисли Гузоришгарони Бидуни Марз ҳамеша дар яке поинтарин зинаҳо қарор дорад ва аз бадтарин кишварҳо барои матбуот хонда мешавад.
Аҳвол баъди ба ҷойи падараш ба сари қудрат омадани Сардор Бердимуҳаммадови 43-сола дар соли 2022 тағйир накард, чун Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ҳанӯз ҳам фармонфармои асосӣ дар Туркманистон ба ҳисоб меравад.
Гузоришгарони Бидуни Марз мегӯяд, дар Туркманистон, ки расонаҳои мустақил тамоман вуҷуд надоранд, “журнализм фақат барои ситоиши режим аст”.
Давлат ба саркӯби беамони дигарандешон идома медиҳад, мунтақидон озору азият мебинанд, латукӯбу шиканҷа ва ҳатто кушта мешаванд. Бисёре аз дигарандешон аз тарс ба хориҷ гурехтаанд ва ё мегурезанд.
Соли гузашта Худойбердӣ Аллашов, хабарнигори собиқи 35-солаи Радиои Озодӣ пас аз бемории тӯлонӣ даргузашт ва сабаби бемориву марг ба гуфтаи тарафдорони ӯ, фишори зиёди ҳукумат барои кораш буд.