Шӯҳрат Қудратов, яке аз вакилони мудофеи Зайд Саидов рӯзи 30 май дар сӯҳбат ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки муфаттиши Оҷонсӣ дар таърихи 28 май вакилони ӯро даъват намуда, бо қарори айбдоркунӣ шинос кардааст.
Ба гуфтаи Шӯҳрат Қудратов, Саидов Зайдов ҳамчун “роҳбари ғайрирасмии” ҶДММ “Тоҷсохтмон-байналмилал” муаррифӣ шуда, ӯ ба сирқати маблағҳои будҷа барои сохтмони иншооти “Душанбе-Плаза”, муттаҳам дониста мешавад.
Аммо ба нақли вакили мудофеъ, Зайд Саидов ба ҶДММ “Тоҷсохтмон-байналмиллал” ягон иртиботе надорад ва аз ҷумла аз салоҳияту ваколатҳои амрдиҳӣ ва ё ҳуқуқи имзо намудани ҳуҷҷатҳои муҳосибиро надошт.
Вакили мудофеи Зайд Саидов афзуд, ки "ин амали тафтишот идомаи ҳамон мантиқест, ки онро ҷуз густохиву худсарӣ наметавон чизи дигар донист. Вагарна чӣ гуна дар сурати умуман набудани иртибот миёни шахсияти Саидов З.Ш. ва аломатҳои ҷинояти пешбинамудаи қонун, аз хусуси қонуншиканӣ метавон иддао кард? Далели қотеъонаи худсарӣ ва ифодаи гӯшношуниди беэътиноӣ ба қонун ҳамон мафҳуми ихтирокардаи мақоми тафтишот - “роҳбари ғайрирасмӣ” аст, ки дар таҷрибаи тафтишот ва ҳатто назарияи ҳуқуқи ҷиноӣ собиқа надорад."
Зайд Саидов рӯзи 19 майи соли 2013, баъди бозгашт аз сафари Фаронса дар фурудгоҳи Душанбе дастгир ва 25 декабри соли 2013 аз сӯи Додгоҳи олӣ бо ҷурмҳои сангине, чун бар асоси чаҳор банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - “таҷовуз ба номус”, “бисёрзанӣ”, “қаллобӣ” ва “ришваситонӣ” - ба 26 соли зиндон маҳкум кард. Ба дунбол, аз моҳи март ба ин тараф дастикам 6 корхонаву ширкати марбут ба Зайд Саидов ва наздикони ӯ ба фоидаи давлат мусодира карда шуд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон ахиран ҳукми 26 соли зиндони Зайд Саидов, соҳибкори маъруфро бетағйир гузошт. Додгоҳи олӣ дар боздоштгоҳи мувақатӣ ё худ СИЗО-и Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) мурофиаро баргузор кард ва ҳукми 26 соли зиндони Зайд Саидовро бетағйир гузошт.
Рӯзи 12 май намояндаи Додситони кулл Маҳмадвалӣ Исоев дар мурофиа ҳамчун айбдоркунанандаи давлатӣ ширкат карда аз Додгоҳи олӣ талаб намуд, ки ҳукми 26 соли зиндони Зайд Саидов бидуни тағйир гузошта шавад.
Вай дар мурофиа ҳамаи делелҳое, ки аз тарафи ҳам Зайд Саидов ва ҳам вакилонаш беасос будани айбномаҳоро таъйид мекарданд, рад карда ва гуфтаааст, ки ҳукми Додгоҳи олӣ дар ҷои худ бимонад.
Зайд Саидов рӯзи 22-уми апрел дар рӯзи аввали баррасии шикояти ӯву вакилонаш 26 сол ҳукми зиндонашро ноодилона хонда, низ хостори бознигарии ин ҳукми Додгоҳи олӣ шуда буд. Зайд Саидов гуфтааст, ӯро бидуни ягон далели қотеъ маҳкум кардаанд. Қаблан ҳам Зайд Саидов боздошти ҳукми сангинашро сиёсӣ хонда гуфта буд, ба давлату миллат хиёнате накардааст.