Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашти боз як сокини Тоҷикистон аз "ҷиҳод" дар Сурия


Одилҷон Пӯлодов
Одилҷон Пӯлодов

Телевизиони давлатии Тоҷикистон аз бозгашти боз як шаҳрванди ин кишвар аз ҷанги Сурия хабар дод. Ҷамъи ҷангиёни тоҷик дар ин кишвари дури арабӣ аз 110 то 200 нафар тахмин зада мешавад.

Шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон аз бозгашти боз як шаҳрванди ин кишвар аз ҷанги Сурия хабар дод. Бино бар ин гузориш, Одилҷон Ҷумъаевич Пӯлодов, сокини 29-солаи ҷамоати Куруши ноҳияи Спитамени вилояти Суғд худро ахиран ба мақомоти шӯъбаи умури дохилаи ин ноҳия таслим кардааст.

Гуфта мешавад, Одилҷон Пӯлодов, ки аз улуми исломӣ огоҳ буд, моҳи апрел ба муҳоҷирати корӣ ба Русия рафта, дар онҷо “ба доми фиреби гурӯҳҳои ифротгаро афтодааст.” Одилҷон Пӯлодов дар ин навор мегӯяд, ки ӯро бо ваъдаи кору таҳсил ва даъват ба ҷиҳод барои рафтан ба Сурия моил кардаанд.

Бино бар ин гузориш, Пӯлодов худро то Туркия расонда, сипас ғайриқонунӣ аз марзи Сурия мегузарад ва дар як урдугоҳе, ки “ҷавонони гумроҳ”-ро таълими ҷангӣ медод, ҷояш мекунанд.

Одилҷон Пӯлодов дар навори телевизион гуфт, дар маҷмӯъ дар ин урдугоҳ ҳудуди 200 нафар таълими ҷангӣ мегирифтанд, ки “қариб 15 нафараш аз ватани мо буд. Онҳо ҳам ранги ман хато карда, ба ин роҳ рафтаанд. Ман рафта дидам ва ҳазор-ҳазор афсӯс мехӯрам, чунки ҷиҳоди онҳо ба ягон Ислому ягон мусалмонӣ дуруст намегирад.”

Шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон мегӯяд, Одилҷон Пӯлодов баъди инки фиреб хӯрданашро дарк кард ва пушаймон, тавассути сафорат ҳуҷҷатҳояшро барқарор карда, ба Ватан баргашт ва бо аризаи пушаймонӣ ба пулиси ноҳияи Спитамен ҳозир мешавад.

Аҳли ин навор мегӯянд, ки дар Сурия меҷанганд
Аҳли ин навор мегӯянд, ки дар Сурия меҷанганд

Танҳо дар моҳи июл ин дувумин мавриди бозгашти сокинони ноҳияи Спитамен аз ҷанги Сурия аст, ки тавассути телевизионҳои давлатии Тоҷикистон таблиғ мешавад. Дар оғози моҳи июл навори нафаре бо номи Комил Шукуров, дар гузашта Сотиболдиев, сокини 31 – солаи ноҳияи Спитамен нашр шуд. Дар он гузориш гуфта мешуд, ки Комил Шукуров аз соли 2010 узви ҳизби мухолифи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) шудаааст.

Ин нафар дар ҷараёни тафтиш эътироф кардааст, ки ӯро дар соли 2013 Сайфиддин Тоҷибоев, собиқ раиси созмони ҲНИТ дар Спитамен, ки дар Сурия қарор дошт, ӯро ҳам ба он ҷо гӯё барои таҳсил даъват кардааст. Вай гуфтааст, ки дар Сурия дар як пойгоҳи мухолифини ҳукумати Башор Асад ба сар мебурд. Вазорати корҳои дохилӣ аммо мегӯяд, ки “дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ” аз сӯи кормандони ШКД ноҳияи Спитамен Комил Шукуров ба Тоҷикистон баргашта, худро ба мақомот таслим кардааст.

Шариф Назаров, раиси идораи умури дохилаи вилояти Суғд дар ҳафтаи гузашта дар нишасти хабариаш гуфт, ки Комил Шукуровро аз масъулият раҳо кардаанд ва ӯ ҳоло дар канори аҳли хонаводааш дар озодӣ ба сар мебарад. Генерал Назаров гуфт, боқӣ шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Сурия меҷанганд, низ дар сурати бозгашти ихтиёрӣ ва таслим кардани худ ба мақомот аз ҷавобгарӣ озод карда мешаванд. Қабл аз ӯ, додситони вилояти Суғд низ ба онҳое ки ихтиёран аз ҷанги Сурия бармегарданд, пешниҳоди афв дода буд.

Хабари марги сокини Кӯлоб Бахтиёр Шеров аз Сурия моҳи март омад
Хабари марги сокини Кӯлоб Бахтиёр Шеров аз Сурия моҳи март омад

Мақомоти Тоҷикистон шумори шаҳрвандони тоҷикеро, ки дар Сурия асосан дар ҳайати нирӯҳои мухолифи режими Башор Асад меҷанганд, аз 110 то 200 нафар тахмин мезананд. То кунун дар бораи дар ҷангҳои Сурия кушта шудани дастикам 6 шаҳрванди Тоҷикистон – 3 сокини Кӯлоб, як сокини Восеъ, як нафар аз Исфара ва якеи дигар аз Истаравшан – гузориш шудааст. Дар поёни соли гузашта 5 дониҷӯи собиқи донишгоҳи байналмилалии Димишқ бо ҷурми ширкат дар ҷангҳои Сурия дусолӣ ҳукми зиндон гирифтанд. Наздикони ин донишҷӯён аммо мегӯянд, ки онҳоро беасос маҳкум кардаанд.

Дар ҳоли ҳозир, додгоҳи вилояти Хатлон муҳокимаи парвандаи Давлат Чолов, бародари фармондеҳони собиқи Фронти халқӣ Султон, Қурбон ва Сулаймон Чоловҳо идома дорад. Ӯ моҳи феврали соли равон бо гумони ҷалби ҷавонон аз минтақаи Кӯлоб ба “ҷиҳод” дар Сурия боздошт шуда буд.

Дар моҳҳои охир дар Интернет ҳар сари чанд вақт наворҳои видеоии даҳҳо нафари саропо мусаллаҳ нашр мешаванд, ки иддао доранд, шаҳрвандони Тоҷикистонанд ва дар Сурия меҷанганд. Мақомоти Душанбе аммо бар инанд, ки ҷавонони тоҷик умдатан дар Русия ба ақидаҳои “ҷиҳодӣ” ҷалб шуда, асосан аз тариқи Русияву Туркия, ки бо Тоҷикистон низоми раводид надоранд, ба Сурия мераванд. Ахиран ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон банде илова шуд, ки муҷозотро барои ширкат дар низоъҳои бегона шадидтар мекунад.

Дар навори ахири телевизиони тоҷик ҳам аз он изҳори нигаронӣ шуда, ки “ҷавонони гумроҳ қурбони дасисаву иғвои ашхоси ҷангҷӯ мешаванд”. Мақомоти Тоҷикистон батакрор мегӯянд, ки чунин афрод таҳти таъсири ақидаҳои ифротӣ ба ҷангҳои бегона ҷалб шудаву ҷони ҷавони худ, вале дар ниҳояти амр амнияти кишвари худро ҳам ба хатар меандозанд.

XS
SM
MD
LG