Ин изҳорот шаби 29-уми январ нашр шуд ва матни пурраи изҳорот дар зер аст.
"Ҷони мо дар хатар аст
Ба президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Ба раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев
Ба раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров
Ба прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзодаи Одина
Ба раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов
Ба вазири корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов
Ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода
Ба Бюрои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба Намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба созмони байналмилалии «Хабарнигорони бидуни марз»
Ба намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов
Ба раиси Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон-НАНСМИТ
Ба Консортсиуми юридикии Тоҷикистон
Ба сафоратҳои хориҷӣ ва корпусҳои дипломатии мустақар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба Анҷумани журналистони форсизабони «Афрӯз»
Ба мардуми Тоҷикистон
Суҳбатҳои имрӯзаи Амонуллои Ҳукуматулло, сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон», ки дар нишасти матбуотӣ расман садо дод, боиси нигаронии амиқи мост. Зеро он чи ки Амонуллои Ҳукуматулло дар ин нишаст гуфт, таҳдиди рӯирости як мансабдори давлатист, ки ба унвонии мо равона шудааст. Аз ин рӯ, ҳайати эҷодии рӯзномаи «ИмрӯзNews» суханони Амонуллои Ҳукуматуллоро таҳдид ба ҷони кормандони худ арзёбӣ намуда, онро хатари воқеъӣ медонад. Дар баробари ин, мо чунин мешуморем, ки ин таҳдиди Амонуллои Ҳукуматулло ба адреси хонаводаи мо равона шудааст ва метавонад ҷони хешовандони моро ҳам дар хатар гузорад.
Боиси нигаронии мост, ки Амонуллои Ҳукуматулло дар нишасти матбуотии рӯзи 29 январи соли 2014 гуфт, «ман медонам, ки шуморо кӣ пуштибонӣ мекунад, аз ин рӯ, бояд эҳтиёт бошед ва ба ҷони худ ҷабр накунед». Маълум аст, ки ҳадафи Амонуллои Ҳукуматулло тарсонидани чашми хабарнигорони рӯзнома аст ва маҳз ба ҳамин хотир чунин суҳбат кард. Дар ин ҷо зарур шуморидем, ки нутқи Амонуллои Ҳукуматуллоро аз нишасти имрӯза айнан ҷой диҳем: «ИмрӯзNews» ҳамиҷадай?
Барои чӣ калонотон наёмад? Ин қадар дурӯғу буҳтон мезанен. Ман масъалаи Рустамда шуморо судда додум, 50 ҳазор манба бой доден. Ман фақат як чира асос кардум, ҳамун қарори суди олии ФР, ягончии дигаба не. Ман медонум, ки ҳимоятгари шумо кияй-чияй. Лекин эҳтиёт кунен шумо, ба ҷони худтон ҷавр накунен. Ҳози ман 50 ҳазора аз шумо нагирифтам. Ду бор қарори суд баромадааст, ки бояд 50 ҳазор сомонӣ манба тиед. Инба ман зиёдтар даъво мекунам, ҳозир тафтишот тамом шавад. Айби кӣ аст, муайян шавад, баъд ман ба ҳамон журналисте, ки нисбат ба ман гап гуфтаст, тенҷ намемонум». Ин иқтибоси бидуни таҳрир аз матни суханронии Амонуллои Ҳукуматулло дар нишасти матбуотии рӯзи 29 январи соли 2014 аст. Тибқи Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳдид ба ҷони инсон ва шаҳрванд қатъиян манъ шудааст. Ба ҷуз ин ки кормандони «ИмрӯзNews» шаҳрванд ҳастанд, журналист мебошанд ва тибқи қонунгузории Тоҷикистон ва байналмилалӣ, вазифаҳое доранд, ки монеъ шудан ба онҳо ҷиноят аст.
Ба ин маънӣ, дар нишасти матуботии рӯзи 29 январи соли 2014 Амонуллои Ҳукуматулло ҳам ба журналист таҳдид кардааст ва ҳам ба шаҳрванд. Ин дар ҳолест, ки ҳеҷ кас ва бахусус, мансабдори давлатӣ ҳуқуқ надорад, аз доираи ваколатҳои худ берун равад. Ҳукумов изҳор доштааст, ки медонад пушти мо кӣ меистад. Мо ҳам медонем: Худо, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, кафолатҳои додаи президент. Мо чунин мешуморем, ки таҳдиди Амонуллои Ҳукуматулло ҳамчунин ба адреси онҳое равона шудааст, ки мо онҳоро пуштибони худ медонем. Ҳайати эҷодии рӯзномаи «ИмрӯзNews» ба хубӣ дарк мекунад, ки ба чунин шева суҳбат кардани Амонуллои Ҳукуматулло аз чист ва ғарази ин мансабдори давлатӣ нисбат ба хабарнигорони рӯзнома аз куҷо пайдо шудааст: 1. Ҳанӯз як сол пеш, моҳи январи соли 2013, Рустам Ҳукумов, писари калонии Амонуллои Ҳукуматулло, рӯзномаи «ИмрӯзNews» ва сармуҳаррири он Назири Нусратро ба суд кашид. Мо борҳо мақомоти Тоҷикистон ва созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи башарро огоҳ кардем, ки мурофиаи судӣ яктарафа ва бо дарназардошти манфиатҳои даъвогар баргузор мешавад. Дар тамоми ҷараёни мурофиаҳои судӣ, ки тақрибан 1 моҳ идома кард, мавқеъи мо ба назар гирифта нашуд. Ин дар ҳолест, ки ҷониби даъвогар дар ин мурофиаҳо ба ҷуз қарори Суди вилояти Маскав аз 27 декабри соли 2011, дигар ҳеч далеле пешниҳод карда натавонист. Амалан, даъвои Рустам Ҳукумов комилан ғайриқонунӣ буд. Мо ҳамон вақт гуфтем ва ҳоло ҳам ба ин андеша побарҷоем, ки маҳз дахолати Амонуллои Ҳукуматулло буд, ки суд мурофиаро яктарафа баррасӣ кард ва онро ба манфиати Рустам Ҳукумов ҳал намуд. Дирӯз маълум гардид, ки воқеан, дар пушти ин мурофиаи судӣ худи Амонуллои Ҳукуматулло меистод ва Суд наметавонист нуфузи ӯро сарфи назар кунад... Аз ҳамон замон мо ҳис мекардем, ки таҳти таъқиби хонаводаи Амонуллои Ҳукуматулло қарор дорем. Бахусус, мошинҳои гуногунтамғае, ки аз паси хабарнигорони алоҳидаи рӯзнома думболагирӣ мекарданд, зангҳои телефонии алоҳида, ҳушдору таҳдидҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки ҳамагӣ тақрибан як мазмун доштанд, далели он ҳастанд, ки Ҳукумовҳо таъқибу таъсиррасонӣ ба хабарнигорони рӯзномаро қатъ накардаанд. 2. Садамаи нақлиётии шаби 8 ба 9 октябри соли 2013. «ИмрӯзNews» нахустин расонае буд, ки иштироки писари хурдии Амонуллои Ҳукуматуллоро дар ин садама фош кард. То он замон дар бораи иштироки кадом як ҷияни ӯ гузориш дода мешуд. 3. Фош шудани ифлосиҳои қатораҳои Тоҷикистон дар Русия аз ҷониби мақомоти рус. «ИмрӯзNews» расман онро бемасъулиятии Амонуллои Ҳукуматулло арзёбӣ кард. 4. «Рейдерский захват»-и Амонуллои Ҳукуматулло дар Ҳисор. 5. Фош шудани даҳҳо килограмм героин дар пинҳонгоҳҳои махсуси қатораҳои Тоҷикистон ва баҳси судии роҳбаландони қатораҳо. 6. Ҳодисаҳои дигар, ки зикри онҳоро зарур намешуморем. Ин омилҳоеанд, ки ғаразу кинаи як мансабдори давлатии Тоҷикистонро нисбат ба рӯзномаи «ИмрӯзNews» ва хабарнигорони он афзудаанд.
Ҳол он ки дар тамоми ин ҳаводис «ИмрӯзNews» танҳо як мавқеъ дошт: нашри маълумот аз ҷараёни ҳодисаи рӯйдода. Ин ба он маъност, ки мансабдори давлатӣ-Амонуллои Ҳукуматулло ҳеч асосе надорад, ки рӯирост ва расман хабарнигорони рӯзномаро таҳдид кунад. Ин дар ҳолест, ки маҳз ҳамин гуна тарсдиҳиҳо тибқи моддаи 120-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ҷавобгарӣ дорад. Бо дарназардошти ин, мо расман изҳор медорем, ки минбаъд ҳар як ҳодисаи нухуше, ки ба хабарнигорони «ИмрӯзNews» ва шахсони ба онҳо наздик рӯй медиҳад, мо фарзияи аввалро маҷбурем марбут ба ҳамин таҳдиди Амонуллои Ҳукуматулло бидонем. Дар ин ҷо бори дигар расман изҳор медорем, ки баъди ҳамин изҳороти Амонуллои Ҳукуматулло мо ба ҷони худ ва наздиконамон аз сӯйи ин мансабдори давлатӣ хатар эҳсос мекунем ва аз президент, раисони палатаҳои болоӣ ва поёнии парламент, раиси КДАМ, Прокурори генералӣ, вазири корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти Тоҷикистон дархост дорем, ки ҷиҳати таъмини амнияти мо чораандешӣ кунанд. Илова ба ин, аз созмонҳои журналистӣ, созмонҳои байналмилалӣ, сафоратхонаҳо ва корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон дархост дорем, ки нисбат ба чунин мавқеъгирии як мансабдори давлатии Тоҷикистон дар баробари рӯзноманигорони мо бетараф набошанд. Ба таври алоҳида аз прокуратураи генералӣ ва мақомоти дигари дахлдор талаб менамоем, ки ба гуфтори таҳдидомези мансабдори давлатӣ Амонуллои Ҳукуматулло баҳои ҳуқуқӣ диҳанд.
Ҳайати эҷодии рӯзномаи «ИмрӯзNews»