Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се варианти "сулҳ"-и "Азия-Плюс" бо зиёиёни тоҷик. ВИДЕО


Умед Бобохонов
Умед Бобохонов

Ҳафтаномаи "Азия Плюс" ба хотири ҳалли баҳсаш бо гурӯҳи зиёиёни тоҷик 3 варианти раддия пешниҳод кардааст, вале даъвогарон мегӯянд, нашрия бояд аз онҳо узр бихоҳад.

Даъвогароне, ки аз номи зиёиёни Тоҷикистон нашрияи «Азия плюс» ва муаллифашро ба додгоҳ кашида буданд, хоҳони узр ҳастанд, на раддия.

Ҳикмат Раҳматов, тарҷумон, ёвари раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва яке аз даъвогарон мегӯяд, пешниҳоди «Азия плюс» дар бораи нашри раддияро қабул надорад: «Мо аз нашрия ин талабро накарда будем, ки раддия нависад. Чиро рад мекунад? Ин танҳо дар қарори додгоҳ аст. Мо талаб карда будем, ки ҷарима диҳад ва узр пурсад. Аз ҳамаи зиёиёни Тоҷикистон, ки дар матлабаш таҳқир шудаанд

Вокуниши яке аз даъвогарони парвандаи «зиёиён алайҳи «Азия Плюс» ва муаллифаш Олга Тутубалина дар ҳолест, ки нашрия рӯзи 21 август дар шумораи ахири худ се варианти раддияро ба даъвогарон пешниҳод кард. Аввал, танҳо суханони Владимир Ленин аз мактубаш ба Максим Горкий дар таърихи 15 сентябри соли 1919 иқтибос мекунад, ки зиёиёнро наҷосати миллат хонда буд. Дар варианти дуввуми раддия омадааст, ки Владимир Илич Ленин калимаи «г…» - ро бо мӯлнуқта истифода кардааст ва даъвогарон дуруст мегӯянд, ки шояд Ленин он калимаро дар назар надошт, ки нашрия пурра овард, балки шояд дигар калима, масалан, «Гибралтар» - ро дар назар дошт.

Раддияи сеюм ин аст, ки «панҷ иттиҳодияи эҷодӣ – Академияи улум, Иттиҳоди нависандагон, Иттиҳоди рассомон, Иттифоқи оҳангсозон, Иттифоқи меъморон дар шахси роҳбаронашон Мамадшо Илолов, Меҳмон Бахтӣ, Фаррух Хоҷаев, Қудратулло Ҳикматов, Баҳром Юсупов ва се шаҳрванди Тоҷикистон – мудири шуъбаи санъати Академияи улум Аскаралӣ Раҷабов, ёвари раиси Иттифоқи нависандагон Ҳикмат Раҳматов ва духтури пӯст Дилбар Абдиева «г...» - и миллат нестанд, яъне «ба дил наздик нагиред: Ленин шуморо дар назар надошт, балки зиёиёни буржуазии Русияро дар назар дошт, ки шумо ба онҳо аслан рабте надоред».

Умед Бобохонов, сармуҳаррири «Азия плюс» ва муаллифи ин раддияҳо, ба Радиои Озодӣ гуфт, сабаби пешниҳоди раддияҳо дар ин буд, ки аслан намедонистанд қарори судро чӣ тавр иҷро кунанд, аз ин хотир, дар машварат бо вакили дифоъи даъвогарон ин се раддияро пешниҳод кардаанд: «Мо омодаем, ки ҳарчи қонун мегӯяд, иҷро кунем. Додгоҳ қарор баровард, мо онро иҷро мекунем. Агар даъвогарон хоҳанд, ки узр пурсем ва додгоҳ онҳоро дастгирӣ кунад, ин корро хоҳем кард, зеро мо шаҳрвандони эҳтиромкунандаи қонунҳои кишвари худ ҳастем

Олга Тутубалина
Олга Тутубалина

Аввалин баррасии додгоҳии шикояти зиёиён аз матлаби Олга Тутубалина, муовини сармуҳаррири «Азия – плюс» дар додгоҳи ноҳияии Фирдавсии шаҳри Душанбе 19 августи соли 2013 баргузор шуд. Ин додгоҳ 25 феврали соли равон нашрияи «Азия Плюс» ва Олга Тутубалинаро ба пардохти 30 ҳазор сомонӣ ба 3 даъвогар ва нашри раддия муваззаф кард. 30 апрел додгоҳи шаҳри Душанбе низ ҳукми аввалиро бетағйир гузошт. «Азия – плюс» ба Додгоҳи олии Тоҷикистон шикоят бурд. Дар ин миён ба пардохтани маблағи ҷарима шурӯъ кард ва ба ҳисоби зиёиён 5 ҳазор сомонӣ интиқол дод. Аммо Додгоҳи олӣ 23 июли соли равон ба он далел, ки шикояти нашрия ҳанӯз баррасӣ нашудааст, пардохти ҷарима ба даъвогаронро боздошт.

Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, дар қонунгузории Тоҷикистон овардани узр пешбинӣ нашудааст. Тибқи қонунгузорӣ, нашрия бояд ё раддия чоп кунад, ё ҷавобияи тарафи муқобилро ба нашр расонад.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мутақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) мегӯяд, азбаски парвандаи зиёиён алайҳи «Азия – плюс» ва муаллифаш сиёсӣ аст ва созмонҳои даъвогар тибқи оинномаи худ ҳуқуқи даъво аз номи тамоми зиёини Тоҷикистонро надоранд, баҳс сари раддия низ ба вуҷуд омад. Вай афзуд, ҳадаф аз роҳандозии даъвои зиёиён дигар аст: «Ин як қазияи хеле пурсарусадо шуд, ки дар тамоми расонаҳои дохиливу хориҷӣ инъикоси худро ёфт. Аммо, ба андешаи ман, ин як зарба ба озодии баён буд. Ҳадаф ҳам ин буд, ки рӯзноманигорон дар фаъолиятҳои худ маҳдудият ҷорӣ кунанд ва сари ҳар ҳарфи худ андеша кунанд, яъне ҳадаф ҷорӣ кардани худсонсурӣ буд

Сабаби баҳси беш аз яксолаи додгоҳӣ миёни «Азия Плюс» ва созмонҳои эҷодии Тоҷикистон матлаби «Ғайризиёиёна дар бораи зиёиён» («Неинтеллигентно об интеллигенции») -и Олга Тутубалина буд, ки 30 майи соли 2013 баъди бозгашти шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир ба Тоҷикистон навишта шуда буд. Шоири маъруфи тоҷик соли 1994 Тоҷикистонро ба қасди Амрико тарк карда буд ва ҳамеша аз сиёсатҳои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон интиқоди шадид мекард. Мавсуф баробари вуруд ба фурудгоҳи Душанбе изҳор дошт, ки бо даъвати шахсан президент барои ҳамеша бозгаштааст ва аз мардуми Тоҷикистон хост, ки аз сиёсатҳои Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ кунанд. Олга Тутубалина дар ин матлаб навишта буд, ки хабарҳо дар бораи бозгашти Бозор Собирро хонда, мехоҳад ҳамон суханони Ленинро гӯяд.

XS
SM
MD
LG