Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт дар парвандаи пурсарусадои «зиёиён алайҳи Олга Тутубалина»-ро боздоштааст.
Иноят Иноятов, вакили мудофеъи «Азия плюс» рӯзи 23 июл бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар аввали ҳафта, баъди он ки Олга Тутубалина аз ҳукми додгоҳи Фирдавсӣ ба Додгоҳи олӣ шикоят овард, Додгоҳи олӣ то анҷоми баррасии ин шикоят иҷрои ҳукми пардохти ҷарима ба даъвогаронро муваққатан боздошт.
Додгоҳи ноҳияи Фирдавӣ рӯзи 25 феврали соли ҷорӣ бо анҷоми баррасии даъвои 5 иттиҳодияи илмию эҷодӣ ва 3 намояндаи зиёиён - Аскаралӣ Раҷабов, Дилбар Абдиева ва Ҳикмат Раҳматов - нисбат ба мақолаи «Ғайризиёиёна дар бораи зиёиён» («Неинтеллигентно об интеллигенции») -и Олга Тутубалина («Азия-плюс», №40, аз 30.05.2013) ин нашрия ва хабарнигорашро ба пардохти 30 000 сомонӣ, модили беш аз 5000 доллар, ҷуброн ба он 3 даъвогар муваззаф кард.
Тибқи қарори додгоҳ, «Азия Плюс» ва Тутубалина ин пулро бояд дар зарфи 3 моҳ пардохт мекарданд. Баъди онки додгоҳи шаҳрӣ низ дар таърихи 30 апрел аз ҳукми додгоҳи Фирдавсӣ ҳимоят кард, «Азия Плюс» моҳе пеш эълон кард, ки ба пардохтаани маблағи ҷарима оғоз кардааст. Масъулони нашрия мегӯянд, алакай 5000 сомонӣ аз ин пулро додаанд.
Вакили мудофеъи «Азия Плюс» ҳоло мегӯяд, дигар то замони анҷоми баррасии парванда Тутубалина ваё нашрия ҳеҷ гуна ҷарима нахоҳанд пардохт.
Олга Тутубалина дар матлаби баҳсбарангези «Ғайризиёӣ дар бораи зиёиён» бозгашти шоири тоҷик Бозор Собир аз Амрико ба Тоҷикистонро ба баҳс кашида, аз суханони Владимир Ленин, асосгузори давлати Шӯравӣ, ҷумлаи "Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд"-ро иқтибос карда ва навишта буд, ки ин суханонро метавон на танҳо нисбат ба Бозор Собир, балки нисбат ба бисёре аз зиёиёни дигар кор фармуд. Ин шоири маъруф, ки бо интиқодҳояш аз ҳукумату дигар раҳбарони Тоҷикистон маъруф буд, ин дафъа бо ситоишҳо аз раисиҷумҳури Тоҷикистрон ба Душанбе баргашт ва дар иваз аз ҳукумат имтиёзҳое, чун манзил дар пойтахт ва ҳатто нишони “Ситораи президент” гирифт.
Дар пайи ин, як гурӯҳ ба намояндагӣ аз зиёиёни кишвар, бо шумули роҳбарони Иттиҳодияи нависандагону Академияи улуми Тоҷикистон, ба додгоҳ муроҷиат карда, ҷуброни зарари маънавӣ талаб карданд. Даъвогарон мегӯянд, ки калимаи “наҷосат”, ки дар матлаби Тутубалина нисбат ба зиёиён истифода шудааст, “ба воқеъият дуруст намеояд” ва шаъну шараф ва эътибори равшанфикрон, як қишри баобрӯи ҷомиаи Тоҷикистонро паст мезанад. Онҳо ҳамчун аз муаллиф ва нашрияи “Азия Плюс” 200 000 сомонӣ товон мехостанд. Аммо додгоҳ рӯзи 25 феврал қарор кард, ки “Азия Плюс” ва Олга Тутубалина ба се шахси даъвогар 30 000 сомонӣ пардохт кунанд.
Интиқодҳо аз ҳукми Тутубалина
Ҳукми додгоҳи Фирдавсӣ мавҷи интиқодҳо дар маҳофили журналистии Тоҷикистон ва дар сатҳи байналмилалиро ба бор овардааст. Иттиҳодияи Аврупо ва Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) ва ҳамин тавр ҳамаи созмонҳои байналмилалии ҳомии озодии матбуот аз ин ҳукм изҳори таассуф карда, онро аломати фишор болои журналистони мунтақид дар Тоҷикистон хонданд.
Созмони “Хабарнигорони бидуни марз” (Reporters Without Borders) низ дар моҳи апрел аз мақомоти додгоҳии Тоҷикистон хост, то ҳукми алайҳи нашрияи мустақили “Азия Плюс” ва хабарнигори ин нашрия Олга Тутубалинаро бекор кунад.
Human Rights Watch ҳам гуфт, мақомоти Тоҷикистон бояд бар ӯҳдадориҳои худ ҷиҳати таъмини озодии баён амал карда, ба “Азия Плюс” ва хабарнигорони дигар имкон диҳанд, то кори худро дар як муҳити озод аз табъиз ва фишорҳои бидуни тавҷеҳ анҷом диҳанд. Стив Свердлов, пажӯҳишгари Human Rights Watch гуфт, “ин қазия як намунаи талошҳо дар роҳи бо тарсдиҳӣ бастани даҳони хабарнигорон аст.“
Баҳсҳои додгоҳии “Азия Плюс”
“Азия Плюс” дар чанд соли охир ба чандин баҳси додгоҳӣ гирифтор шудааст.
Дар моҳи феврали соли 2010 додрасҳои Додгоҳи олии Тоҷикистон “Азия Плюс” ва ду расонаи дигарро ба нашри матлабҳои тӯҳматомепз дар бораи фасод дар низоми додгоҳии ин кишвар айбдор карда, тавассути додгоҳ аз нашрияҳо 1 миллион доллар товон хостанд. Ин даъво танҳо баъди ваъдаи “Азия Плюс” ва он ду ҷавобгари дигар, ки тайи як сол ягон матлабе дар ин масъала нашр намекунанд, пас гирифта шуд.
Моҳи августи соли 2011 генерал Анвар Тағоймуродов, як мақоми аршади вазорати умури дохила “Азия Плюс”-ро ба далели гӯё “паст задани шаъну эътибор”-и ӯ ва нашри матлаби “тӯҳматомез” ба додгоҳ кашонд ва 200 000 доллар товон хост. Аммо ӯ баъди чанде даъвояшро пас кашид.
Олга Тутубалина аз хабарнигорони матраҳи ҳафтаномаи мустақили “Азия Плюс” аст. Қазияи бархоста дар атрофи мақолаи Тутубалина боис шуд, ки мақоми Тоҷикистон дар раддабандиҳои байналмилалии озодии матбуот поён биравад.
Ҳафтаномаи “Азия Плюс” бахше аз силсилаи расонаҳоест, ки ҳанӯз дар миёнаи солҳои 90 аз тарафи хабарнигор ва ношири шинохта Умед Бобохонов таъсис ёфтааст. Ин медиа-ҳолдинг имрӯз як ҳафтаномаву як хабаргузорӣ ва як шабакаи радиоӣ бо номи “Азия Плюс” ва маҷаллаи муҷаллое бо номи “VIP-Zone”-ро фаро мегирад ва аз муваффақтарини тарҳҳо дар бозори матбуоти Тоҷикистон ба шумор меравад.