Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муовини Барак Обама ба Украина меравад


Ҷо Биден,муовини раиси ҷумҳури Амрико.
Ҷо Биден,муовини раиси ҷумҳури Амрико.

Ҷо Байден, муовини раиси ҷумҳури Амрико имрӯз бо сафари дурӯза ба Украина меравад, то бо мақомоти Киев дар робитаи ба бӯҳрони он кишвар дидору гуфтугӯ кунад.

Қарор аст оқои Байден дар ин сафар бо нахуствазир, раиси ҷумҳур ва бархе аз мақомоти олирутбаи Украина дидор кунад. Ба гуфтаи Кохи Сафед, Ҷо Байден бо намояндагони парлумони он кишвар аз аҳзоб ва манотиқи гуногун низ намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ низ дидор хоҳад кард.

Дар баёнияи Кохи Сафед дар ин маврид омадааст, дар ин дидорҳо ӯ дар мавриди талошҳои байналмилалӣ барои субот ва қувват бахшидан ба иқтисоди Украина, кӯмак ба украиниҳо барои эҷоди ислоҳот дар Қонуни асосии он кишвар, талошҳо алайҳи фасод ва баргузории интихоботи озод ва одилонаи раёсати ҷумҳурӣ" гуфтугӯ хоҳад кард.

Ин сафари муовини раиси ҷумҳури Амрико ба Украинаи бӯҳронзада дар ҳоле сурат мегирад, ки то ҳудуди як моҳи дигар дар ин кишвар интихоботи президентӣ баргузор мешавад. Интихоботи президентии Украина рӯзи 25-уми май доир хоҳад шуд. Сафари оқои Байден дар ҳоле сурат мегирад, ки дар даргириҳои мусаллаҳона дар шарқи он кишвар панҷ нафар кушта шуданд.

"МИР"И СЛОВЯНСК АЗ ПУТИН ХОСТ, БА ИНҶО НЕРӮ БИФИРИСТАД

Бино ба хабарҳо, дар як задухӯрди мусаллаҳона дар шаҳри Словянск дар шарқи Украина дастикам 5 нафар кушта шуданд. Раҳбари ҷудоиталабони Словянск Вячеслав Пономарёв дар пайи ҳамлаи субҳи 20 апрел дар ин минтақа то соати 6 субҳ қуюди шабгардӣ ҷорӣ карда, аз раисиҷумҳури Русия Владимир Путин хостааст, ба инҷо нирӯҳои ҳомии сулҳи Русияро бифиристад.

Бо ин ҳол, Маскав аз ҳамлаи шаби 20 апрел ба як посгоҳ дар канори шаҳри Словянск изҳори хашм кардааст. Сухангӯи вазорати хориҷаи Русия Александр Лукашевич ин "иғвои ҷангиён беазмии Киев дар ҷиҳати лаҷом задан ва халъи силоҳи қавмгароёну тундравонро нишон медиҳад."

Бино ба хабарҳо, соати дуи шаб чанд мошин ба посгоҳи ҷудоиталабон дар канори Словянск (ба русӣ - Славянск), шаҳре дар вилояти Донетск дар шарқи Украина наздик шуда, болои ҷудоиталабони тарафдори Русия оташ кушодаанд.

Гузоришҳо дар бораи шумори қурбониҳо мухталифанд. Мақомоти Украина мегӯянд, як нафар кушта ва се тани дигар захмӣ шудаанд. Аммо шабакаи телевизионии "Россия 24" мегӯяд, дар ин ҳамлаи субҳи якшанбе 5 нафар - 3 тан аз ҷудоиталабон ва ду тан аз ҳамлагарон - ҷон бохтааанд. Раҳбари ҷудоиталабони маҳаллӣ Вячеслав Пономарёв гуфт, се тан аз посбонони посгоҳ ва як ҳамлагар ба ҳалокат расидааанд.
Ҳамлаи хунин дар Словянск
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:46 0:00

Словянск, воқеъ дар 100-километрии шимоли маркази вилояти Донетск, яке аз дастикам 8 шаҳр дар вилоятҳои умдатан русзабони шарқи Украина аст, ки аз сӯи ҷудоиталабони тарафдори Русия тасарруф шудаанд. Аксари шаҳрҳои таҳти назорати ҷудоиталабон дар вилояти низ аҳолиаш умдатан русзабони Донетск ҷойгир шуда, ҷудоиталабон чанд зиреҳпӯши артиши Украинаро дар шаҳри Караматорск тасарруф карда, барои кумак ба силоҳбадастони рӯ ба Русия ба Словянск овардаанд.

Русия "Правий сектор"-ро айбдор кард, "Правий сектор" - Русияро

Вазорати хориҷаи Русия масъулияти ҳамларо ба дӯши ҷангиёни гурӯҳи тундрави "Правий сектор" бор мекунад. Аммо сухангӯи ин созмон Артём Скоропадский ин иддаоро рад кард ва гуфт, "ин як иғвои куфромез аз тарафи Русия аст. Куфромез ба он далел ки дар шаби барои масеҳиён муқаддаси арафаи иди Пасха рух дод." Скоропадский масъулияти ҳамлаи субҳи 20 апрелро ба дӯши "нирӯҳои вижаи Русия" гузошт.
Нирӯҳои "Беркут" ҳангоми саркӯби эътирозгарон дар Киев. Январи 2014
Нирӯҳои "Беркут" ҳангоми саркӯби эътирозгарон дар Киев. Январи 2014
Дар ҳамин ҳол, вазорати дохилаи Украина аз аъзои собиқи нирӯҳои "Беркут", ки ба далели нақшашон дар саркӯби эътирозҳои зидди Виктор Янукович пароканда шудаанд, хостааст, то ба хотири ҳимоят аз Ватан ба нирӯҳои худдифоъ пайваста, алайҳи таҷовузи хориҷӣ биҷанганд. Вазорати дохила гуфтааст, "дирӯз Беркут ва нирӯҳои худдифоъ дар сангарҳои мухталиф буданд", вале дар идомаи даъваташ мегӯяд, "Модари мо Украина ҳоло беш аз ҳар вақти дигар ба кумаки шумо зарурат дорад."

Хабари даргириҳо дар Словянск дар ҳоле мерасад, ки рӯзи 17 апрел музокироти чоргона дар Женева бо ширкати вазирони хориҷаи Русияву Украинаву Амрико ва раҳбари идораи сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Кетрин Эштон ҷиҳати одӣ сохтани авзоъ дар шарқи Украина ба тавофуқ расиданд. Яке аз ин тавофуқот халъи силоҳи гурӯҳҳои ғайриқонунӣ ва ба моликонашон баргардондани биноҳои ишғолшуда буд. Вале ҷудоиталабоне, ки борва меравад, аз сӯи Русия раҳбарӣ ва ҳидоят мешаванд, ба дунбол изҳор доштанд, ки талаботи музокироти Женева барои онҳо нест, балки бояд пеш аз ҳама гурӯҳҳои қавмгарои украинӣ, назири “Правий сектор” таслими силоҳ кунанд.

Вазъи Украина аз поёни моҳи феврал, дар пайи суқути ҳукумати рӯ ба Маскави Виктор Янукович дар натиҷаи се моҳи эътирозҳо ба бӯҳрони амиқ фурӯ рафт. Русия бо истифода аз фурсат нимҷазираи Қрими Украинаро, ки беш аз нисфи аҳолиашро русзабонҳо ташкил медиҳанд, ишғол кардв а бо баргузории як райъпурсӣ Ҷумҳурии мухтори Қрим ва шаҳри Севастополро ҳамчун ду субъекти алоҳида ба қаламрави худ ҳамроҳ кард.
Виктор Янукович бо писараш Олександр
Виктор Янукович бо писараш Олександр
Ҳоло сарусадоҳое зиёд шудаанд, ки Яункович баъди ду моҳи дар Русия паноҳ бурданаш дар садади бозгашт ба Украина аст. Хадамоти амнияти Украина, ки ду рӯз пеш Олександр, писари калонии Януковичро тавассути Интерпол таҳти пайгарди байналмилалӣ қарор дод, гуфтааст, Януковичро дар сурати баргаштанаш дастгир хоҳанд кард. Алайҳи ӯ дар Украина чандин парвандаи ҷиноӣ боз карда, Киев ҳатто аз додгоҳи Гаага хостааст, то Януковичро барои нақшаш дар қатли даҳҳо эътирозгар ба ин додгоҳи байналмилалӣ бикашонад.

Ин иқдом ба вокуниши шадидан манфии ҳам мақомоти кунунии Украина ва ҳам кишварҳои Ғарб рӯбарӯ шуд. Амрикову Аврупо алайҳи Русия алакай як силсила таҳримот ҷорӣ карда, мегӯянд, дар сурати идомаи дахолатҳои Маскав дар умури Украина ҳалқаи таҳримоташонро боз ҳам тангтар хоҳанд кард.

Мақомоти Украина авҷ гирифтани ҷунбишҳои ҷудоиталабӣ дар вилоятҳои умдатан русзабони шарқи ин кишваррро марҳалаи дувуми сенарияи Қрим меноманд, вале мегӯянд, ин навбат аз якпорчагии Украина ба сароҳат дифоъ хоҳанд кард. Аз 15 апрел дар шарқи Украина амалиёти зиддитеррор шурӯъ шуда, ба ин манзур нирӯҳои изофӣ ба ин манотиқ эъзом шудаанд. Вале Русия Киевро аз ҳар навъ истифодаи нирӯ алайҳи русзабонҳо ҳушдор додааст.
XS
SM
MD
LG