Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз таъсиси Тоҷикистони "нахустин" сад сол гузашт


Роҳбарони Шӯравӣ. Соли 1935
Роҳбарони Шӯравӣ. Соли 1935

14-уми октябр дар тақвими Тоҷикистон рӯзи истироҳат нест, вале ин рӯзи таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон дар ҳайати Узбекистон дар соли 1924 аст.

Ҳарчанд тоҷикон мардуми бумии ин сарзамин буданд, ташкили кишвари онҳо бо монеаҳо рӯбарӯ гашт. Мухторият дертар ба ҷумҳурии Тоҷикистони Шӯравӣ ва солҳо баъд ба давлати мустақилу алоҳида табдил шуд, ҳарчанд роҳи осоне набуд.

Тақсимот бештар аз рӯйи манфиатҳои Маскав

Сайфуллоҳ Муллоҷоно
Сайфуллоҳ Муллоҷоно

Таърихнигор Сайфуллоҳ Муллоҷон мегӯяд, дар оғози тақсимот номи тоҷик дар ҳеч ҷой бурда намешуд: "Азбаски таҳаррукоти пантуркистҳо ин ҷо ошкор шуд, давлати Усмонӣ лағв шуда буду дар Туркияи ҷадид Отатурк ба сари қудрат омад, ин ҳаракатҳо шуруъ шуданд. Болшевикҳо диданд, ки агар ин ҷумҳуриҳои турктаборро ташкил диҳанду як чизе дар гулӯи инҳо набошад, намешавад. Аз ин рӯ, идея пайдо шуд. Дар аввал гуфтанд, ки вилоят, баъд ҷумҳурии худмухтори Тоҷикистон дар ҳайати Узбекистон."

Дар 9 моҳи соли 1924 давлати Шӯравӣ бо раҳбарии Иосиф Сталин қарор кард ба ҷойи Аморати Бухоро, хонигариҳои Хуқанду Хева ва Туркистони Русия бар асоси мансубияти қавмӣ ҷумҳуриҳои миллӣ бисозад.

Ин тақсимот бештар аз рӯйи манфиатҳои Маскав, гурӯҳҳои аз лиҳози сиёсӣ фаъоли пантуркистӣ, мухолифони пинҳони Русия ва фурсатталабони сиёсӣ сурат гирифт, ки бо ибораи машҳури як сиёстмадори маскавӣ “табартақсим” номида шуд. Ин буд, ки раҳбарони мухторияти Тоҷикистон садои эътироз баланд карданд.

Намоз Ҳотамов
Намоз Ҳотамов

Профессор Намоз Ҳотамов гуфт: “Аввалин раиси Кумитаи инқилобӣ Нусратулло Махсумро таъйин карданд. Ӯ аввалин шуда эътирози худашро дар номае ба Сталин навишт, ки бо ин тақсимот розӣ нестем ва ин бар зарари тоҷикон аст. Баъди вай пасиҳам Абдуқодир Муҳиддинов ва дигарон мактуби зиёд навиштанд. Ҳатто аз ҷиҳати иқтисодӣ. Вақте пул ба ҳисоби ҷумҳурии Узбекистон гузаронида мешавад, бояд ҳаққи ҷумҳурии мухтор ҷудо шавад. Ба Тоҷикистон аҳамият намедод. Ҳамаашро навиштаанд.”

Омилҳо

Сайфуллоҳ Муллоҷон бар ин аст, ки ҳамчун воҳиди этникӣ номгузорӣ кардани давлат дар боло рафтани худшиносии миллии тоҷикон ва талоши онҳо барои сарнавишти сиёсӣ нақши муаасир гузоштааст. Ӯ дар баробари эътирози мардуми Конибодом барои аз ҳайати Узбекистон берун шудан омилҳои дигареро низ сабаби расидан ба Тоҷикистони сотсиалистӣ медонад.

"Шахсияти мадрасахондае чун Садриддин Айнӣ, ки то соли 1923 тамоми осораш ба муҳаббати Бухорову ухувати динӣ аст, таъсиси Тоҷикистон ва номи Тоҷикистон аз як мулло ҳамин шахсияти миллӣ месозад. Нигоҳ мекунем, Айнӣ аз соли 1924 ба ин ҷониб тоҷикгаро, тоҷикпараст ва тоҷиксито мешавад. Китоби маъруфи “Намунаи адабиёти тоҷик”-ро менависад, ки ин ҳам ҷавоб ба он нафароне буд, ки мавҷудияти тоҷикро зери суол мебурданд," – шарҳ дод ӯ.

Нуралӣ Давлат
Нуралӣ Давлат

Нуралӣ Давлат, рӯзноманигору таърихдон, чанд омил, аз ҷумла зарурати геополитикии Русияи болшевикиро сабаби тағйири мавқеи Маскав нисбат ба тоҷикон донист.

Вай гуфт: “Масъалаи таъсиси ҷумҳурии шӯравии сотсиалистӣ ҳам дар ибтидои соли 1929 дар замони ба сари қудрат омадани Ҳабибуллои Калаконии тоҷик дар Афғонистон дар Маскав матраҳ мешавад. Зеро Калаконӣ ҳукуматдории дусадсолаи паштунҳоро дар Афғонистон шикаста буд. Аз ҳамин сабаб суол матраҳ мешавад, ки чаро соли 1927 ин масъала бардошта нашуд, соли 1928, соли 1932, 1931, 1930 не, маҳз замоне ки Ҳабибуллоҳи Калаконӣ дар Афғонистон сари қудрат омад? Дар ҳар сурат, фарзияе ҳаст.”

"Ин иштибоҳи фоҳишашро наметавонем аз ёд барем"

Ҳарчанд таъсиси давлати ҷудогонаро дар соли 1929 як дастовард медонанд, аз нигоҳи муаррихон бохтҳое низ ба ҳамроҳ доштааст. Ба қавли таърихнигор Сайфуллоҳ Муллоҷон, миллате, ки дар тӯли таърих шояд ду ҳазор шаҳр сохтааст, як шаҳр ҳам ҳатто барояш надоданд ва дар як деҳа омаданду пойтахт доданд.

"Мо бисёр чизҳои бузургро аз даст додем. Дар 100 соли охир хотираи аз даст додани ҳамин марказҳои бузурги фарҳангиву пойтахтҳои ҳазорсолаамон ҳамчун як ҷузъи худшиносии миллии мо монд. Инро ба 5-солаю даҳсола намешавад зудудан. Ҳазор агар шӯравиро ситоиш кунем, ин иштибоҳи фоҳишашро мо наметавонем аз ёд барем,” -- таъкид кард Сайфуллоҳ Муллоҷон.

Аз нигоҳи Намоз Ҳотамов, бохти бузург ҳамин буд, ки аз сарзамини таърихӣ ҷойи аз нигоҳи иқтисодиву фарҳангӣ хеле қафомондатарин минтақа – Бухорои Шарқӣ – насиби тоҷикон шуд. Нуралӣ Давлат, муҳақиқи таърихи сиёсии тоҷик ҳам мегӯяд, дар рӯзе, ки инқилоби Бухоро пирӯз шуд, Файзуллоҳ Хоҷаев эълон кард, ки забони тоҷикӣ мамнуъ аст ва дар идораҳои давлатӣ ҷарима эълон кард ва забони узбекиро дар Ҷумҳурии Бухоро расман забони давлатӣ эълон кард.

“Аз ташкили давлати Шӯравӣ аз ҳама бештар мардуми славян ва турктабори минтақа фоида гирифтанд. Мо – тоҷикон ва ҳатто арманҳо бохтҳои зиёде доштем,” - мегӯяд Нуралӣ Давлат.

Аксари таърихнигорон дар як масъала ҳамназаранд, ки бо вуҷуди таҳти фишори чандин омил сохта шудани давлати тоҷикон, Шӯравӣ ба таърих, фарҳанг ва озодии мардуми тоҷик зарбаи бузург зад.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Аз замони таъсиси Тоҷикистони “нахустин” сад сол гузашт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:23 0:00
XS
SM
MD
LG