Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шебу фарози зиндагии як инқилобӣ. Чинор Имомов кӣ буд?


Чинор Имомов. Акс аз сомонаи Кумитаи сохтмон ва меъморӣ
Чинор Имомов. Акс аз сомонаи Кумитаи сохтмон ва меъморӣ
Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна таъсис ёфт? Ҳудуди ҳозираи кишварҳои Осиёи Марказиро кӣ ва чӣ гуна кашид? Нуралӣ Давлат, рӯзноманигори тоҷик, кӯшидааст, дар навиштаи зер ба як гӯшаи дигаре аз таърихи тоҷикон дар оғози ҳукумати Шӯравӣ рӯшанӣ андозад. Вай дар ин кор ба манбаъ ва навиштаҳои гуногун такя кардааст. Қисми аввали онро нашр мекунему мунтазири вокунишҳои шумо ҳам ҳастем.

Нуралӣ Давлат, рӯзноманигори тоҷик

“Чинор” аз куҷо пайдо шуд?

Чинор Имомов, яке аз сиёсатмадорони намоёни тоҷик дар даҳаҳои дувум ва севуми асри бист, роҳбари нахустини Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсилистии Тоҷикистон ва сарвари коммунистони ин ҷумҳурии навтаъсис буд.

16-уми октябри соли 1898 дар деҳаи Зебони шаҳри Панҷакенти вилояти Самарқанд таваллуд ёфтааст. Номи аслиаш Очилдӣ буд. Ҷангалбони рус Василий Волков, ошнои падараш, ҳар вақт ба деҳаи онҳо меомад, аз Очилдӣ мехост, аспашро ба ягон ҷой бурда бандад.

Дар тамоми манобеи дастрас Волков ҷангалбони рус зикр шудааст, аммо профессор Мурод Муродӣ ӯро “афсари рус” ва “дӯсти оилаи Имомовҳо” ном бурдааст. (М.Муродӣ. Кит. “Публитсистикаи тоҷик”. Душанбе. Нашриёти “Аржанг”, с.2021. Саҳ. 144).

Очилдӣ аспи ӯро ба чинори калоне мебаст, ки атрофаш алафзор буд. Ҳар вақте Волков мепурсид, ки асп дар куҷост, Очилдӣ, ки русиро хуб балад набуд, посух медод, ки “зери дарахти чинор”.

Ҷангалбони рус дигар номи ӯро нагирифта, бо шӯхӣ “Чинор” садо мекард. Ин тахаллус батадриҷ ҷойи номи Очилдиро гирифт. Дигар ҳама, ба шумули наздикон, ӯро Чинор меномиданд. Падараш Имом ном доштааст, аммо маълум нест, ки чаро дар тарҷумаи ҳоли расмӣ насаби ӯ “Искандарович” зикр шуда.

Аслан Имом деҳқон буда, баъзан подабонӣ ҳам мекардааст. Пас аз марги падар тарбияи Чинору хоҳаронаш – Мисқол ва Тулғуной – ба дӯши модарашон Раъно уфтод. Замоне ки 7-8 сол дошт, падараш фавтид ва Чинор маҷбур шуд, ки ҳамроҳи бародари калониаш мардикорӣ кунад. Аммо соли 1909 ҷангалбони рус Волков бо розигии модари Чинор ӯро ҳамроҳи худ ба Самарқанд бурда, баробари кӯдакони худаш – Михаил ва Тимофей – тарбия кардааст.

Тибқи маълумоти муҳаққиқон, Чинор соли 1911 ба мактаби русӣ, ки барои сокинони маҳаллӣ таъсис ёфта буд, рафтааст. Пас аз анҷоми мактаб ба Омӯзишгоҳи чорсолаи шаҳри Самарқанд дохил шуда, онро соли 1917 ба поён мерасонад. Азбаски ин вақт дар генерал-губернатории Туркистон, ки шаҳри Самарқанд ба ҳайати он дохил мешуд, ҳаракати инқилобӣ авҷ мегирад, Чинор ҳам ба сафи инқилобиюн мепайвандад.

Дар ибтидо ба ҳизби эсерҳо (сотсиал-револютсионерҳо) дохил шуда, аммо зуд равобити худро бо онҳо бас кардааст. Ба сафи болшевикон пайваст.

Имомов соли 1918 раиси Кумитаи инқилобии Ӯротеппа (Истаравшани ҳозира), баъдтар раиси Кумитаи ҳизби коммунисти шаҳри мазкур интихоб шуд. Солҳои 1920-22 ӯро раиси Кумитаҳои ҳизбию уездии шаҳрии Ҷиззах ва Самарқанд ва соли 1923 ноиби якуми раиси КМИ ҶМШС Туркистон таъйин карданд.

Ин айём Имомов дар рушди соҳаи маориф, бахусус ташкили мактабҳои тоҷикӣ дар Туркистон ва таълифу нашри китобҳои дарсӣ ба забони модарӣ ҷаҳди зиёд карда, дар таъсиси рӯзномаи “Овози тоҷик”, ки нахустин рӯзномаи тоҷикон дар даврони Шӯравӣ буд, саҳми калон доштааст.

Шириншо Шоҳтемур
Шириншо Шоҳтемур

Барои таъсиси ин нашрия моҳи декабри соли 1923 Имомов ҳамроҳи Шириншо Шотемур ба Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Туркистон ба чунин мазмун нома навиштаанд: “Дар вақти ҳозира ба забонҳои ҳамаи халқҳои сернуфузи Туркистон рӯзномаҳо нашр мешавад… Фақат ба забони тоҷикӣ ягон чиз чоп намешавад, ҳол он ки тоҷикон қисмати басо назарраси аҳолии Туркистон, бахусус, вилояти Самарқандро ташкил медиҳанд…”

Соли 1924 Маскав тасмим гирифтааст, ки қаламрави Осиёи Миёнаро ба ҷумҳуриҳои миллӣ тақсим кунад. Имомов ҳамроҳи ду нафари дигар – Абдураҳим Ҳоҷибоев ва Маъруф Саидҷонов ба ҳайати зергурӯҳи тоҷикон дар ҳайати комиссияи узбекӣ шомил карда мешаванд. Ӯ дар охири солҳои 1928-1930 дар Ленинград таҳсил карда, баъд аз бозгашт соли 1930 дар як қатор вазифаҳои калидии ҷумҳурии тозатаъсиси Тоҷикистон кор кардааст.

Имомов дар миёни аҳли илму адаб ҳамчун шахси фарҳангдӯст ва тарғибгари адабиёти ҳазорсолаи тоҷику форс обрӯ дошт. Аз ин рӯ, Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Раҳим Ҳошим ва дигарон ба ӯ эҳтиром доштанд. Дар баъзе аз манбаъҳо зикр гардидааст, ки ӯ ба маҷмӯаи нахустини шеърҳои Лоҳутӣ, ки зери номи “Адабиёти сурх” чоп шуда буд, пешгуфтор навиштаааст.

Чинор Имомов дар моҳи июли соли 1937 боздошт ва моҳи октябри соли 1938 ба марг маҳкум шуд.

Баҳсҳо дар атрофи ташкили Тоҷикистон

Азбаски ҳангоми тақсимоти миллӣ-маъмурии соли 1924 тоҷикон аз марказҳои муҳимми сиёсӣ, таърихӣ ва фарҳангии худ маҳрум шуданд, фаъолияти зергурӯҳи тоҷикон, бахусус, баъд аз эълони истиқлол мавриди танқиди сахти баъзе аз таърихнигорон қарор гирифт. Дар миёни мунтақидон барҷастатаринаш академик Раҳим Масов аст.

Ӯ дар китобаш “Таърихи табартақсим” ба протоколи стенограммаҳои ҷаласаҳои комиссияи тақсими ҳудудӣ дар Осиёи Миёна, ки ибтидои солҳои 1990 дастраси муҳаққиқон гардиданд, такя мекунад. Яке аз ин ҳуҷҷатҳо ба маҷлисе рабт дорад, ки 21-уми августи соли 1924 доир гардидааст.

Раҳим Масов
Раҳим Масов

Академик Масов муҳтавои суханронии аъзои зеркомиссияи тоҷик ва мубоҳисаеро, ки миёни ҷонибдорон ва мухолифони таъсисёбии ҷумҳурии комилҳуқуқи Тоҷикистон сурат гирифт, мухтасар истифода бурдааст. Дар ин ҷаласа Имомов бо сароҳат эълон дошта, ки тоҷикон 1 миллиону 200 ҳазорро ташкил медиҳанд, аммо сарфи назар аз ин, 800 ҳазор нафари онҳо берун аз хоки ҶМШС Тоҷикистон мемонанд. Азбаски мо матни пурраи ин ҷаласаро ёфтем, дар зер нуктаҳои муҳими суханронии Имомовро меорем:

  • иттиҳоди тоҷикон дар як маркази пурзӯр аз лиҳози ҷуғрофӣ ва иқтисодӣ имконнопазир аст, афзун бар ин, дар водиҳо ҳамроҳи тоҷикон узбекон, ки аксариятро ташкил мекунанд, зиндагӣ доранд;
  • дар шароити ҳозира бардоштани масъалаи иттиҳоди тоҷикони шаҳрӣ лозим нест, шояд татбиқи ин идея баъд аз муддате зарур шавад, аммо на ҳоло;
  • лоиҳаеро, ки Комиссияи тоҷикон дар мувофиқа бо гурӯҳи узбекон пешниҳод кардааст, қобили қабул аст;
  • маркази тоҷикон шаҳри Душанбе интихоб гардида, барои гарм кардани биноҳо ҳоло ба он ҷо ҳезум кашонда истодаанд;
  • ҷумҳурии соҳибистиқлоли Узбекистон нисбат ба вилояти мухтори Тоҷикистон бояд каме ҳиммат нишон диҳад.

Аммо Султон Хоҷанов, узви комиссияи қазоқҳо, бо тамасхур гуфтааст, ки шояд Имомов гунаҳкор набошад, ки ба тоҷикон аз ин бештар замин надоданд (ханда дар толор). Ӯ дар идома афзуда, ки агар барои тоҷикон ба таъсиси вилояти мазкур зарурат вуҷуд надошта бошад, пас, ҳеч касро барои худмуайянкунӣ маҷбур накардаанд. Аммо Имомов дар эътироз ба Хоҷанов гуфтааст:

  • дар суханронии аввали худ пайвастани вилоятҳои Қӯрғонтеппа ва Сари Осиёро аз мадди назар дур карда буд (Сари Осиё ҳеч гоҳ ба Тоҷикистон ҳамроҳ карда нашуд. Н.Д);
  • рафиқони узбек розӣ шуданд, ки дар оянда барои таҳкими вилояти Тоҷикистон мусоидат кунанд. Сипас ӯ Хоҷановро муттаҳам ва талаб мекунад, ки дар нақши тоҷикон дар нохунак баромад карда, манофеи форсҳоро татбиқ накунад;
  • вилояти мухтори Тоҷикистон аз лиҳози иқтисодӣ ва сиёсӣ аҳамияти калон хоҳад дошт, зеро он бо Узбекистони бузург алоқаманд хоҳад буд.

Намояндаи комиссияи узбекон Исломов низ Хоҷановро муттаҳам карда, гуфтааст, ки аз худи тоҷикон тоҷиктар шудан имкон надорад (ханда дар толор) ва агар ӯ аз вазъият розӣ нест, аз он сабаб аст, ки байни намояндагони узбек ва тоҷик дар комиссия ихтилоф вуҷуд надорад: “Мо ният дорем, ки минбаъд бо фароҳам омадани имкониятҳо марзҳоро тағйир диҳем, мушаххас ва дақиқ кунем, аммо ҳоло бояд масъалаи қаламраверо, ки бо тоҷикон мувофиқа кардаем, ҳал намоем.”

Бояд ин нуктаро зикр кунем, ки бо андешаи академик Раҳим Масов муҳаққиқи дигари тоҷик Имомназар Мирзозода (Келдиев), ки ҳаёту фаъолияти Чинор Имомовро таҳқиқ карда, чанд мақола ва як китоб навиштааст, мувофиқ нест. Ӯ дар ин иртибот ба чанд нукта ишора мекунад, аз ҷумла:

*Агар мазмуни суханрониҳои Чинор Имомов ва Абдураҳим Ҳоҷибоев бодиққат таҳлил шаваду ба тарзу моҳияти андешарониҳои онҳо эътибор дода шавад, пас, чунин бардошт ҳосил мешавад, ки онҳо дар комиссия рӯирост амал карда наметавонистанд;

*Зеркомиссияи тоҷикӣ овози машваратӣ дошт, бино бар ин, бояд хоҳ-нохоҳ супоришу салоҳдиди ҳайати узбеконро ба ҷо меовард.

Ба андешаи Имомназар Мирзозода сарнавишти тоҷиконро аъзои гурӯҳи узбекҳо, ки дорои овози ҳалкунанда буданд, ҳаллу фасл мекарданд («Ҳақиқати таърих», Душанбе, 1990, саҳ.136-137). Ин нуктаро бояд тазаккур диҳем, ки сарнавишти тоҷикон чанд сол пештар аз тақсимоти миллӣ-маъмурӣ ҳал шуда буд.

Ба андешаи муҳаққиқи машҳури тоҷик Камолуддин Абдуллоев, ҳанӯз баъд аз пирӯзии болшевикон дар Русия дар соли 1917 бунёдгузори давлати шӯравӣ Ленин навишта буд, ки Осиёи Миёна бояд миёни узбекҳо, қирғизҳо ва туркманҳо тақсим шавад. Дар ин тақсимот ягон вилоят ва ё ҷумҳурӣ барои қадимтарин халқи ин минтақа пешбинӣ намешуд. Аммо оё мушкил танҳо назари Ленин буд ё омилҳои дигаре низ вуҷуд доранд?

Камолуддин Абдуллоев дар ин иртибот ба чанд нуктаи дигар ишора мекунад, аз ҷумла:

  • Ҳайати зеркомиссияи тоҷикон ҳам чандон кӯшиш накарданд, ки манофеи халқи худро дифоъ кунанд;
  • Бонуфузтарин сиёсатмадорони тоҷик, аз қабили Файзулло Хоҷаев, Абдулло Раҳимбоев ва ғайра зери таъсири пантуркизм монда, манофеи миллии халқи худро сарфи назар карданд;
  • Эҳтимол аъзои зеркомиссияи тоҷик ҳангоми тақсимот аз он рӯ мавқеи созишкоронаро пеш гирифта, фаъолияти худро бо намояндагони узбек ҳамоҳанг мекарданд, ки ба онҳо дар Тоҷикистони иборат аз кӯҳҳои лучу урён мансаб ваъда карда буданд.

Дар ҳақиқат, тавре муҳаққиқи мазкур мегӯяд, дар таъсиси ҶШС Тоҷикистон дар соли 1929 Сталин саҳми зиёд гузошт, алалхусус, дар ҷаласаи ғайринавбатии Бюрои Сиёсии Кумитаи Марказии РКП (б), ки 11-уми октябри 1924 дар Маскав баргузор гардид. Тибқи тасмими Комиссияи тақсимоти миллӣ-маъмурӣ бояд Вилояти Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис мешуд ва барои ҳалли ин масъала роҳбари ИҶШС Сталин дар ҷаласаи мазкур ширкат ва суханронӣ кард.

Ҳамчунин дар он Чинор Имомов, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Абдулло Раҳимбоев, аъзои Кумитаи Марказии РКП (б) Г.В.Чичерин, Я.Э.Рудзутак, И.А.Зеленский, аъзои Комиссияи марказии тақсимоти миллӣ-маъмурии Осиёи Миёна Кайсигиз Отабоев (туркман), Султон Хоҷанов (қазоқ) ва ғайра иштирок намуданд. Онҳо пешниҳод карданд, ки ба ҳайати Тоҷикистон вилояти Самарқанд, як қисми вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Шӯравии Туркистон, вилояти Сурхондарё (Сариосиё), Бухорои Шарқӣ ва Помири Ҷумҳурии Шӯравии Бухоро ҳамроҳ карда шаванд.

Бурд ва бохти мо аз Сталин

Имомназар Мирзозода бо такя ба Фонди Сталин дар бойгонии Пажӯҳишгоҳи марксизм-ленинизми назди ҲКИШ мегӯяд, дар ҷаласаи мазкур Котиби генералии КМ РКП (б) Сталин гуфтааст, масъалаи тақсимоти Осиёи Миёнаро аз нав баррасӣ кардану онро кашол додан ба мақсад мувофиқ нест. Ӯ идомаи ҷанги шаҳрвандӣ дар баъзе аз минтақаҳои кӯҳистони Ҷумҳурии Туркистон ва Бухорои Шарқӣ ва муташанниҷ шудани вазъи сиёсию иқтисодиро дар минтақа далел овардааст.

Сталин дар идома таъкид кардааст, ки дар чунин шароит пешниҳоди рафиқони узбек дар мавриди бетағйир мондани ҳудудҳои муайяншудаи Осиёи Миёна аз ҷониби Комиссия дуруст аст, аз ин рӯ, вилоятҳои Самарқанду Сурхондарё алҳол бояд дар ҳайати Ҷумхурии навташкили Узбекистон бимонанд.

Ҳамзамон Сталин таъкид карда, ки тоҷикон аз халқҳои қадимии Осиёи Миёна ҳастанд ва барои таъсиси ҷумҳурии хеш ҳуқуқи комил доранд, бинобар ин, изҳор медорад, ки ҷонибдори таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аст, на ҷумҳурии мухтор. Дар баробари ин роҳбари давлати шӯравӣ изҳор дошта, ки баъди ба эътидол омадани вазъияти сиёсӣ дар минтақаҳои мазкур нисбат ба ин масъала таҷдиди назар кардан мумкин аст (И.Келдиев. Мақолаи зикршуда. Саҳ.69.).

Журналисти тоҷик Шарифи Ҳамдампур дар китоби “Тоҷикон дар суҳбати Ғафуров бо Сталин” стенограммаи мулоқоти роҳбари давлати Шӯравиро бо котиби якуми КМ ҲК Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров иқтибос овардааст. Тибқи стенограмма, мулоқоти мазкур соли 1949 сурат гирифта, Сталин ва Ғафуров чунин муколама кардаанд:

“Ғафуров: - Иосиф Виссарионович, халқи тоҷик медонад, ки таъсиси ҷумҳурии мо ба туфайли исрору пофишории шумо, бо фармони КМ ҲКУ(б) сурат гирифт. Он вақт ҳатто дар миёни худи тоҷикон ҳам шахсоне буданд, ки исбот мекарданд, ки дар Осиёи Миёна тоҷикон вуҷуд надоранд ва дар ин хусус ба шумо телеграммаҳо фиристоданд...

Сталин: - Бале, дар ин ҷумла Раҳимбоев гуфтанӣ касе буд, ки исбот кардан мехост, ки дар Осиёи Миёна тоҷикон вуҷуд надоранд. Аммо чунон ки мебинед, на танҳо вуҷуд доранд, балки афзоиш меёбанд. Ва ин халқ халқи махсусест, ки аз узбекҳо, қазоқҳо, қирғизҳо, туркманҳо фарқи калон дорад. Туркҳо дар Осиёи Миёна асрҳои XI-XII ҳазорсолаи мо пайдо шудаанд, аммо эронинажодон дар он ҷо аз асри панҷуми то ҳазорсолаи мо сукунат доранд”. (Кит. “Тоҷикон дар сӯҳбати Ғафуров бо Сталин”. Душанбе, “Ирфон”, соли 2018. Саҳ.11).

Ба ин тартиб, бо дар назардошти пешниҳодҳои аъзои зеркомиссияи тоҷик, афроди мазкур ва алалхусус нуқтаи назари Сталин, Бюрои Сиёсии Кумитаи Марказии РКП (б) қарор қабул кард, ки ба ҷои вилояти мухтор Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон ташкил дода шавад. Албатта, ин муваффақият буд, аммо аз даст рафтани марказҳои бузурги тамаддуни тоҷик бохти бузург ҳисоб мешавад.

(Идома дорад)

Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG