Як созмони муътабари байнулмилалӣ аз мақомоти Тоҷикистон хост, ки парвандаи зидди рӯзноманигор Рухшона Ҳакимоваро бекор кунанд.
Human Rights Watch (Дидбони Ҳуқуқи Башар) рӯзи 29-уми январ дар изҳороте гуфт, рӯзноманигорон барои фаъолиятҳои худ набояд ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шаванд.
Мақомот дар Тоҷикистон Рухшона Ҳакимоваро дар доираи парвандаи маъруф ба “табадуллот” ба “хиёнат ба давлат” гумонзад медонанд.
Ба иттилои дарёфтӣ, додситон рӯзи 8-уми январ ба ӯ 17 сол зиндон талаб кардааст. Қазияаш муҳри махфӣ дорад ва ҷузъиёташ маълум нест. Худаш бо шарти берун нарафтан аз маҳалли иқомат дар озодист, чун ду тифл дорад.
Як манбаи наздик ба тафтишот парвандаи Рухшона Ҳакимоваро ба пурсише “дар мавриди нуфузи Чин дар Тоҷикистон” пайванд дод. Худи ӯ ва вакили мудофеаш барои шарҳи масъала дастрас нестанд. Як манбаи огоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, Рухшона Ҳакимова дар мурофиаҳои додгоҳӣ иттиҳомро беасос хондааст.
Сийнат Султоналиева, пажӯҳишгари Human Rights Watch (Дидбони Ҳуқуқи Башар), рӯзи 29-уми январ гуфт, “агар мақомоти Тоҷикистон далелҳои боварбхаш доранд, ки воқеан ҷинояте содир шудааст, бояд раванди қонуниро риоя карда, муҳокимаи одилонаро кафолат диҳанд.”
Дидбони Ҳуқуқи Башар мегӯяд, мақомоти Тоҷикистон бояд ба озодии баён эҳтиром гузоранд ва интиқомгириро аз хабарнигорон бас кунанд. Ин созмон аз шарикони минтақаӣ ва байнулмилалии Тоҷикистон ҳам хостааст, ки ба ҳукумат барои риояи масъулиятҳояш дар мавриди ҳуқуқи инсон фишор биоранд.
“Мақомоти Тоҷикистон маъракаи иръоб ё шантажро алайҳи расонаҳои мустақил бас карда, рӯзноманигоронеро, ки беасос зиндонӣ шудаанд, фавран озод кунанд,” – гуфт Сийнат Султоналиева.
Ӯ афзуд: “Бояд дар хотир дошта бошанд, ки садо ва фикрҳои танқидӣ пойдевори ҷомеаи демократист. Аз байн бурдани онҳо поймоли меъёрҳои байнулмилалии ҳуқуқи башар дар мавриди озодии баён аст.”
Дар бештар аз ду соли охир нуҳ рӯзноманигор ва блогери тоҷик – Абдулло Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Далери Имомалӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Хуршед Фозилов, Хушом Ғулом, Улфатхоним Мамадшоева, Муҳаммади Султон ва Аҳмади Иброҳим – аз 7 то 20 сол зиндонӣ шуданд. Мақомот онҳоро ба ифротгароиву қаллобӣ ва тамаъҷӯӣ гунаҳкор донистанд, аммо худашону наздиконашон рад карданд.
Дар қазияи Рухшона Ҳакимова додрас ба хонаи машваратӣ рафтааст. Интизор меравад, дар ҷаласаи охирин ҳукми ӯ ва гумонзадҳои дигари парвандаи "табаддулот" эълон шавад. Рӯзи баргузории мурофиаи оянда дақиқ нест.
Рухшона Ҳакимова 31-сола аст ва зиёда аз даҳ сол дар расонаҳои гуногун ва созмонҳои хабарнигорӣ кор кардааст. Аз ҷумла, дар Шӯрои Воситаҳои Ахбори Омма ва Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон.
Ӯ бахши рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, корро соли 2013 дар Маркази таҳқиқоти журналистӣ оғоз кардааст. Корманди нашрияҳои “Самак”, “Фараж” ва “Ҷавонони Тоҷикистон” буд. Матолиби таҳлилияш дар сомонаҳои “Кабар Азия” ва “Фактчек.тҷ” низ нашр шудаанд. Барандаи ҷоизаи ба номи Воҳид Асрорӣ, ҷоизаҳои Кумитаи ҷавонон, Эътилофи бонувони журналист ва "Медиа-Алянс"-и Тоҷикистон аст.