Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷдиди корхонаи "Азот" расман оғоз мешавад


Корхонаи "Тоҷиакзот" 52 сол пеш арзи ҳастӣ кард
Корхонаи "Тоҷиакзот" 52 сол пеш арзи ҳастӣ кард

Рӯзи 18 ноябр маросими шурӯи таҷдиди корхонаи “Азот” баргузор мешавад, ки ҳанӯз ду соли пеш номаш дар сархати хабарҳои моҷаробарангез зикр мешуд. Ин корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералӣ баъди аз ихтиёри Ширкати Group DF ба фоидаи давлати Тоҷикистон гузаштанаш бо сармояи Чин аз нав эҳё мешавад.

Рӯзи 18 ноябр дар корхонаи кимиёвии Вахши “Азот” маросими шурӯи корҳои бозсозӣ баргузор мешавад ва дар ин маросим ҳузури президенти Тоҷикистон ҳам дар назар аст. Корхонае, ки ҳанӯз ду соли пеш дар сархати хабарҳои моҷаробарангез қарор дошт, баъди баҳсҳои зиёди ҳуқуқии мақомоти тоҷик ва моликдори собиқаш - ширкати Group DF-и олигархи украинӣ Дмитрий Фирташ ба ихтиёри давлати Тоҷикистон гузашт.

Дмитрий Фирташ
Дмитрий Фирташ

Бар асоси созиши миёни ҳукумат дар соли 2015 ва бо ҷалби 360 миллион доллар сармояи Чин қарор аст корхонаи «Азот» дубора ба истеҳсоли нуриҳои минералии хеле зарур барои Тоҷикистони пахтакор шурӯъ кунад. Рӯзи 18 ноябр инчунин хишти аввали сохтмони коргоҳи истеҳсли карбамиту аммиак ҳам дар назди корхонаи “Азот” баргузор мешавад.

Тоҷикистон: Истеҳсоли нуриҳои минералӣ кишоварзони тоҷикро хушнуд мекунад

Раиси дастгоҳи ҳукумати шаҳри Сарбанд Саттор Холмуродов гуфт, ки истеҳсоли маҳсулор дар корхона баъди анҷоми корҳои барқарорсозӣ шурӯъ мешавад.

Тоҷиддин Гадоев, муҳандиси корхонаи “Азот” дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки баъди шурӯи дубораи кори ин корхона сармоягузорон ваъдаи сари кор баргардонидани 600 кормандони собиқадори онро, ки дар рухсатии бемузд қарор доранд, ваъда додаанд. Замони шӯравӣ шумори коргарони ин корхона то 2000 нафар мерасид.

Дар маркази баҳсҳои сиёсӣ

Корхонаи “Тоҷиакзот” дар солҳои истиқолияти кишвар, ба қавли коршиносон, нохудогоҳ дар маркази моҷароҳои мулкиву пулӣ ва ҳатто сиёсӣ қарор гирифт. Корхонае, ки соли 1962 дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон бо ҳадафи таъмини кишоварзони тоҷик бо нуриҳои минералӣ бунёд шуд, дар солҳои оғози ҷанги шаҳрвандӣ аз кор монд.

Корхона бо сармояи Чин дубора эҳё мешавад
Корхона бо сармояи Чин дубора эҳё мешавад

Талоши раҳбарияти корхона барои эҳёи пурраи кори он натиҷаи кам дод. Соли 2001 ин корхонаро олигархи украинӣ Дмитрий Фирташ ва ширкаташ Group DF бо 75 дар сади саҳмияҳояш азхуд кард. Фаъолияти баъдии ин корхона бо гази табии Ӯзбакистони ҳамсоя ҷон гирифт, вале бо қатъи интиқоли газ ба Тоҷикистон дар солҳои 2008-2009 дубора аз кор монд. Дар маҷмӯъ дар давоми 8 соли охир корхона фаъолияти чашмрасе надошт.

Вале исми корхона дар солҳои 2014 ва баъд ба матбуот на ба ҳайси корхонаи дучори мушкил, балки ҷузве аз баҳсҳои додгоҳиву парвандаҳои ҷиноӣ, аз ҷумла дар робита бо соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов роҳ ёфт. Қаблан корхонаи 75 дар сади саҳмияҳои корхонаи саноатии “Тоҷиказот”ба милдиардери украини Дмитрий Фитраш, 20 дар садаш ба ҳукумати Тоҷикистон ва 5 дар садаш ба Хайрулло Саидов, писари соҳибкори зиндони Зайд Саидов таалуқ дошт. Аммо додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон соли 2014 ин созишномаро ғайриқонуни эълон карда, корхонаи азимро дубора ба ихтиёри давлат гузошт. Талошҳои Фирташ барои баргардонидани корхона то ҳанӯз натиҷа надодааст.

XS
SM
MD
LG