Чанд муштарии ширкати "Мегафон-Тоҷикистон" дар "Фейсбук" навиштаанд, аввали моҳи май паёмак гирифтанд, ки барои гуфтугӯ ва интернет бояд пули бештар супоранд. Ширкат аз посух додан ба ин суолҳо худдорӣ кард, ҳарчанд боло бурдани нархи таърифаҳоро ногузир меҳисобад.
Шервони Умриддин, рӯзноманигори тоҷик, муштарии ширкати "Мегафон-Тоҷикистон" аст. Мегӯяд, аз ин ширкат ду симкорт дорад, ки нархи таърифаҳои ҳарду аз оғози моҳи майи имсол гарон шуданд.
Вай дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, то ин вақт ҳар моҳ барои яке аз симкортҳо 98 сомонӣ месупорид. Ҳоло нархи он 111 сомонӣ шудааст.
"Барои хидматрасонии як симкорт моҳе 64 сомонӣ медодам, ҳоло 73 сомонӣ шудааст. Ба ширкати "Мегафон-Тоҷикистон" муроҷиат кардам, мегӯянд, барқ гарон шуд. Дар ҳоле ки вазъи иртиботи мобилӣ ва интернет беҳтар нашудааст. Суръати интернет заиф аст, мисли сангпушт ё трактори ҷуфтӣ базӯр кор мекунад," -- афзуд ин рӯзноманигори тоҷик.
Радиои Озодӣ рӯзи 24-уми апрел суолҳои худро ба ширкати "Мегафон-Тоҷикистон" фиристод ва ба сухангӯи ширкат ҳам чанд дафъа тамос гирифт. Аммо масъулони ширкати "Мегафон-Тоҷикистон" ба суолҳои мо дар бораи сабабҳои гарон кардани нархи таърифаҳо посух надоданд.
Ин ширкат рӯзҳои 23 ва 25-уми апрел бо пахши иттилоия дар сомонааш навишт, "боло бурдани нархи хидматрасониҳо ногузир аст". Ширкат 16 дарсад гарон шудани арзиши барқ, қимат шудани ҳаққи иҷора ва чанд омили дигарро сабаби боло бурдани нархи таърифаҳо гуфтааст.
Дар иттилоияи ширкат ишора шудааст, ки нархи хидматрасонӣ бо мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ боло бурда мешаванд ва пешниҳодҳои Хадамоти алоқа танҳо тавсиявӣ ҳастанд.
Хадамоти алоқа аз оғози имсол чанд бор аз ширкатҳои мобилӣ даъват кард, ки нархи хидматрасониҳоро гарон накунанд. Ширкатҳои мобилӣ дар пайи даъвати мақомот аз тасмими худ барои боло бурдани нархҳо аз 1-уми феврал худдорӣ карданд. Вале акнун баъзе аз ширкатҳо тасмими худро барои боло бурдани нарх амалӣ карданд.
Хабари гаронтар шудани хадамоти мухобиротӣ аз аввали моҳи феврал норозигии даҳҳо корбарро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард. Баъзе аз коршиносон мегӯянд, бозор бо дастур кор намекунад ва барои поён бурдани нархи гуфтугӯ ва интернет бояд ислоҳот гузаронда шавад.
Тоҷикистон ба гурӯҳи кишварҳое бо сусттарин суръат ва хадамоти интернетӣ дохил мешавад ва яке аз сабабҳояшро мунтақидон ба дасти Хадамоти алоқа додани ин соҳаи замоне сердаромад ва пешрафтаву пуррақобат дар Тоҷикистон мегӯянд.
Бар асоси омори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, шумораи умумии муштариёни ширкатҳо ба 8,3 миллион баробар аст, ки аз ин 6,4 миллион фаъоланд.