Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президент ҳам танқид карду Бег Сабур ҳам. Оё сифати интернет беҳтар шуд? ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа дастур додааст, ки давоми як ҳафта он минтақаҳои Тоҷикистон аниқ карда шаванд, ки дастрасӣ ба алоқаи мобилӣ ва интернет дар онҷо заиф аст. Ба навиштаи хабаргузории "Азия-Плюс", Бег Сабур аз ширкатҳои мухобиротӣ хостааст, барои бартараф кардани камбудҳо ва дастрасии аҳолӣ ба интернети баландсуръат дастбакор шаванд.

Ҳафтаи гузашта Алишер Мирзонабот, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ҳам аз суръати пасти интернет дар вилоят нигаронӣ кард. Интиқод аз суръати паст ва нархи баланди интернет дар як соли ахир ҳадди ақал ду маротиба аз забони раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳам садо дода буд. Мо аз сокинон дар хиёбонҳои Душанбе пурсидем, ки дар як соли ахир ва баъди танқидҳои мақомот, сифати интернет дар Тоҷикистон беҳтар шуд ё бадтар? Баъзе посухҳои сокинон:

  • Суръати интернет баланд шудааст.
  • Як ҳафта шуд, ки интернет хуб нест, ба сомонаҳо ворид шудан намешавад, мечаспад.
  • Субҳ ва шом суръати интернет хуб аст, аммо рӯзона дар соатҳои корӣ суръат паст мешавад.
  • Агар дар марказ бошед суръат хуб аст, аммо дар минтақаҳо суст мешавад.
  • Барои хонандагон сифати интернет қонеъкунанда нест. Чунки онҳо имкони харидани тарофаҳои гаронро надоранд, аммо дар тарофаҳои арзон сифат бад аст.
  • Пештар хубтар буд, ҳозир бадтар шудагӣ аст.
  • Баъзе шабҳо суръат суст мешаваду рӯзҳо хубтар аст.
  • Як кор мекунад, як кор намекунад.
  • Назари сокинон дар бораи сифати интернет баъди изҳороти Бег Сабур
    лутфан мунтазир бошед

    Феълан кор намекунад

    0:00 0:03:40 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG