Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳақорат - як бахши фарҳанги кӯча (ВИДЕО)


“Ҳар бор дар кӯчаву бозор алфози қабеҳ ё ҳақоратро мешунавам, мехоҳам гӯшиҳоро ба гӯшам монам ва ин ҳамаро нашунавам”, - мегӯяд як сокини пойтахт.

Вақте ки устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон донишҷӯёнро ба бозори “Шоҳмансур”-и пойтахт фиристод, то онҳо дар чаҳорчӯбаи дарсҳои фолклоршиносӣ ва гирдоварии истилоҳот ҳақоратҳои тоҷикиро бинависанд, донишҷӯён баъд аз муддате бо дасти холӣ баргаштанд.

Ба суоли Равшани Раҳмонӣ, устоди худ, ки "чаро бо дасти холӣ баргаштед?", онҳо гуфтанд, ҳақоратҳо ба андозае қабеҳ буданд, ки навиштани онҳо дар рӯи коғаз имконнопазир буд. Гарчи донишҷӯён ин дашномҳоро ба забон наоварданд, вале гуфтанд, ки дар "ҳақорат аз зану модару хоҳар ном мебурданд" ва дашномҳои ба истилоҳ “зери доманӣ” доштанд. Донишҷӯён бо тааҷҷуб чунин ҳолатро бозгӯи сатҳи пасти маънавиёт дар ҷомеа арзёбӣ кардаанд.

Баъзе ҳақоратчиҳо истифодаи каломи қабеҳро барои паст кардани хашму ғазаб муфид мешуморанд ва ҳатто аз филмҳои амрикоиву русӣ мисол меоранд, ки дар онҳо низ ҳақорат истифода мешавад. Аммо аксаран бо ишора ба суннатҳои як ҷомеаи шарқӣ истифодаи ҳарфи бадро дар мазҳари ом камоли бемаданиятӣ мехонанд.

Агар дар гузаштаҳои начандон дур, ҳақоратро бузургсолҳо дар ҷараёни ҷангу хархаша истифода мекарданд, ҳоло аз забони наврасон ва ҳатто кӯдакон низ дар кӯчаву хиёбонҳо ва дар майдончаҳои бозӣ дашном ба гӯш мерасанд.

Чаро наврасон дашном медиҳанд?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:30 0:00

Сафарбӣ Сафоева, сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, “аз модар ҳам ҳақорат мекунанд, аз хоҳар ҳам ҳақорат мекунанд, ин ҳақоратҳо хеле қабеҳ аст. Ман шахсан дар чунин ҳолатҳо мехоҳам, ки гӯшиҳоро ба гӯшам монаму гирду атрофи худро тамоман нашунавам”.

ДАШНОМРО АЗ КӢ ВА ДАР КУҶО ЁД ГИРИФТАНД?

Дар миёни форсизабонон барои алфози қабеҳу бад вожаҳои дашном ё душном, ҳақорат ва фуҳш ё нафринро ба кор мебаранд. Форсизабонон дар ҷомеаи суннатӣ ба сар мебаранд, ҳақоратро қабул надоранд ва онро барои худ таҳқир медонад.

Баҳриддин Камолиддинов
Баҳриддин Камолиддинов

Баҳриддин Камолиддинов, донишманди тоҷик мегӯяд, то солҳои 1990 ҳақорат дар байни ҷавонон тақрибан вуҷуд надошт. Вале дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва пас аз он ҷои сухани нармро дашном гирифт. Ҷангсолорон бо бераҳмиву ҳақоратҳои қабеҳ ҳукми раво доштанд. Наврасон низ гоҳо ба онҳо тақлид мекарданд ва гумон мекарданд, ки онҳо низ бояд барои бартарӣ доштан, ҳақоратро ёд бигиранд.

Ба назари бархе аз ҷомеашиносон, дар ҳар ҷомеа, ки ҷанг ё бӯҳрони сиёсиро аз сар мегузаронад, чунин падидаҳои манфӣ пайдо мешаванд. Ҷои меҳру шафқат ва эҳтиромро бераҳмиву беэҳтиромӣ ва ҷои сухани нармро сухани дурушт ё ҳақорат мегирад. Вале дар марҳилаҳои баъдӣ бояд ҷомеа аз паси ислоҳи он биравад ва барои муддате қонуне қабул кунад ва барои ҳақорат ҷарима муқаррар шавад.

КӮДАК ҲАҚОРАТ МЕКУНАД, ВОЛИДОН ЛАЗЗАТ МЕБАРАНД

“Вақте набераи дусолаи ман ба истилоҳ забон баровард ва аввалин ҳақорат аз забони кӯдаконааш садо дод, домоду духтари ман аз кӯдаки хурд гаштаву баргашта хоҳиш карданд, ки ҳақоратро такрор кунад ва худашон аз ханда об мешуданд. Ман ҳайрон шудам. Ёдам ҳаст, дар кӯдакӣ вақте як бор ба хоҳарам “рӯят сиёҳ” гуфтам, модарам ба рӯям як шаппотии сахт зад, ки зарбаашро то ҳол ёд дорам”, - мегӯяд Фаришта Фозилова, як сокини 65-солаи пойтахт. Ба гуфтаи ӯ, тарбияи кӯдак мисли хишти аввали як бино аст, ки агар аз оғоз каҷ гузоштӣ, то ба охир девор каҷ мешавад.

Дилшод Раҳимӣ
Дилшод Раҳимӣ

Дилшод Раҳимӣ, мардумшиноси тоҷик низ мегӯяд, кӯдакону наврасон дашномро аз синни 5-6 солагӣ дар муҳити хона ва ё аз дӯстони ҳамбозии худ ёд мегиранд ва онро дар оғоз барои худ ифтихор ҳам медонанд. “Дар байни наврасон як навъ рақобат барои мақому эътибори худ вуҷуд дорад. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки яке аз дигаре боло бошад ва афзалияти худро бо чизе нишон диҳад. Яке бо либоси худ, яке бо пули худ, яке бо забондониву ҳунари худ ифтихор мекунад. Ин наврасон ё ҷавонон барои худ дар чунин синну сол дар ҳоли мавқеъсозӣ ё ҷойгоҳсозӣ ҳастанд. Барои ҳамин баъзе аз онҳо дашномро ҳам барои чунин ҷойгоҳсозӣ истифода мебаранд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки онҳо бо донистани ин дашномҳо худро аз дигарон боло мегиранд ва ҳатто ифтихор ҳам мекунанд”- мегӯяд Дилшод Раҳимов.

МАҚОМОТ ҲАМ ҲАҚОРАТ МЕКУНАНД...

Калонсолон ҳам дар ҳолати ғазаб ва ранҷидан аз касе ҳақоратҳое ба забон меоранд ва аз ин роҳ ғазаби худро фурӯ менишонанд. Дар байни мардум гуфтугӯҳое ба гӯш мерасад, ки дар доираҳои ҳукуматӣ аз тарафи мақомоти расмӣ низ гоҳо ҳақоратҳое дар ҳақи зердастонашон садо медиҳад.

Равшан Раҳмонӣ, мардумшиноси тоҷик мегӯяд, дар миёни ҳамаи қишрҳои ҷомеа дар мавридҳои ночорӣ дашномро шунидан мумкин аст, бо вуҷуди он ки равшанфикрон маъмулан аз дашномдиҳӣ худдорӣ мекунанд.“Ҳар инсоне, ки донишманд аст, рӯшанфикр аст ё фарҳангӣ, агар асабонӣ шавад, ҳамон ҳақоратҳоеро, ки дар кӯдакиву наврасӣ дар кӯчаву бозор ё дар хона ёд гирифта буд, барои он ки асаби худашро ором кунад, ночор вокуниш нишон медиҳад ва ҳамон ҳам дашном медиҳад”.

Вале ақидаи ғолиб ин аст, ки дашном ё ҳақорат бештар дар таркиби луғавии ҷинояткорону майхорагон вуҷуд дорад ва ҳадафи дашном паст задани шаъни инсон аст, чун ин гурӯҳи одамон худашон гаҳ-гоҳе дар ҷомеа мавриди таҳқир қарор мегиранд ва ҳақорати онҳо як навъ ҷавоб ба муносибати одамон бо онҳост.

XS
SM
MD
LG