Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Маро маҳкам карданд". Баҳси оилаи маъюбон бо ширкати Раҳмон-2016


Баҳси оилаи маъюбон бо ширкати Раҳмон-2016
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:26 0:00

Баҳси оилаи маъюбон бо ширкати Раҳмон-2016

Баҳси як ширкати сохтмонӣ бо аъзои хонаводае, ки чаҳор нафараш маъюбанд, то додгоҳ расидааст, вале ҳалли ниҳоии худро наёфтааст.

Масъулони ширкат иддао доранд, ки онҳо дар ин баҳс ҳақ ҳастанд, чун бар асоси санадҳои расмие, ки доранд, дар ҳудуди манзили сокинон бояд баландошёна созанд. Вале сокинон мегӯянд, ширкат қабл аз тахриби манзил намехоҳад ӯҳдадориҳои худро назди соҳибмулкон иҷро кунад.

"Ягон кас ба доди мо намерсад, намемонанд, ки мо маъюбон ба ҳоли худ зиндагӣ кунем. Чандин бор барои ҳалли баҳси манзиламон ба идораҳои давлатӣ муроҷиат кардем, лекин ҳалношуда монд,"--гуфт Латофат Зулфиқороваи 60 сола, сокини шаҳри Душанбе.

Ин сокини Душанбе ҳамроҳ бо ду фарзанду як наберааш маъюбанд ва тарс доранд, ки бесарпаноҳ мемонанд. Вай рӯзи 29-уми август дар суҳбат ба Радиои Озодӣ нақл кард, ки ширкати сохтмонии “Раҳмон-2016” дар ҷои манзилашон бинои баландошёна сохтанист, бинобар ин даъво дорад, ки онҳо манзилро холӣ кунанд.

“Писарам маъюби гурӯҳи якум, аз кӯдакияш 40 сол шуд. Худаму духтарам маъюби гурӯҳи 2, набераам низ ҳамин хел маъюб аст, ки барои табобат ба Русия равон карда шудааст. Ин соҳибкор ба мо пешниҳод дорад, ки бар ивази тахриби манзиламон, баъди анҷоми сохтмони биноаш, дар 10 ё 11-ум ошёна ба мо манзил медиҳад. Бо ин фарзандони маъюбам зиндагӣ дар баландошёна мушкил аст. Мо дар онҷо шароити зиндагӣ кардан надорем. Дар ҳавлӣ бо ин маъюбон бояд зиндагӣ кунам. Барои сохтмони баландошиёнаҳо зид нестем, лекин маблағи моро диҳад, мо маъюбон ягон ҷо ҳавлӣ харида, зиндагӣ кунем,”--афзуд, Латофат Зулфиқорова.

Масоҳати умумииин манзили ин зан воқеъ дар маҳаллаи Испечаки Душанбе қариб 500 метри мурабаъ буда, аз он 200 метраш ҳамчун масоҳати ёрирасон ҳисоб шудааст. Баҳс миёни ширкат ва ин хонавода тайи се сол боз идома дорад. Онҳо талаб доранд, ки ширкат қабл аз тахриби манзил ба онҳо манзил харад ё дар ҳаҷми каме бештар аз 2 миллион сомонӣ пули хонаро диҳад, то дар ҷои дигаре манзил харанд. Талабе, ки ба он ширкат розӣ нашудааст ва баҳс то додгоҳ рафтааст.

Ширкати сохтмонӣ барои кӯчонидан аз манзил ба додгоҳ шикоят бурдааст ва додгоҳ Синои пойтахт ин даъворо қонеъ кардааст.

“Баъди ин қарори додгоҳ судиҷрочиён чанд бор омада, моро таҳдид карданд, ки хонаро холӣ кунем. Сеюмбор омаданд, мо дар ҳукумати шаҳр будем, бо “болгарка” дарвозаро бурида, даромада, кӯчи моро бо мошин бор карда, намедонам инҳо куҷо мебурданд. Ман омадам, маро аз даҳани дарвоза намондан даромадан, гирифта бор карда бурданд ба шӯъбаи милисахона маҳкам карданд,”--гуфт, Латофат Зулфиқорова.

Додгоҳи олӣ дар пай шикояти Латофат Зулфиқорова қарори додгоҳи ноҳияи Синоро бекор кардааст. Вале бо ин вуҷуд, баҳси ҷонибҳо ниҳоӣ нашудааст ва ду тараф сари тахриби манзилу пардохти пули он ба мувофиқа нарасидаанд.

Рӯзи 29-уми август дар ширкати “Раҳмон-2016” касе ҳозир нашуд мавзуъро шарҳ диҳад. Дар қарори додгоҳ, ки дастраси мо шуд, дар он масъулони ширкат омодагии худро барои пардохти моҳонаи иҷорапулӣ дар ҳаҷми 1200 сомонӣ ва таъмини манзили истиқоматӣ аз биноҳҳои баландошиёнааш баён доштааст.

Вале соҳибмулки манзил бар ин розӣ набуда, мегӯяд, маълум нест сохтмони биноҳҳои ширкат кай анҷом меёбад ва гузашта аз ин бо се маъюб дар шароити баландошёнаҳои Душанбе зистан мушкил аст. Ба қавли соҳибони хона, ширкат барои ҳар метри мурабаи манзил 400 доллари ИМА пешниҳод кардааст, дар ҳоле ки дар маҳаллаи онҳо арзиши як метри мурабаи манзил 600 то 700 доллар будааст.

Латофат Зулфиқорова, сокини Душанбе ягона нафаре нест, ки аз тақдири норушани сарпаноҳаш нигарон аст. Шуҳрат Зайниддинов, сокини дигари маҳаллаи Испечак ҳам мехоҳад “Раҳмон-2016” қабл аз тахриб пули манзилашро диҳад.

“Техника оварданд, маҷбурӣ чапа кардани буданд, аз худшон одам оварда, чапа кардан мехостанд, ки натавонистанд, нагузоштем мо,”--гуфт ӯ.

Дар ширкати “Раҳмон-2016” ба хабарнигорони Радиои Озодӣ ваъда доданд, ки ҳуқуқшиносашон атрофи ин мавзуъ суҳбат мекунад, вале то лаҳзаи таҳияи гузориш касе посух надод.

Дар гузашта ҳангоми сар задани чунин баҳсҳо ҳуқуқшиносон таъкид мекарданд, ки ширкатҳои сохтмонӣ қабл аз тахриби манзил бояд соҳибмулкро дар ҷои дигаре ҷо кунад ё бар асоси нархгузории пешбинишуда пули хонаро пардохт кунад. Дар кадом ҳолате набошад, ба қавли ҳуқуқшиносон бидуни қарори додгоҳ, ҳеҷ ширкате ҳаққи тахриби манзили сокинонро надорад.

Баҳси тахриби манзили сокинони Душанбе солҳост идома дорад. Дар чунин баҳсҳои гоҳе печида ҳам сокинон ва ҳам ширкатҳои сохтмонӣ худро ҳақ мешуморанд. Як додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон соли 2022 пешниҳод карда буд, ки барои ҳалли ин мушкил дар кишвар ниҳоди мустақили нархгузории манзил таъсис ёбад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG