Ин озмун аз ҷониби Лигаи занони маъюб – “Иштирок” бо ҳимояти молии Барномаи рушди СММ ва ҳамкории Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аз нимаи дуюми моҳи июни соли ҷорӣ шурӯъ шуда буд. Дар озмун 15 намояндаи ВАО аз рӯи се номгӯ ё номинатсия – матбуот (нашрия), радио ва телевизион ширкат карданд. Барот Юсуфӣ, гузоришгари видеоии радиои Озодӣ барои барномаи “Маъюбон: Моро бе далел аз кор меронанд” (бо ҳаммуаллифии Мӯъмин Аҳмадӣ), ки дар таърихи 15 августи соли ҷорӣ дар торнамои Радиои Озодӣ нашр шудааст, барандаи ин озмун дониста шуд.
Саида Иноятова, раиси созмони Лигаи занони маъюб – “Иштирок” гуфт, ки ҷоизаи хабарнигори Озодӣ Барот Юсуфӣ барои видегузоришаш дар бораи мушкили маъюбоне супурда мешавад, ки масъалаи аз кор рондани маъюбонро ба баррасӣ гирифтааст. Ба гуфтаи хонум Иноятова, маҳз тавассути гузориши Барот Юсуфӣ талоше барои гирифтани пеши роҳи бекории маъюбон ва ронда шудани онҳо аз корхонаву идораҳо гирифта мешавад, ки барои ин бахши афроди ниёзманд кӯмаки назаррасе маҳсуб мешавад.
Дар маросими эбтои ҷоизаҳо ба барандагони ин озмун Райҳон Мӯъминова, намояндаи Барномаи рушди СММ низ ширкат карда, ин озмунро барои мусоидат дар ҳалли мушкилоти афроди маъюб ва ҳимояи ҳуқуқи онҳо муҳим донист.
Ҳамчунин, дар бахши матбуот – хабарнигори рӯзномаи “Садои Мардум” ва дар бахши радио – Заррина Раҳимова, хабарнигори радиои “Овози тоҷик” барандаи озмун эълон шуданд. Субҳон Ҷалилов, ровии маъруфи радиои “Ватан” барои иштироки фаъол ва ҳамкории созандааш дар ин озмун тақдир гардид. Ба барандагон ва иштирокчиёни фаъоли озмун аз ҷониби ташаббускорон тӯҳфаҳо, аз ҷумла компютери рӯимизӣ ё ноутбук, дастгоҳи аксбардорӣ, планшет ва ифтихорнома тақдим шуд.
ВИДЕОИ БАРОТ ЮСУФИРО ИН ҶО ТАМОШО КУНЕД: