Рӯзи 6-уми март дар шаҳри бандарии Лозиқияи Сурия миёни тарафдорони Башор Асад ва низомиёни ҳукумати нави ин кишвар задухӯрди шадиде рӯх дод.
Охири соли гузашта ҳукумати Башор Асад сарнагун шуд ва гурӯҳи "Таҳрир аш-Шом”, ки дар аксар кишварҳои дунё ҳанӯз террористӣ дониста мешавад, ҳукуматро ба даст гирифтанд. Раҳбари ин гурӯҳ Аҳмад Шаръ, ки пештар лақаби ҷиҳодии Абумуҳаммади Ҷулониро дошт, президенти ҳукумати муваққати Сурия шудааст.
Созмони нозири ҳуқуқи инсон дар Сурия, ки дар Лондон қароргоҳ дорад, рӯзи 8-уми март хабар дод, ки низомиёни ҳукумати нав беш аз 700 сокини маҳаллиро бераҳмона қатл кардаанд.
Дар ин шаҳр аксаран пайравони мазҳаби алавӣ зиндагӣ мекунанд, ки Башор Асад низ пайрави ин мазҳаб аст. Ба гуфтаи ин созмон, дар задухурдҳои ахир 125 низомии ҳукумати нав ва беш аз 148 низомии собиқи тарафдори Башор Асад кушта шудааст.
Ҳукумати нави Сурия дар шаҳрҳои Ҳумс, Лозиқия ва Тартус ҳолати фавқулодда эълон кардааст. Қувваи барқ низ дар ин шаҳрҳо хомуш шудааст.
Хабаргузории давлатии САНО-и Сурия эълон кардааст, ки дар ин минтақаҳо амалиёти низомӣ анҷом мешавад. Ин хабаргузорӣ эътироф кардааст, ки бархе низомиён даст ба "қонуншиканӣ" задаанд ва ҳукумат нисбат ба онҳо чора хоҳад дид.
Аҳмад Шаръ рӯзи 7-уми март гуфт, ки "боқимондаҳои" ҳукумати Асад мехоҳанд, вазъро ноором кунанд, вале ӯ таъкид кард, ки онҳо барои эҷоди ноамнӣ ҷазо мегиранд.
Ӯ даст ба қатли мардуми одӣ задани тарафдоронашро шарҳ надод, вале гуфт, аз сарбозонаш барои "ҳифзи аҳолии осоишта" сипосгузор аст.
Нооромӣ замоне рӯх дод, ки Ҳоқон Фидан, вазири корҳои хориҷии Туркия ҳафта пеш нигаронӣ кард, ки Эрон дар пайи ноором кардани вазъият дар Сурия аст.
Туркия аз ҳомиёни аслии ҳукумати нав дар Сурия буда, Эрон аз низоми ҳукумати башор Асад пуштибонӣ мекард.
Бархе коршиносон, аз ҷумла Филип Смит, низоъшинос мегӯяд, бо эҳтимоли қавӣ пушти нооромиҳо Эрон истодааст. Ин коршинос гуфт, эҳтимол Эрон гурӯҳҳои мусаллаҳи курдро, ки ҳанӯз даъвати ҳукумати Аҳмад Шаръ дар бораи гузоштани силоҳояшонро напазируфтаанд, ба тарафи худ ҷалб кунад.
Курдҳо дар эътилофе бо пуштибонии Амрико дар солҳои 2014-2019 зидди ДОИШ меҷангиданд. Туркия мухолифи ин гурӯҳҳо ҳаст ва онҳоро хатаре ба амнияти худ медонад. Курдҳо ҳанӯз қисматҳое аз Сурияро зери назорат доранд.
Дар Сурия соли 2011 эътирози сокинон зидди ҳукумати Башор Асад ба оғози ҷанги шаҳрвандӣ асос гузошт. Пас аз он ин кишвар ба номании бузург рӯ ба рӯ шуд. Дар соли 2014 ДОИШ шаҳрҳои бузурги Сурияро ишғол карда буд. Пас аз шикасти ДОИШ низ Сурия ба кишваре табдил ёфт, ки аз ҷониби гурӯҳҳои гуногуни мусаллаҳ идора мешуд. Яке аз ин гурӯҳ "Таҳрир аш-Шом” буд, ки вилояти Идлибро дар ихтиёр дошт. Охири соли гузашта ин гурӯҳ ҳукумати Башор Асадро сарнагун кард ва аксари Сурияро таҳти назорат даровард.
Ҳанӯз ҳам бахшҳое аз Сурия зери гурӯҳҳои дигари мусаллаҳ қарор доранд, ки ба ҳукумати нав итоат намекунанд.
Гуфтугӯ