Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ба корҳои номатлуб даст задаанд." Боздошти чанд маъмури гумрук


Масъулони Хадамоти гумруки Тоҷикистон боздошти чанд маъмури ин ниҳоди вобаста ба ҳукуматро тасдиқ карданд. Маъмуроне, ки масъули сабти шохис ё IMEI-и телефону планшетҳо дар фурудгоҳҳо будаанд.

Азим Турсунзода, муовини аввали раиси Хадамот, рӯзи 7-уми август гуфт, таҳқиқи қазия ҷараён дорад: "Гапатон рост. Баъзе аз мушкилӣ буд. Бархе коргарони Хадамоти гумрук ба корҳои номатлуб даст задаанд. Ҳоло нисбат ба онҳо тафтиш идома дорад. Баъд маълум мешавад."

Азим Турсунзода
Азим Турсунзода

Турсунзода шумора ва шахсияти ин кормандонро ошкор накард. Бино ба маълумоте, ки Радиои Озодӣ аз манбаъҳои огоҳи худ гирифт, танҳо яке аз гумонбарон дар фурудгоҳ бештар аз 400 ҳазор сомонӣ "камомад" доштааст.

Сабти шохис ё IMEI-и телефонҳои мобилӣ ва планшетҳо бо як қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 1-уми октябри 2023 ҳатмӣ шудааст. Шаҳрвандон аз мушкилоту сарсониҳои зиёд шикоят мекунанд.

Симини Салоҳиддин, мусофире, ки дар охири моҳи май аз Маскав ба Душанбе омадааст, мегӯяд, дар фурудгоҳ ҳамагӣ як нуқтаи сабти дастгоҳҳо асту мардум зиёд: "Як соат дар навбат истодем. Гуфтанд, агар “Айфон” аст, танҳо якеро ба қайд мегирем. Бо вуҷуди сабтином, вақте симкорт мондаву телефонро ба кор даровардем, паёмак омад, ки аз қайд нагузаштаед. Бо мушкилоти зиёд ҳал кардем."

Шаҳрвандон ва меҳмонони Тоҷикистон дар гузаргоҳҳои марзӣ бояд IMEI-и дастгоҳҳои худро сабт кунанд. То ин дам як нафар ҳақ дошт ду дастгоҳро барои истифодаи шахсӣ ройгон ё бепул сабт кунад.

Муовини раиси Хадамоти гумрук мегӯяд, кормандонашон аз ҳисоби ҳамин гурӯҳи имтиёздор телефони шахсони дигарро ба расмият медаровардаанд.

“Ҳамин имтиёз роҳе буд барои ба қонуншиканӣ даст задан. Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон тағйирот ворид шуд. Тибқи он ба таври боимтиёз ворид шудани дастгоҳҳои мобилӣ аз қарор хориҷ карда шуд. Дигар дар ин масъала ягон "лазейка" намонд. Чи воситае, ки ворид нашавад, ҳамааш барасмиятдарории гумрукиро мегузарад," – шарҳ дод Азим Турсунзода.

Барои аз қайди гумрукӣ гузарондани дастгоҳҳо аз шаҳрвандон 15 дарсади нархи мол ҳамчун андоз аз арзиши иловашуда ва 10 доллар хироҷи гумрукӣ ситонида мешавад. Ба ҷуз ин 50 сомонӣ ҳаққи сабти IMEI аз сокинон аз сӯйи ширкати “Нет Солюшнз” гирифта мешавад. Ширкате, ки мақомот баҳрабарндаҳои аслии онро ошкор намекунанд.

Бар асоси маълумоти Хадамоти гумрук, аз 1-уми октябри соли 2023 қариб 760 ҳазор телефони ҳамроҳ, планшет ва компютерҳои ҷайбиро ба расмият даровада, сабти ном карданд. То 30-юми июн беш аз 11 миллион доллари амрикоӣ ба буҷа ворид гашта, зиёни расида аз фасод шумориш ё эълон нашудааст.

Видеоро дар инҷо бинед:

Хадамоти гумрук фасодро дар сабти телефонҳо тасдиқ кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:51 0:00
XS
SM
MD
LG