Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ночор ба муҳоҷират мераванд." Бозгашти беш аз 80 000 зани тоҷик аз Русия


Фурудгоҳи Байнулмилалии Душанбе
Фурудгоҳи Байнулмилалии Душанбе

“Вақте занҳои муҳоҷир аз Русия ронда мешаванд ё бо хоҳиши худ бармегарданд, зиёд дар онҷо монан намехоҳанд. Дар Тоҷикистон маош ва шароити хуб нест, барои ҳамин, маҷбуранд дигарбора роҳи муҳоҷиратро пеш гиранд.”

Ин ҳамсуҳбати мо, ки нахост номаш зикр шавад, як зани муҳоҷири тоҷик аст, ки солҳо боз дар Русия кор мекунад. Ду бор ба Тоҷикистон баргашта, аммо натавонистааст зиёд бимонад.

“Бубинед, инҷо як зарфшӯи одӣ рӯзе, агар ба сомонӣ ҳисоб кунем, 150 то 200 сомонӣ мегирад, лекин вақте ба Тоҷикистон бармегардад наметавонад чунин пулро ёбад. Занҳо гоҳе дар дуроҳа мемонанд, маҷбур мешаванд роҳи муҳоҷиратро интихоб кунанд. Ҳар кас мехоҳад дар кишвари худ кор кунад, лекин сад мушкили дигар аст, ки боис мешавад ба муҳоҷирати корӣ рӯ биёрем,” -- нақл кард ӯ.

Чунин нигаронӣ аз набудани шароити муносиб дар ҳолест, ки Кумитаи кор бо занони Тоҷикистон аз афзоиши бозгашти занҳо аз Русия хабар дод. Дар шаш моҳи аввали имсол зиёда аз 80 ҳазору 500 зан аз муҳоҷирати корӣ баргаштаанд. Ин рақам дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 16 ҳазору 500 нафар зиёд аст. Аммо гуфта намешавад, чӣ шуморе аз онҳо ихроҷ шудаанд ва чӣ қадарашон бо хоҳиши худ бозгаштаанд.

Фирӯза Нуруллозода, муовини аввали раиси Кумитаи кор бо занон, рӯзи 5-уми август дар нишасти матбуотӣ гуфт, аз шумораи заноне, ки аз Русия баргаштанд, қариб 40 ҳазорашон ба Оҷонси шуғли меҳнат муроҷиат кардаанд.

Ба гуфтаи ин мақомдор, зиёда аз 19 ҳазор нафари ин занҳо ба кори доимӣ таъмин шуда, қариб даҳ ҳазори дигарро ба омӯзиши касб ҷалб кардаанд. Намояндагони ин Кумита гуфтанд, занони бозгашта аз муҳоҷиратро дар бахшҳои гуногун, аз қабили дӯзандагӣ, пазандагӣ, дар дӯкону корхонаҳои қаннодӣ ба кор ҷалб намудаанд.

Ойниҳол Бобоназарова
Ойниҳол Бобоназарова

Огоҳони умур муҳоҷирати кории занонро як падидаи нигаронкунанда меноманд. Ҳуқуқдони шинохта Ойниҳол Бобоназарова рӯзи 5-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, муҳоҷирати меҳнатии занон бештар ба фарзандони онҳо дар Тоҷикистон таъсир мерасонад.

“Фарзандонро асосан модарон тарбия мекунанд. Вақте модараш ба муҳоҷирати меҳнатӣ меравад, мумкин кӯдак бо бибӣ ё хоҳараш мемонад. Кӯдакҳо ҳам он қадар гӯш намекунанд ва онҳо ҳам на он қадар аз паси тарбияи ин кӯдакон мешаванд. Баъд дар кӯча мегарданд, ба мактаб намераванд, дуздӣ мекунанд ё ягон ҷиноят содир мекунанд,” – гуфт Ойниҳол Бобоназарова.

Хонум Бобоназарова мегӯяд, давлат ба занҳои бозгашта аз муҳоҷират бояд қарзҳои бебаҳра диҳад, то тиҷорати хурдро ба роҳ монда, рӯзгорашонро таъмин намоянд. Вай ҳамчунин таъкид кард, ки агар роҳи муҳоҷирати қонунии занон ба кишварҳои дигар низ боз шавад, ба нафъи бонувон хоҳад буд.

Бунафша Файзуллозода
Бунафша Файзуллозода

Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи кор бо занон, тасдиқ кард, ки афзоиши бозгашти занони муҳоҷир ба зиёд шудани тафтишҳои мақомоти Русия нисбат ба муҳоҷирон рабт дорад. Аз охирҳои моҳи марти соли 2024 амалиёти зидди муҳоҷирон ва боздошту ихроҷи онҳо аз Русия ба маротиб афзудааст.

Чанд дафъа дар наворҳо дида шуд, ки пулиси Русия ба занҳо низ бо таҳқир муносибат мекунад. “Солҳои пеш дар муҳоҷират буданд. Сар задани ҳамон ҳодисаҳо ва камтар қонунгузорӣ ва дигар масъалаҳо ҳаст. Занҳо вақте муроҷиат мекунанд, мо баррасӣ мекунем, аз ҷумла дар мавриди дарёфти грантҳо,” – афзуд Бунафша Файзиддинзода.

Гумонзад шудани чанде аз зодагони Тоҷикистон ба ҳамлаи маргбор ба толори "Крокус Сити Ҳол"-и Маскав садҳо ҳазор муҳоҷирро дар вазъи ногувор қарор дод. Баъзе аз онҳо худро бегуноҳ дониста, хоҳони бозбинии парванда шуданд, вале посухи рад гирифтанд. Дар ин муддат танҳо аз фурудгоҳҳои Русия 3400 шаҳрванди Тоҷикистонро пас фиристодаанд, ҳарчанд бахши аъзами онҳо мегӯянд, ки гуноҳ ё камбуде надоштанд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Бозгашти беш аз 80 ҳазор зани тоҷик аз муҳоҷират
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:50 0:00
XS
SM
MD
LG