Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамон кист? Қаҳрамонӣ чист? Ё чаро қаҳрамонони зан надорем?


Зеварбону Рауфӣ
Зеварбону Рауфӣ

Рӯзи 4 июл Радиои Озодӣ як пурсиши сариароҳиро пахш кард, ки ҳамин суолҳоро баррасӣ мекард ва посухҳо ҷолиб буданд. Ҳоло ҳам баҳси гарме сари ин мавзуъ дар Фейсбук ва Ютюб идома дорад. Шодем, ки ин назарсанҷии сарироҳӣ рӯзноманигор ва нависандаи ҷавон Зеварбону Рауфиро водор кард, ки ин паёмро бифиристад.

ҚАҲРАМОН КИСТ? ҚАҲРАМОНӢ ЧИСТ? Ё ЧАРО ҚАҲРАМОНОНИ ЗАН НАДОРЕМ?

Зеварбону Рауфӣ

Дуруд ҳаммеҳани азиз,

Намедонам оё ту низ ба ин мавзӯъ боре фикр кардаӣ ё на? Аммо ин суоле буд, ки ҳамеша зеҳни маро машғул медошт. Қаҳрамон чӣ касест? Ё ин ки барои қаҳрамон будан чӣ бояд кард? Магар ҳамин достонҳое, ки мехондам, қаҳрамонҳои худро надошт? Хуб, онҳо чӣ кор мекарданд? Оё кори ҳамешагии онҳо ҷангу мубориза бо нерӯҳои шарур буд ё танҳо ҳамин, ки нависандае қиссаи зиндагии онҳоро навиштааст, онҳоро қаҳрамони достон месохт?

Агар иштибоҳ накунам солҳои 2006 - 2007 дар мактабҳои Тоҷикистон, дафтарчаҳоеро бо иҷбор ба донишомӯзон мефурӯхтанд. Дар он дафтарчаҳо суруди миллии кишвар, маълумот дар бораи нишон ва парчам, акси шаш қаҳрамони Тоҷикистон бо матни кутоҳе аз зиндагинома ва корҳои онҳо чоп шуда буд. Барои зеҳни мани кудак дарки ин, ки чиро ҳамаи қаҳрамонони меҳанам мурдаанду танҳо як қаҳрамони зинда вуҷуд дорад, аҷибу хос менамуд. Яъне чӣ фарқе байни он Эмомалӣ Рамонови зинда ва шодравонҳо Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур вуҷуд дошт?

Аввал фикр мекардам барои қаҳрамон шудан, танҳо хидматҳои бузург кардан ба манфиати миллату меҳан кофӣ нест, яъне бояд аввал мурд то битавонанд туро қаҳрамон эълон кунанд, аммо Эмомалӣ Раҳмон , ки намурда буд ва ӯ ҳам қаҳрамони Тоҷикистон таъин карда буданд, он ҳам дар соли 1999 яъне ду сол қабл аз таъин шудани Мирзо Турсунзода (2001), ва ҳафт сол қабл аз Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур (2006). Пас, барои қаҳрамон шудан мурдан ҳатмӣ набуда, пеши худам мегуфтам мани кудак.

Солҳо сипарӣ шудан ва баъд аз гузашти 18 сол, ҳанӯз мо ҳамин шаш нафар қаҳрамон ё шояд дурусттар ин бошад, ки бигӯям панҷ қаҳрамони мурда ва як қаҳрамони зиндаву ҳозир дорем. Ба чароҳои ин вазъ зиёд фикр кардам. Фарзияҳое низ дорам, лек намедонам кудом якашон метавонад ҳақиқати ҳол бошад, пас пайдо кардани инро ба ту ҳаммеҳани азизам вомегузорам.
Фарзияи нахуст, тайи ин ҳама сол қаҳрамони наве надоштем, чун зоҳиран ҳеч шаҳраванде кори сазоворе анҷом надода то қаҳрамон эълон шавад. Яъне умри зистаи ҳамаи мо ҳамчун шаҳрвандони Тоҷикистон бефоидаву суд барои мардуму кишварамон будааст. Яъне ин, ки варзишкорон, олимон, нависандагону ҳунармандоне, ки дар риштаҳои худ соҳиби унвонҳои баланд мешаванд, барои қаҳрамон будан кофӣ нестанд?

Фарзияи баъдӣ, шояд барои унвони қаҳрамонӣ ҳатман бояд дар майдони сиёсӣ коре анҷом дода бошӣ? Пеши роҳи ғасб ва тассаруфи ноодилонаи марзҳои кишварамонро гирифта, кишварро аз қарзҳои хориҷӣ раҳонида, ё шояд ҳам кори хориқулъодаи дигаре аз ҳамин қабил карда бошӣ?

Фарзияи охирин низ ин аст, ки танҳо қаҳрамони зинда дар Тоҷикистон бояд як нафар бошад. Ба ҳамин манзур, то замоне ӯ ҳаст ҳеч қаҳрамони дигаре интихоб ё таъин нахоҳад шуд. Зеро набояд ин ифтихор барои касе ғайр аз Эмомалӣ Раҳмон бошад, чун ҷаноби олӣ тақсим кардани ин ифтихор бо каси дигареро дар шаъни худ намебинанд?

Ё шояд ту ҳаммеҳани азизам, фарзия беҳтаре дар зеҳн дорӣ? Шод мешавам агар онро бо ман низ дар миён бигзорӣ. Лек гузашта аз ҳамин ин ҳарфҳо шояд аз худат мепурсӣ, ин мавзӯъ аз куҷо пайдо шуд ва чиро хостам онро бо ту дар миён бигзорам.

Чанде пеш навори назарпурсиеро дар радиои Озодӣ дидам, ки дар он аз раҳгузарон мепурсиданд: Чаро қаҳрамони зан надорем? Намедонам манзур дар ин назарсанҷӣ ин бошад, ки чаро дар кулл занони қаҳрамон надорем? Ё ин, ки чаро дар байни шаш нафаре, ки қаҳрамони Тоҷикистон эълон шудаанд, зане нест? Шояд ҳам мақсад чизи дигаре бошад?

Аммо он чи барои ман муҳим ва диққатҷалбкунанда буд, посухҳое буд, ки раҳгузарон ба ин пурсиш медоданд. Яке мегуфт ҷои зан бояд дар хонаву кораш тарбияи фарзанд бошад. Бонуе мегуфт дар соҳаи илм ва тиб дорем занони зиёде, ки барои миллат қаҳрамонона хидмат кардаанд. Дигаре бар ин бовар буд, ки занони тоҷик барои қаҳрамон шудан омодагӣ надоранду худашон муҳтоҷ ҳастанд.

Он чӣ маро хеле таҳти таъсир қарор дод, посухи духтарон нисбат ба ин пурсиш буд. Яке мегуфт магар қаҳрамон будан кори мардон нест? Агар дар ин ҷо ба мисли дигар кишварҳо имконият ва иҷоза бидиҳанд, занони тоҷик ҳам меатвонанд ба муваффақиятҳое аз ин қабил ноил шаванд, бовар дошт дигаре.

Аммо ростӣ нуқтаи атфи моҷаро онҷо буд, ки нафаре ин суолро матраҳ кард: Кӣ пеши дасти шуморо гирифта?

Ин назарсанҷӣ бори дигар муҷиб шуд, ба ёди пурсишҳои қадимиям, “Қаҳрамон қист?” ва “Қаҳрамонӣ чист?” бияндешам, лек акнун суоли тозае ҳам доштам “Чаро занони тоҷик қаҳрамон намешаванд?” Ё барои қаҳрамон пазируфта шудан чи меъёре вуҷуд дорад? Кист, ки таъинкунандаи ин меъёр аст? Ё шояд бояд бипазирем, ки зиндагии модарону бонувон дар кишари мо бо ин ҳама мушкилот, муҳоҷирати иҷборӣ ва ниёзҳову норасоиҳои рӯзгор худ қаҳрамонист? Ё шояд вақти он фаро расида, ки ҳар яки мову шумо канори занони сарзаминамон биистем ва роҳро барои рушди онҳо боз кунем? То духтарони тоҷик дарк кунанд онҳо ҳам метавонанд чизе фаротар аз духтар, ҳамсар, модар ва бибӣ бошанд. Ҳар як аз ин нақшҳо дар замону макони худаш, хубу боифтихор аст, лек оё тамоми ҳастии як зан бояд фақат дар доираи ҳамин рисолату рутбаҳо бошад?

Ҳеч ба ин фикр кардаӣ, ки занон тоҷик ҳеч гоҳ безарфият ё ҳатто камзарфият набудаанд? Мушкил инҷост, ки таассубот ва чорчубаҳои сангии ҷомеъа болҳои орзуҳои онҳоро ҳанӯз дар овони навҷавонӣ мешиканад. Аз парандаи болшикаста чӣ тавр мешавад интизори парвоз дошт?

Ҳаммеҳанам, ҳеч ба ин фикр кардаӣ, ки вақти он расида то болҳои шикастаро тармим кунем? Аз занон ва рушди онҳо натарсем ва қабул кунем танҳо як зани қавӣ ва муваффақ, зани бо орзӯҳои бузург ва пушткор метавонад қодир ба тарбияи фарзандоне қавӣ ва муваффақ аст, ки имрӯзу ояндаи Тоҷикистонро метавонанд тағйир бидиҳанд. Як зани тарсӯ, як зани саркубшуда ё зани хонашине, ки маҳдудаи тафаккураш ва дағдағаҳои фикрияш ҳеч чизе фаротар аз чаҳордевории хонааш набошад, камтар метавонад насле солим ва тавоно барои ояндаи меҳанамон ба ҷомеъа арза кунад. Магар воқеъият чизе ғайр аз ин аст, ҳаммеҳанам?

Аз Идора: Матолибе, ки дар гӯшаи "Блогистон" ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG