Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Брайан Трейсӣ чашми тоҷиконро ба миллионҳо $ боз кард


Орзуи беҳтар кардани зиндагии худ ва миллионер шудан, садҳо нафарро дар Тоҷикистон рӯзи 5 ноябр дар Кохи Наврӯз ҷамъ овард.

Брайан Трейсӣ, миллионер ва устоди маъруфи ҳунари тиҷорат дар чаҳорчӯби як сафари минтақавӣ ба Тоҷикистон омад ва рӯзи 5-уми ноябр беш 600 нафар – соҳибкорону намояндагони касбу кори гуногунро дар Кохи Наврӯзи шаҳри Душанбе ба ҳам овард. Чиптаҳои ҳузур дар маҳфили суханронии ин устоди тиҷорат, ки камтаринаш 150 доллар нарх дошт, дар давоми ду моҳ фурӯхта шуда ва дар толор ба қавле ҷои сӯзанзанӣ набуд.

Брайан Трейсӣ, ки бори аввал дар маҳфили соҳибкорони тоҷик суханронӣ мекард, аз ин таваҷҷӯҳи мардум қадрдонӣ кард. Вай гуфт, “соҳибкорони тоҷик донову зираканд, онҳо омодаанд, ки барои рушди шахсияти худ ҳама корро кунанд, омӯзанд ва онро дар амал татбиқ кунанд”.

Дар миёни ҳаводорони тоҷики дарсҳои Брайан Трейсӣ онҳое ҳам ҳастанд, ки бо беш аз 60 таҳқиқоту машваратҳои ӯ дар мавзӯи рушди шахсият ва тиҷорат тавассути интернет ошно шудаанд. Навиштаҳои машҳуртарини ӯ "Расидан ба қулла" ва “21 асрори муваффақияти миллионерҳо” аз бестселлер ё китобҳои серхаридор маҳсуб мешаванд. Вале худи муаллиф дар ҳама сӯҳбатҳо таъкид мекунад, ки вазифаи вай миллионер кардани соҳибкорон нест, балки кӯмак дар пайдо кардани роҳи нодири худ барои расидан ба муваффақият, кашфи истеъдоди нуҳуфта ва кӯмак дар эътимод ба нафси худ аст.

Журналисти иқтисодшинос Зафар Абдуллоев, ки бо андешаҳои интиқодиаш маъруф аст, гуфт, дарсе, ки аз Брайан Трейси бо ивази пули калон гирифт, хеле арзишманд аст. Вай гуфт, “мардум бояд ҳеҷ гоҳ барои омӯхтан ва рушди худ маблағро дареғ надоранд ва сарфа накунанд. Чун дар натиҷа ин маблағ даҳ баробар бештар ба онҳо бармегардад ва чизҳои муҳимеро барои худ мегиранд”.

Зимнан, дар толори Кохи Наврӯз, ки мулоқоти Брайан Трейси он ҷо барпо шуд, дар баробари соҳибкорон, намояндагони шоу-бизнес ё аҳли ҳунар ҳам ба чашм мерасид. Овозхони поп Парвин Юсуфӣ мегӯяд, ӯро масъалаи расидан ба мақсад ба дарси ин устоди тиҷорат овард.

Брайан Трейсӣ дар шароите ба соҳибкорону ҳаводорони худ дар Тоҷикистон асрори рушди шахсият ва муваффақ шуданро меомӯзад, ки соҳибкорӣ дар ин кишвар бӯҳрони молӣ ва як давраи мушкилро пушти сар мекунад. Дар чанд соли охир садҳо ширкати хурду миёна, ки ба бизнес сарукор доштанд, бинобар гаронии молиёт ва тафтишҳои батакрори мақомоти давлатӣ, аз бозор берун шуданд.

Вуҷуди коррупсия, ки масъалаи аслии дилмондагии тоҷирон аз соҳибкорӣ дар Тоҷикистон дониста мешавад, ба андешаи бархе наметавонад бо дарсҳои илҳомбахшу то ҷое эҳсосотии устодони бузурги мисли Трейсӣ рафъ шавад. Вале худи ӯ мегӯяд: “Ин ҷо қоидае 80 ба 20 амал мекунад. 20 дарсади ҳолату амалҳоро намешавад назорат кард. Вале 80 дарсадро ҳамеша мешавад назорат ва ба манфиати худ истифода кард”.

Брайан Трейсӣ мегӯяд, мӯҳтавои дарсу машваратҳои ӯ ба соҳибкорони тамоми кишварҳо як аст: “Ман ба 74 кишвар сафар доштам ва бо соҳибкорон сӯҳбат доштам. Воқеият ин аст, ки дар Камбоҷа ва дар Бразилия ва ҳам дар Тоҷикистон қоидаву принсипҳои тиҷорат як аст. Муҳим нест, ки шумо аз кадом кишвар ҳастед, муҳим ин аст, ки бояд аз рӯи қонуну қоидаҳои муайяни тиҷорат амал кунед”.

Брайан Трейси 71 сол дошта, дар Ванкувери Канада дар як оилаи нодор ба дунё омадааст. Вале дар натиҷаи кору таҷриба, омӯзиши шеваи тиҷорат дар соҳаҳои мухталиф, дар 25-солагӣ ба мартабаи муовини раиси кулли як ширкати тиҷоратӣ расидааст, ки 95 зердаст доштааст. Ҳоло ӯ яке аз омӯзгорони муваффақи соҳаи тиҷорату савдо дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад

Брайан Трейсӣ чашми тоҷиконро ба миллионҳо $ боз кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:14 0:00

XS
SM
MD
LG