Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири Бритониё аз Хоруғ баргашт


Робин Орд-Смит
Робин Орд-Смит

Сафири Бритониё имрӯз аз сафари Хоруғ баргашт, вале сафорати Бритониё дар Душанбе мегӯяд, дар ҳоли ҳозир барои шарҳи ҳаводиси охир, аз ҷумла эътирози дирӯза дар назди ин сафорат ва хабарҳои зиддунақиз дар бораи сафари сафираш ба Хоруғ омода нест.

Роберт Вуд, намояндаи аршади сафорати Бритониё дар Душанбе рӯзи 11 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, сафири ин кишвар дар Тоҷикистон Робин Орд-Смит алакай имрӯз аз сафари Хоруғ баргаштааст.

Вале ин намояндаи дипломатии Бритониё гуфт, сафорат ҳанӯз барои шарҳи рӯйдодҳои ахир, аз ҷумла эътирози мармузи рӯзи 10 июн дар назди бинои сафорат ва гӯё ба далоили амниятӣ баргузор нашудани мулоқоти Орд-Смит бо намояндагони ҷомиаи шаҳрвандии Бадахшон, омода нест.

Ин дар ҳолест як намояндаи ҷомиаи шаҳрвандӣ дар Хоруғ мегӯяд, мақомоти амниятӣ мулоқоти онҳо бо сафири Бритониёро ба далели ноамнӣ дар марз бо Афғонистон лағв кардаанд.

Сӯҳроб Шарифов: Сафари сафирҳо ба марз бояд танзим шавад
Сӯҳроб Шарифов
Сӯҳроб Шарифов
Боздиди сафири Бритониё аз Хоруғ дар айни замон, вокунишҳои мухталиферо дар ҷомиа ба вуҷуд овардааст. Вакили порлумони Тоҷикистон ҳатто хостори таҳияи як низоми махсус барои сафари сафиронук дипломатҳои хориҷӣ ба минтақаҳои марзии ин кишвар шуд. Сӯҳроб Шарифов, вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳизби ҳокими халқии демократӣ рӯзи 11 июн ба хабарнигорон гуфт, "бояд барои сафарҳои сафирон ва дипломатҳои хориҷӣ ба минтақаҳои марзӣ низоми махсус таҳия кунанд, то мақомот битавонанд амнияти онҳоро дар ин нуқтаҳои ҳассос хубтар таъмин кунанд."

Ин изҳорот дар вокуниш ба сафари ахири сафири Бритониё Робин Орд Смит ба шаҳри Хоруғ аст, ки бино ба хабарҳо, шоми 10 июн ӯро ба далели тирпарронӣ дар марзи Афғонистон аз меҳмонхонаи "Серена" дар соҳили рӯди марзии Панҷ ба қароргоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон интиқол додаанд.

Сафари Смит ба вокунишҳои аксаран манфие дар маҳофил ва баҳсҳои интерентӣ дучор шудааст. Сӯҳроб Шарифов низ гуфт, ҳадафҳои ин сафарро зери шубҳа гузоштанӣ нест, вале, афзуд ӯ, "наход рафта, маълумот ҷамъ овардан дар бораи шароити туризм ба Бадахшон кори як сафир бошад?"
Сӯҳроб Шарифов дар бораи сафари дипломатҳо ба манотиқи Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:43 0:00

Даргирӣ дар марзи Хоруғ ва ҳушдори нави сафорати Бритониё

Сафорати Бритониё мегӯяд, шаби гузашта дар марз бо Афғонистон дар наздикии Хоруғ тирпарронӣ сурат гирифта ва дар пайи он ҳузури низомиён дар маркази Бадахшон тақвият дода шудааст.

Сафорати Бритониё дар Тоҷикистон мегӯяд, шаби 10-уми июн дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ва наздик ба шаҳри Хоруғ тирандозӣ сурат гирифтааст. Баъди ин ҳукумат чораҳои амниятиро дар ин шаҳр тақвият бахшидааст ва дар кӯчаҳои шаҳр ҳузури зиёди низомиён ба чашм мерасад. Ба меҳмонон дар ин шаҳр ҳушдор додаанд, ки эҳтиёткор ва ҳушёр бошанд.

Сафорат ин хабарро рӯзи 11-уми июн ба ҳушдоре изофа кардааст, ки ба шаҳрвандони Бритониё баъди ҳодисаҳои Хоруғ дода буд. Сафорат мегӯяд, ки авзоъ дар Хоруғ ором аст, вале ба далели нооромиҳои моҳи май, эҳтимоли такрори хушунат вуҷуд дорад. Намояндагии дипломатии Бритониё ба шаҳрвандони кишвар ҳушдор додааст,ки агар дар Хоруғ ҳастанд, “бояд ҳушёр бошанд ва аз ҳузур дар ҳар гуна гирдиҳамоӣ парҳез кунанд.”
Ҳушдори сафорат дар сомонааш
Ҳушдори сафорат дар сомонааш
Мақомоти расмии Тоҷикистон доир ба тирандозии шаби 10-уми июн чизе нагуфтаанд, вале тибқи иттилои Оҷонси мубориза бо маводи мухаддир дар Тоҷикистон шаби ҳамон рӯз дар минтақаи марзии “Шӯркӯл” дар ҳудуди минтаақаи марзии Панҷи поёни вилояти Хатлон бо қочоқбарони маводи мухаддир аз Афғонистон тирандозӣ сурат гирифтааст ва субҳи имрӯз дар ин минтақа ҷасади яке қочоқбарон бо номи Ғаффор валади Абдуғафур, сокини ноҳияи Имом Соҳиби Афғонистон ва як туфанги шикорӣ ва 16 килограмм маводи мухаддир пайдо кардаанд.

Ҳушдори сафорати Бритониё дар ҳоле нашр шуд, ки сафири ин кишвар дар Душанбе Роберт Смит аз 10 июн бо сафаре дар Хоруғ, маркази вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сар мебарад.

Ҷомеъаи шаҳрвандии Бадахшон мегӯяд, дирӯз дар соати 17 мебоист мулоқоти сафири Бритониё дар Тоҷикистон Робин Орд-Смит бо намояндагони ҷомеъаи шаҳрвандӣ дар меҳмонхонаи «Серена», воқеъ дар канори Хоруғ дар соҳили дарёи Панҷ сурат мегирифт, аммо мақомоти амниятӣ бо назардошти нооромиҳо дар он сӯи Ому ин мулоқотро иҷозат надоданд.

Алим Шерзамонов, раҳбари созмони ҳизби сотсиал-демократ дар вилояти Бадахшон рӯзи 11 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ин мулоқот бояд соати 1700 дар меҳмонхонае, ки Орд-Смит ва як нафари дигар аз ин сафоратхона қарор дошт, доир мешуд, вале мақомоти амниятии Бадахшон бо назардошти вазъ дар марз бо Афғонистон ин мулоқотро лағв кардаанд.
Алим Шерзамонов
Алим Шерзамонов
Алим Шерзамонов гуфт, сафир Робин Орд-Смитро дар соати тақрибан 1900 аз меҳмонхонаи «Серена» ба қароргоҳи президенти Тоҷикистон интиқол додаанд. Ба гуфтаи Шерзамонов, як мулоқоти дигари барномарезишудаи сафири Бритониӣё бо ҷомиаи шаҳрвандӣ, ки ба гуфтаи ӯ, бояд субҳи 11 июн бо ширкати генерал Шералӣ Хайруллоев, ёвари президент дар умури амният ва дифоъ ва миёнарави асосӣ дар ҳалли бӯҳрони ахири Хоруғ доир мешуд, низ баргузор нашудааст.

Аммо намояндаи дастгоҳи ҳукумати Хоруғ сафари Орд-Смит ба Хоруғ ва мулоқоти ӯ бо раиси вилояти Бадахшонро тасдиқ кард, вале дар мавриди имкони мулоқоти дипломати аршади Бритониё бо намояндагони ҷомеъаи шаҳрвандии вилоят изҳори бехабарӣ кард. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, сафари сафири Бритониё дар Хоруғ ба анҷом расидааст ва ӯ имрӯз ба Душанбе бармегардад.

Худи мақомоти сафорати Бритониё, аз ҷумла сафир Орд-Смит, сабабҳои лағви мулоқоти ӯ бо намояндагони ҷомиаи шаҳрвандии Бадахшонро ҳанӯз шарҳ надодаанд.

Робин Орд-Смит дар ҳоле ба сафари Хоруғ рафт, ки рӯзи 10 июн гурӯҳе аз эътирозгарон дар назди сафорати Бритониё дар Душанбе гирди ҳам омада, ба сӯи бинои сафорат сангу шиша андохтаанд. Пулиси Душанбе мегӯяд, беш аз 10 нафарро дастгир кардааст.

Ин сафар дар пасманзари интиқодҳо аз созмонҳову сафоратҳои ғарбӣ, ки дар пайи ҳаводиси ахири Украина дар Тоҷикистон бештар шудааст, сурат гирифт. Аз ҷумла бисёриҳо дар баҳсҳои интернетӣ менависанд, ки ҳадафи чунин сафарҳо ноором сохтани вазъ аст. Шоҳидон мегӯянд, эътирозгарон рӯзи 10 июн дар назди сафорати Бритониё низ дар бораи Бадахшон шиор мезаданд. Аммо худи Робин Орд-Смит, ки 10-уми июн бо ҳавопаймо аз Душанбе ба Хоруғ парвоз кард, ба суоли Радиои Озодӣ дар бораи ҳадафи сафараш аз тариқи Твиттер посух дод, ин як сафари маъмулӣ дар давру бари Тоҷикистон аст ва “муҳим аст, авзоъро бубинем, то ки ба сайёҳони бритониёӣ тавсияҳои муносиб дода шавад.”

Рӯзи 4-уми июн Робин Орд-Смит гуфта буд, вазорати хориҷии Тоҷикистон ба дипломатҳо ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ иҷозаи сафар ба Бадахшонро намедиҳад, ҳарчанд сайёҳони хориҷӣ метавонанд ба онҷо сафар кунанд.
Хоруғ. 21 май
Хоруғ. 21 май
Баъди нооромиҳои рӯзҳои 21-24 майи Хоруғ ва ба оташ кашидани бинои додситонӣ ва раёсати умури дохилии вилояти Бадахшон ҳукумати Тоҷикистон судури иҷозаи сафар ба хориҷиён ба вилоятро мутаваққиф кард. Сафоратҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон аз ҷумла намояндагиҳои дипломатии Амрикову Бритониё ба шаҳрвандони он кишварҳо тавсия додаанд, ки аз сафар ба Хоруғ парҳез кунанд, зеро эҳтимоли такрори хушунат дар он минтақа вуҷуд дорад.

Эътирозҳои Хоруғ рӯзи 21 май бо як тирандозӣ дар маркази шаҳр оғоз ёфт. Дар ҷараёни як амалиёт, ки ба гуфтаи пулис, алайҳи қочоқбарони маводи мухаддир сурат мегирифт, 3 нафар, бо шумули як афсари ОМОН, кушта ва 4 тани дигар захмӣ шуданд. Шаби 22 май дар як хушунати дигар, ки мақомот талоши ҳамла ба бинои идораи амният унвонаш карданд, як нафари дигар куштаву ду тан захмӣ шуданд. Рӯзи 1 июн байни ҳукумат ва намояндагони эътирозгарони Хоруғ протоколе имзо шуд, ки бар асоси он як кумиссиюни муштараки иборат аз намояндагони мақомоти тафтишотӣ ва ҷомиаи шаҳрвандии Бадахшон, бо шумули фармондеҳи собиқи Хоруғ, нооромиҳои ахирро таҳқиқ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG