Рӯзи 10 июн як гурӯҳи занон дар назди сафорати Бритониё дар Душанбе даст ба эътироз зада, ба сӯи бинои сафорат санг андохтаанд.
Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе мегӯяд, ба тафтиши ҷузъиёти ҳамла ба сафорати Бритониё оғоз кардаанд. Саид Ҷӯрахонов, сардори раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ки гурӯҳи тафтишотии ин раёсат ба таҳқиқи ҳамла ба сафорати Бритониё оғоз кардааст. Генерал Ҷӯрахонов гуфт, раёсати корҳои дохилии пойтахт дар ҷараёни тафтишот шахсияти занону ҷавонони боздоштшударо, ки ба гуфтаи ӯ, беш аз 10 нафаранд, мушаххас карда, сипас алайҳи онҳо парванда боз хоҳад кард.
Қаблан мақомоти умури дохилаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ хабар доданд, ки дар робита ба эътирози имрӯза дар назди сафорати Бритониё дар кӯчаи Мирзо Турсунзода "чанд нафар бо гумони вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ" боздошт шудаанд. Навбатдори шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Одинаев шоми 10 июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ танҳо гуфт, алайҳи ин афрод ҳанӯз парванда накушодаанд: "Дар ҳоли ҳозир тафтишоти пешакии қазия идома дорад."
Намояндаи сафорати Бритониё Роберт Вуд ба Озодӣ гуфт, сафорат дар робита ба ин қазия изҳороти расмӣ доданӣ нест: "Дар ин эътироз шумори каме аз мардум ширкат дошт. Ин иқдом ягон 15-20 дақиқа идома дошт."
Хабарнигори Озодӣ аз назди бинои сафорат, воқеъ дар кӯчаи Турсунзодаи шаҳри Душанбе, гузориш дод, ки осори ҳамла ба бинои сафорат то ҳол мушоҳида мешавад ва аз ҷумла як тахтаи шишагии эълонҳо дар назди дарвозаи сафоратро бо санг шикастаанд ва пайи сангу шиша дар деворҳои сафорат низ дида мешавад. Ӯ мегӯяд, дар атрофи сафорат ҳоло шуморе аз нирӯҳои милиса мустақар шудаанд ва наворбардориро низ дар ин минтақа манъ кардаанд.
Як дипломати баландпояи ғарбӣ ҳам дар сӯҳбат бо Озодӣ хабари таҷаммӯъи занон дар назди сафорати Бритониёро тасдиқ кард ва гуфт, ин эътирози начандон бузург буд, ки зуд аз сӯи маъмурони амниятӣ пароканда карда шуд. Ба гуфтаи ин манбаъ, «бархе аз эътирозгарон дастгир шуданд.» Хабаргузории «Азия Плюс» аз қавли шоҳидон навишт, эътирозгарон алайҳи бинои сафорат шишаву санг партофтаанд ва милиса баъди ним соат ҳозир шуда, «ҳамаи тазоҳуркунандагонро дастгир кардааст.»
Далели эътироз рӯшан нест, вале шоҳидон мегӯянд, ки аз забони эътирозгарон ҳарфҳое дар бораи Бадахшон шунида мешуд.
Ин тазоҳурот дар ҳоле сурат гирифт, ки Робин Орд Смит, сафири Бритониё дар Душанбе барои ошноӣ бо вазъи Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон ба ин шаҳр сафар кардааст. Робин Орд Смит, ки 10-уми июн бо ҳавопаймо аз Душанбе ба Хоруғ парвоз кард, ба суоли Радиои Озодӣ дар бораи ҳадафи сафараш аз тариқи Твиттер посух дод, ин як сафари маъмулӣ дар давру бари Тоҷикистон аст ва “муҳим аст, авзоъро бубинем, то ки ба сайёҳони бритониёӣ тавсияҳои муносиб дода шавад.”
Рӯзи 4-уми июн Роберт Орд Смит гуфта буд, вазорати хориҷии Тоҷикистон ба дипломатҳо ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ иҷозаи сафар ба Бадахшонро намедиҳад, ҳарчанд сайёҳони хориҷӣ метавонанд ба онҷо сафар кунанд.
Баъди нооромиҳои рӯзҳои 21-24 майи Хоруғ ва ба оташ кашидани бинои додситонӣ ва раёсати умури дохилии вилояти Бадахшон ҳукумати Тоҷикистон судури иҷозаи сафар ба хориҷиён ба вилоятро мутаваққиф кард. Сафоратҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон аз ҷумла намояндагиҳои дипломатии Амрикову Бритониё ба шаҳрвандони он кишварҳо тавсия додаанд, ки аз сафар ба Хоруғ парҳез кунанд, зеро эҳтимоли такрори хушунат дар он минтақа вуҷуд дорад.
Эътирозҳои Хоруғ рӯзи 21 май бо як тирандозӣ дар маркази шаҳр оғоз ёфт. Дар ҷараёни як амалиёт, ки ба гуфтаи пулис, алайҳи қочоқбарони маводи мухаддир сурат мегирифт, 3 нафар, бо шумули як афсари ОМОН, кушта ва 4 тани дигар захмӣ шуданд. Шаби 22 май дар як хушунати дигар, ки мақомот талоши ҳамла ба бинои идораи амният унвонаш карданд, як нафари дигар куштаву ду тан захмӣ шуданд. Рӯзи 1 июн байни ҳукумат ва намояндагони эътирозгарони Хоруғ протоколе имзо шуд, ки бар асоси он як кумиссиюни муштараки иборат аз намояндагони мақомоти тафтишотӣ ва ҷомиаи шаҳрвандии Бадахшон, бо шумули фармондеҳи собиқи Хоруғ, нооромиҳои ахирро таҳқиқ хоҳад кард.