Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нафт ё ғалла -- аз Узбакистон чӣ бояд биорем?


Марзи Тоҷикистон ва Узбакистон.
Марзи Тоҷикистон ва Узбакистон.

Додугирифти мол миёни Тоҷикистону Узбакистон ду баробар афзоиш ёфтааст. Мақомоти тоҷик мегӯянд, дар соли равон Тоҷикистон ба Узбакистон асосан семент содир карда аз онҷо нуриҳои минералӣ овардааст. Аммо коршиносон мегӯянд, дар шароити имрӯз Тоҷикистон бештар аз ҳама ба маҳсулоти нафтии Узбакистон ниёз дорад, чун бо овардани он сӯзишворӣ дар дохили кишвар арзон хоҳад шуд.

Шариф Саид, роҳбари Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон рӯзи 12-уми июл зимни як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, омори мушаххаси тиҷорати ду кишварро феълан гуфта наметавонад, аммо дақиқ аст, ки гардиши мол миёни ду кишвар бештар аз ду маротиба зиёд шудааст.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки соли равон Тоҷикистон ба Узбакистон асосан семент содир карда, аз онҷо нуриҳои минералӣ овардааст.

Роҳбари Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон гуфт, дар нимсолаи аввали соли равон аз Узбакистон ба Тоҷикистон нуриҳои минералӣ, ғалла, техникаву таҷҳизот ва дигар молҳои ниёзи мардум ворид шудааст. Шариф Саид дар навбати худ таъкид кард, ки соҳибкорон аз Тоҷикистон ба Узбакистон семент ва маҳсулоти хоҷагии қишлоқ содирот кардаанд.

Аммо бинобар омори фаврии Хадамоти гумруки Тоҷикистон, дар давраи моҳҳои январ-майи соли равон, Тоҷикистон ба Узбакистон ба қадри 20 миллиону 617 ҳазор доллар мол содир карда, ба миқдори 25 миллиону 681 ҳазор доллар мол ворид кардааст. Дар маҷмӯъ, гардиши мол миёни ду кишвар дар ин давра каме беш аз 46 миллион долларо ташкил додааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта, ду маротиба бештар аст.

“Моли Узбакистонро тариқи Қирғизистон меоранд”

Аз зиёд шудани воридоти маҳсулоти Узбакистон ба хусус нуриҳои минералӣ асосан деҳқонон хушҳол мешаванд. Онҳо мегӯянд, маҳсулоти ин кишвар сифати хуб дорад, вале он мустақиман аз Узбакистон ворид намешавад. Қодиршоҳ Солиҳов, кишоварзе аз вилояти Суғд, ки дар минтақаи наздимарзӣ бо Узбакистон замини хоҷагӣ дорад, мегӯяд, нуриҳои минералии Узбакистон, бахусус селитра ва карбамид аз тариқи хоки Қирғизистон ба Тоҷикистон ворид мешавад.

Шариф Саид, роҳбари Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон.
Шариф Саид, роҳбари Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон.

Солиҳов беш аз 15 сол аст, ки ба деҳқонӣ машғул аст ва чор соли ахир дар бозор асосан нуриҳои минералии Узбакистонро харидорӣ мекунад. Қаблан ӯву кишоварзони дигармаҳсулоти минералии сохти Русияро аз бозор харидорӣ мекарданд ва ҳоло, ки навъи русии он пайдо намешавад, ба маҳсулоти Узбакистон рӯ овардаанд.

Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, “ҳоло як халтаи 50-килограммаи селитра 120-125 сомонӣ ва халтаи карбамид 145-150 сомонӣ арзиш дорад. Мутаассифона ин маҳсулотҳо мустақиман аз Узбакистон ба Тоҷикистон намегузарад ва тариқи Қирғизистон ба дасти мо мерасад. Агар ин маҳсулот аз Узбакистон мустақиман ворид мешуд, ман боварӣ дорам, ки нархи он дар бозор бамаротиб арзонтар мебуд.”

Ин деҳқон аз вилояти Суғд мегӯяд, умедвор аст бо беҳ шудани равобити ду кишвар маҳсулоти Узбакистон, ки барои ин қишр зарурӣ зиёдтар ворид шуда дар бозор арзон хоҳанд шуд. Аммо дар як вақт Қодиршоҳ аз он тарс дорад, ки маҳсулоти кишоварзии Узбакистон, аз қабили полезиҳо, бозори ӯро дар дохили Тоҷикистонро сард мекунанд.

“Ту - ба ман, ман - ба ту. Додугирифти қаблӣ бояд барқарор шавад”

Коршиносон мегӯянд, Тоҷикистон ҳоло аз ҳама бештар ба маҳсулоти нафтии Узбакистон ниёз дорад ва бо ин роҳ метавонад вобастагии худ аз Русияро коҳиш диҳад. Ҳоҷимуҳаммад Умаров, коршиноси масоили иқтисодӣ мегӯяд, аз Узбакистон ба Тоҷикистон бояд дубора воридоти маҳсулоти нафтӣ ва барқ дар зимистон ба роҳ монда шавад.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров.
Ҳоҷимуҳаммад Умаров.

Ҷаноби Умаров рӯзи 12-уми июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “аз Узбакистон дастрас кардани газ ва дар зимистон - нерӯи энержӣ бояд дубора иҷозат дода шавад. Бар иваз Тоҷикистон иҷозат диҳад, ки дар тобистон нерӯи барқи иловагии нерӯгоҳҳои кишвар ба Узбакистон содир шавад. Инчунин Узбекистон метавонанд ба Тоҷикистон маводи мошинсозиро содир кунад. Тоҷикистон бошад ба ин кишвар метавонад миқдори хеле зиёди маҳсулоти сохтмонӣ, масалан сангу регро содир кунад, ки дар Узбакистон қиммат аст.”

Ин коршиноси тоҷик мегӯяд, то ҳол монеаҳо дар тиҷорати ду кишвар вуҷуд дорад ва бахши асосии онро гумрук эҷод карда мекунад. Коршиносон мегӯянд, дар амри барқарор шудани равобити васеи ҳамкориҳои миёни ду кишвар, ки баъди сари президент Ислом Каримов дар моҳи сентябрисоли 2016 ва моҳи декабр интихоб шудани Шавкат Мирзиёев ба миён омад, бояд ҳукуматҳои ду кишвар созишномаҳои ҳамкории миёни сохторҳои мухталифи давлатиро бозбинӣ ва бо назардошти шароити нави ҳамкорӣ имзо кунанд.

“Тоҷикистон истеҳсоли нақлиётҳои Узбакистонро ба роҳ мемонад”

Моҳи июни соли равон дар нишасти аъзои ҳукумат ва соҳибкорони Тоҷикистону Узбакистон, мақомоти ду кишвар гуфтанд, ки дар як соли ахир мизони гардиши молу коло миёни ду кишвари ҳамсоя, ба 70 миллион доллар расидааст. Ба иттилои мақомоти тоҷик, дар Тоҷикистон ифтитоҳи намояндагии автозаводи Ravon ба нақша гирифта шудааст, ки ба истеҳсоли автомобилҳо, шурӯъ хоҳад кард.

Гуфтугӯи ҳайатҳои Тоҷикистон ва Узбакистон дар Душанбе.
Гуфтугӯи ҳайатҳои Тоҷикистон ва Узбакистон дар Душанбе.

Улуғбек Розиқулов, муовини нахуствазири Узбакистон ҳини сафараш ба Душанбе гуфт, ки танҳо дар ҷараёни намоишгоҳ-фурӯши молу маҳсулоти кишвар дар Душанбе дар моҳи апрели имсол, миёни ширкат ва соҳибкорони ду тараф ба маблағи 50 миллион доллар қарордод имзо шудааст. Дар ин намоишгоҳ беш аз 160 ширкат ва ҳудуди 500 соҳибкори узбакистонӣ иштирок карда, ҳудуди 1500 навъи маҳсулоту молҳои саноатӣ муаррифӣ шудаст. Қарор аст, дар моҳи сентябри имсол дар Узбакистон намоишгоҳи маҳсулот ва рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар он кишвар доир шавад.

То ҳол миёни Тоҷикистон ва Узбакистон иртиботи заминӣ, яъне, рафтуомади автобусҳову қаторҳои мусофирбарбарқарор нашудааст. Баъди музокироти чандинмоҳа ва танаффуси 25-сола, моҳи апрели имсол парвози ҳавопаймоҳо дар масири Тошканду Душанбе ба роҳ монда шуд. Дар 20 соли охир робитаҳои Тоҷикистону Узбакистон тадриҷан маҳдуд шуд ва мизони додугирифти тиҷоратӣ ва иқтисодӣ низ аз 500 миллион доллар дар оғози солҳои 2000, то ҳамагӣ 12 миллион доллар дар соли 2015коҳиш ёфт.

Вале бештар аз ҳар чизи дигар сокинони ҳарду кишвар умед доранд, ки шароити рафтуомади шаҳрвандони ду кишвар ба қаламрави ҳамдигар бар асоси шароити сабуктари ҳуқуқӣ ба роҳ монда мешавад. Феълан сокинони ин кишварҳо танҳо бар пояи раводид ё виза ҳақ доранд вориди қаламрави ҳамдигар шаванд, дар ҳоле, ки барои бисёр хонаводаҳо, ки дар ҳудуди кишвари ҳамсоя хешутабор доранд, сабуктар шудани шароити рафтуомад масъалаи калидӣ мебошад.

XS
SM
MD
LG