Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гумрук: Чӣ тавр қолин ба макарон "табдил" меёбад?


Тоҷирони тоҷик аз гарон шудани пардохтҳои гумрукӣ шикоят доранд, аммо Хадамоти гумрук мегӯяд, ки мизони ин пардохтҳо боло нарафтааст.

Дар бозору фурӯшгоҳҳои Тоҷикистон имрӯзҳо ба суоли “Чаро ин қадар қиммат?” баробари ҷавоби маъмулии доллар гарон шуд, посухи “расстаможка ва ё боҷи гумрукӣ баланд шудааст”−ро низ шунидан мумкин аст.

Бозорҳои Тоҷикистон моломолӣ молу маҳсулоти хориҷӣ аст ва пардохти боҷи гумуркӣ ҳатман ба нархи ниҳоии мол таъсир мерасонад. Зеро воридоти кишвар нисбат ба содирот се маротиба бештар буда, танҳо дар нимаи аввали соли равон кишвар ба миқдори 1 миллиарду 574 миллион доллар аз хориҷ мол ворид карда, танҳо ба қадри 430 миллион доллар ба хориҷ мол содир кардааст.

Тоҷиддин Шарипов, як тоҷири тоҷик мегӯяд, ки ӯ ҳафтаи қабл аз Туркия ба Тоҷикистон балонҳои газ барои мошин, хокаи андова ва молу ашёҳои рӯзгор ворид кард. Аммо ин дафъа, ба фарқ аз дафъаҳои дигар бештар боҷӣ гумурукӣ пардохт кардааст. Ин тоҷир мегӯяд, онҳо дар як мошин то 27 тонна маҳсулот бор мекунанд, чунки мошини бо бори аз ин бештарро мақомоти Узбакистон тариқи қаламравашон роҳ намедиҳад. Вай афзуд, ки "чанд сол аст, ки мо бо бародарам баланҳои гази мошин, шпаклёвка ва молу ашёҳои рӯзгор назри зарф ва ҷевонҳои пластмасӣ ворид мекунем. Пештар барои ҳамин миқдор мол 36−38 ҳазор сомонӣ пардохт мекардем. Охирин бор 42 ҳазор сомонӣ пардохт карда будем. Ин дафъа ба ҳамин миқдор мол 56 ҳазор сомонӣ боҷи гумурукӣ пардохт кардем.”

Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, молу колоҳои ӯ дар гузаргоҳи сарҳадии Тоҷикистону Узбакистон дар ноҳияи Мастчоҳ банд монданд, зеро ҷараёни пардохти боҷи гумрукии бори онҳо беш аз 20 рӯз тӯл кашид. Ин тоҷири тоҷик мегӯяд, бо супурдани кулли пардохтҳои гумрукӣ, нархи ниҳоии маҳсулоти ӯ то андозае боло рафт, ки акнун ӯ маҷбур аст харҷҳои худро бо боло бурдани қимат аз ҷайби муштарӣ ҷуброн кунад.

Айнин чунин шикоятҳоро ҳадди ақал панҷ тоҷири дигар низ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ иброз доштанд.

Аммо аз Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯяд, ки тайи моҳҳои охир мизони пардохтҳои гумрукӣ барои воридоти маҳсулот ба кишвар боло бурда нашудааст. Ҳумайро Мирова, корманди раёсати таҳлил ва иттилооти Хадамоти гумурк рӯзи 22 июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки мизони пардохтҳои гумрукӣ боло нарафтааст ва дар ояндаи наздик ҳам боло рафтани он дар назар нест.

Агар Хадамоти кумрукӣ мизони боҷро боло набурда бошад, пас маблағи иловагӣ аз тоҷирон дар кадом асос ситонида мешавад? Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Хадамоти гумуруки Тоҷикистон мегӯяд, мизони пардохтҳои гумрукӣ боло нарафтааст, балки тоҷирон то ҳол бо роҳи кочоқ ва дигар ҳиллаҳо аз пардохти пураи боҷҳо мегурехтанд. Ӯ бештар аз амалкарди тоҷирони тоҷик, ки аз Чин мол ворид мекунанд шикоят кард ва гуфт, ки онҳо ба хотири пардохти ками боҷи гумрукӣ нархи аввалияи молу колоро дар санадҳо поин нишон медиҳанд.

Ҷаноби Ғоиб даст доштани ходимони гумрукро дар ин амалҳои мушкук рад накард, аммо айби аслиро бар дӯши тоҷирон гузошт. “Масалан, тибқи омори гумрукчиёни Чин, дар ним сол аз ин кишвар ба Тоҷикистон дар 257 миллион доллар мол ворид шудааст. Дар мо бошад танҳо 132 миллион қайд шудааст. Чунки тоҷирони мо, ки ҳамин қадр эҳтиромашон мекунем, ҳуҷҷатҳоро дигар карда, нархи молро ду баробар камтар мекунанд ва оварда дар ин ҷо ба расмиёти гумурукӣ медароранд. Ҳолатҳое буд, ки тоҷир қолин овардааст, аммо онро ҳамчун маҳсулоти макаронӣ ба расмиёт даровардаанд. Албатта дар ин ҷо кормандони гумрук низ даст доранд.”

Ин мақоми тоҷик мегӯяд, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз “ камнависиҳо”, онҳо бо ҳамтоёни чиноии худ ба муовфиқа расиданд, ки минбаъд бо ҳам табодули иттилоъ кунанд. Ин гуфтаҳои Абдуфаттҳои Ғоиб дар ҳолест, ки нақшаи даромадҳои давлат аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорб каме беш аз 80 дарсад иҷро шуда ва ба будҷа 377 миллион сомнӣ камтар аз нақша маблағ ворид шудааст.

Дар ин росто кормандони гумрук назорат аз болои молҳои воридшаванда нархи аслии он ва ситонидани пардохтҳои гумурукиро пурзӯр кардаанд. Пурзӯр шудани назорат ва талаби иҷроиши пурраи қонун, барои тоҷироне, ки то ҳол аз рӯи одат, бо ҳар роҳу васила қисме аз падохти пурраи боҷи гумрукӣ сарпечӣ мекарданд, гаронӣ мекунанд.

Тоҷикистон дар ҳоле иҷроиши қонунҳои молиёт ва гумрукро сагинтар кардааст, ки дар пайи коҳиши бесобиқаи пулҳои интиқолии муҳоҷирон аз Русия (32 дарсад) аввалин бор дар паҷн соли охир дар семоҳаи аввал нақшаи даромади будҷаи кившар пурра иҷро нашуд ва дар сатҳи 94 дарсад қарор гирифт. Рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ низ, ки солҳои қаблӣ беш аз 7 дарсад буд, бинобар маълумоти Оҷонӣ, то ба сатҳи 5,2 дарсад поин омад. Сандуқи байналмиллалии асъор бошад пешбинӣ мекунад, ки рушди ММД Тоҷикистон дар соли ҷорӣ ба 3 дарсад коҳиш хоҳад ёфт.

XS
SM
MD
LG