Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон алайҳи собиқ муовини вазири дифои кишвар Абдулло Ҳабибов бо моддаи 338-и Кодекси ҷиноӣ бо ҷурми “худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва сохтмони худсарона дар он” парванда боз намуданд, баррасии он дар додгоҳи шаҳри Душанбе шурӯъ шудааст. Аммо худи Абдулло Ҳабибов мегӯяд, ки ин парванда ба сурати умум, аз рӯи ғараз алайҳи ӯ созмон дода шудааст.
Абдулло Ҳабибов рӯзи 23-уми декабр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ин парванда барои як сотих замини масоҳати масҷид, ки ҳанӯз сохтмони он ба анҷом нарасидааст, аз тарафи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бар асоси шикояти чанд нафар аз сокинони биноҳои атрофи ин сохтмон, ифтитоҳ шудааст. Ин масҷид қарор аст дар наздикҳои маҳаллаи маъруф ба "Автовокзал"-и ноҳияи Синои пойтахт бунёд шавад.
Абдуллоҳ Ҳабибов афзуд, ки барои сохтмони ин масҷид ҳудуди 30 то 50 метр қитъаи замин аз ҳукумати шаҳр иҷозати расмӣ гирифтанд ва сохтмонро оғоз карданд. Вале вақте раиси Шӯрои уламои маркази исломиро барои дақиқ кардани макони меҳроб даъват намуданд, бо маслиҳати вай равиши сохтмони масҷид андаке дигар карда шуд ва 26 дараҷа тоб хӯрд ва масоҳати он 26 ва 34 метрро дар бар гирифт, ки аз масоҳати умумии он (30 ба 50 метр) берун нарафтааст. Ба гуфтаи Абдулло Ҳабибов, танҳо ду бурҷи он андаке тағйир хӯрд ва дар натиҷа барои як сотих қитъаи он, алайҳаш парванд боз шуд.
Абдулло Ҳабибов гуфт, ки барои қонунӣ кардани ҳамин қитъаи замин ба Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ муроҷиат карданд ва ин ниҳод низ ба ин мувофиқат кард. Вале баъдан ба онҳо супориш шудааст, ки сертификат дода нашавад ва ҳоло баҳс фақат рӯи ҳамин як сотих замин идома дорад. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи Абдулло Ҳабибов, гӯё ду бурҷи масҷид истиқоматкунандагони биноҳои атрофро халал расонидааст ва чанд нафари онҳо, ки дар миёнашон омӯзгорон низ ҳастанд ва номашон ҳамчун ҷабрдида рафтааст, дар ин бора шикоят кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, Додгоҳи шаҳри Душанбе мегӯяд, нахустин мурофиа дар робита ба парванда алайҳи Абдулло Ҳабибов рӯзи 28-уми декабр баргузор хоҳад шуд. Дафтари матбуоти додгоҳи Душанбе гуфт, қарор буд мурофиа рӯзи 22-юми декабр доир шавад, вале бинобар ваколат надоштани адвокати Абдулло Ҳабибов, он ба таъхир гузошта шуд.
Парванда алайҳи генерал Абдулло Ҳабибов ба иттиҳоми "худсарона ишғол намудани замин ва сохтмони худсарона дар он" дар ҳолест, ки қаблан мақомот дар Душанбе ва дигар манотиқи кишвар дари бархе аз масоҷиди ҷомеъ ва панҷвақтаро, ки бидуни сабти номи расмӣ фаъолият мекарданд, баста буданд.
Генерал-майор Абдулло Ҳабибов 1-уми майи моли 1940 дар ноҳияи Мӯъминобод таваллуд шудааст. Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, Академияи фанҳои ҷамъиятии назди Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Маскав мебошад. Абдулло Ҳабибов номзади илми таърих буда, ба ҳайси мудири шӯъбаи идеологии Кумитаи марказии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, референти калони дастгоҳи Шӯрои вазирони Тоҷикистон, сардори шӯъбаи сиёсии ВКД, Раиси кумитаи Маҷлиси Олии Тоҷикистон оид ба қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳуқуқи инсон, Муовини раиси кумитаи гумрук, муовини аввали вазири дифои Тоҷикистон, Мудири шӯъбаи ҳуқуқи дастгоҳи Маҷлиси Миллӣ ва вакили мардумии Тоҷикистон кор кардааст. Ҳоло бознишаста аст.