Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гармӣ, тӯфон ва ҳамлаи ҳашарот. Тасвири тарсноки тағйири иқлим дар Тоҷикистон. ВИДЕО


Шаҳри Душанбе. Октябри соли 2018
Шаҳри Душанбе. Октябри соли 2018

Хокбоду тӯфонҳои чангу ғубор, афзоиши ҳашарот, хушксолӣ, ярч ва боронҳои шадид. Ин на порча аз сенарияи филми тарснок, балки баргирифта аз барномаи ҳукумати Тоҷикистон аст, ки оқибатҳои ногувори тағйирёбии иқлимро дар ояндаи наздики кишвар тасвир мекунад. Чизе, ки одати бисёриҳоро ба барномаҳои умедворкунанда ва хушбинонаи ҳукумат хоҳад шикаст.

Бо тасвири чунин дурнамо ҳукумати Тоҷикистон "Стратегияи мутобиқшавии Тоҷикистон ба тағйирёбии иқлимро то соли 2030" қабул кард.

Муаллифони ин санад бо такя ба пажӯҳиши ниҳодҳои илмии дохили кишвар навиштаанд, осори гармшавии иқлим дар Тоҷикистон аллакай мушоҳида мешавад ва аз соли 1940 то 2017 ҳарорати ҳаво ҳар даҳ сол ба ҳисоби миёна 0,1- 0,2 дараҷа гармтар шудааст.

Гуфта мешавад, дар ин муддат ҳарорати миёнаи ҳаво дар шаҳри Душанбе 1 дараҷа ва дар Данғара 1,2 дараҷа гарм шудааст.

"Пиряхҳо бухор мешаванд"

Ба тасвири муаллифони гузориш, гармшавии ҳарорати ҳаво боис ба обшавии пиряхҳо ва хушксолӣ мегардад. Масалан, гуфта мешавад, бузургтарин пиряхи Тоҷикистон - Федченко 1 километр кӯтоҳ шудааст ва аз ибтидои асри бист қариб 5 километр яхро талаф додааст. Баъзе пиряхҳои начандон калон дар сатҳи поён комилан нобуд шуданд ё дар ҳоли маҳвшавиянд. Чунончӣ, дар Деҳқондара пиряхе бо масоҳати 1 километри мураббаъ, ки дар болооби рӯди Қаротоғ воқеъ буд, пурра об гаштааст.

Обшавии пиряхҳо зери таъсири гармшавии иқлим ба пешбинии муаллифон ба навбати худ оқибатҳои ногувори дигареро дар пай хоҳад дошт. Аз ҷумла, таназзули чарогоҳҳо, зуд-зуд ба миён омадани тӯфонҳои чангу ғубор, афзоиши ҳашароти зараррасон ва зарбаи он ба кишоварзӣ ва камҳосил шудан заминҳо. Хавфи бештар шудани боронҳои шадид ва ҳамин тавр селҳои харобиовар низ меафзояд. Ярчҳо ба падидаҳои муқаррарӣ табдил меёбанд.

Тағйири иқлим ва ё наздик шудани "қиёмат" дар Тоҷикистон?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:46 0:00


Муаллифони ин санад навиштаанд, агар дар соли 2014 Тоҷикистон аз ҳисоби офатҳои табиӣ беш аз 50 миллион доллар зарар дид, дар соли 2030 пешбинӣ мешавад, хисороти офатҳои табиӣ ба беш аз 132 миллион доллар бирасад.

Ба ҷуз аз обшавии пиряхҳо, боронҳои шадид ва омадани сел ба арсаи кишоварзӣ ва амнияти озуқавории кишвар ҳам хатар меорад. Ба замми хушкидани чарогоҳҳо ҳосилнокии заминҳо дар Тоҷикистон низ кам мешавад. Бино ба пешбинӣ, ҳосилнокии кишоварзӣ то соли 2100-ум метавонад то 30 дарсад дар баъзе минтақаҳои мамлакат бештар аз ин паст гардад. Муаллифон навиштаанд, ин тағйир эҳтимолан ба 2 миллион нафар таъсири худро мерасонад ва аз онҳо 800 ҳазорашон бевосита дар зери хавфи гуруснагӣ қарор мегиранд.

Нишонаҳои гармшавии иқлим: "нисфи лиму зард, нисфаш сабз"

Саидхӯҷа Сангаков, раиси созмони ғайридавлатии "Тоҷик Агрофонд" мегӯяд, осори гармшавии иқлим ва таъсири он дар кишоварзиро аз ҳоло мушоҳида кардан мумкин аст. Ӯ гуфт: "Ҳамин сол боғпарварон дар ноҳияҳои Хатлон нишон доданд, ки як қисми пӯсти лиму қабл аз мавсими расишаш зард шуд. Ҳамон қисмате, ки офтоб мерасад зард аст, бахши дигараш сабз, чун ҳанӯз мавсими пӯхтанаш нарасидааст. Мутахассисон гуфтанд, ин натиҷаи аз ҳад зиёд гарм шудани ҳарорати ҳаво ва нерӯи офтоб аст. Деҳқонон чунин ҳолатро пеш мушоҳида накарда буданд."

Сангаков афзуд, коҳишёбии ҳосил дар натиҷаи гармшавии иқлим ва хушксолиҳо бештар ба заминҳои лалмӣ рабт дорад, ки бинобар набуди борону барф инкишоф намеёбад ва ҳосилаш дар ниҳоят кам мешавад.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, яке аз усулҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ҷорӣ кардани обёрии қатрагӣ аст, аммо дар Тоҷикистон кишоварзон хеле кам аз он истифода мекунанд. "Хоҷагиҳои деҳқонӣ хеле хурданд ва онҳо бинобар хароҷот усули қатрагии обёриро ҷорӣ намекунанд. Ҳарчанд аз ҳисоби сарфаи нуриҳои минералӣ ва афзоиши хуби зироат хароҷоти онҳо ҷуброн мешавад. Аммо кишоварзони мо ба муваффақияти ин гуна навовариҳо аксар вақт ба шубҳа менигаранд", -- афзуд ӯ.

Дар ин санад гуфта мешавад, барои коҳиш додани суръати гармшавии ҳаво Тоҷикистон мехоҳад, аз 65-75 дарсад ихроҷи газҳои гулхонаиро бо татбиқи барномаҳои нав дар энергетика, кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал кам кунад. Аммо дар сармоягузории ин гуна тарҳҳо Тоҷикистон боз ҳам ба кумаки фондҳои сабз ва мутобиқшавӣ ба иқлим умед мебанданд.

Воҳима ё гардишҳои табиӣ?

Комилҷон Орифов, мутахассиси варзидаи энергетика ва таҳлилгари тоҷик мегӯяд, мавзӯи тағйирёбии иқлим, ки айни замон ба сархати расонаҳо ва мавзӯи рӯзи сиёсатмадорон табдил ёфтааст, бисёр бо сиёсат олуда аст ва гоҳе "хатарҳо аз будаш зиёд нишон дода мешавад".

Орифов мегӯяд, дар миёни пажӯҳишгарон ҳанӯз дар мавриди бебозгашт будани гармшавии иқлим иттифоқи назар вуҷуд надорад. "Иқлим иваз мешавад ва давраҳои худро дорад, гарм мешавад ва гоҳе баръакс давраи сардӣ фаро мерасад, ки бо номи "даврони яхбандон" маъруф аст. Бинобар ин яқин гуфта намешавад, ки гармшавии ҳаво, ки ҳоло мушоҳида мешавад ин як даври иқлим аст ва дубора даврони сардӣ фаро мерасад ва ё бебозгашт гарм мешавад."

Орифов афзуд, айни замон дар ҷаҳон бунёдҳои бузурге барои мутобиқгардонии кишварҳо ба тағйирёбии иқлим вуҷуд доранд, ки дар он миллиардҳо доллар хазина шуданд. Тоҷикистон бо истифода аз ин маблағҳои имтиёздор метавонад, мушкилоти иҷтимоии худро ҳал кунад.

"Барои мисол, ҳоло нерӯгоҳи Қайроққум маҳз бо истифода аз маблағҳои бунёди мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим навсозӣ мешавад. Тоҷикистон метавонад дар баробари ҷаҳони боқӣ зери шиори гармшавии иқлим "бозӣ" кунад ва аз маблағҳои ин гуна фондҳо истифода кунад", -- хулоса кард Орифов.

XS
SM
MD
LG