Ислоҳи «Қонуни интихобот ба Маҷлиси олии Тоҷикистон» баҳсҳои гарму доғро дар парлумони кишвар ба бор овард. Бо вуҷуди он ки намояндагони аҳзоби мухолиф, тарҳи дигаргуниҳоро нокифоят шумурданд ва гуфтанд, он қонуни мавҷударо ба гунаи ҷиддӣ беҳтар нахоҳад кард, аксари вакилон аз пешниҳодҳо ҳимоят карданд.
Маҳмадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва муаллифи ин ислоҳот зимни муаррифии лоиҳа дар ҷаласаи парлумони рузи сешанбе 25-уми феврал гуфт, ин тағйирот дар пайи тавсияҳои нозирони созмонҳои байналмилалӣ дар мавриди наҳваи баргузории интихоботҳо гирифта шудааст. Вай мегӯяд,тибқи тарҳи нав шумораи имзоҳо коҳиш дода мешаванд, ҳизбҳои сиёсӣ на 22, балки 28 номзадро ба феҳрасти худ ворид мекунанд ва дар хориҷи кишвар ба муҳоҷирон шароти ширкат дар овоздиҳӣ фароҳам мегардад.
Ӯ ҳамчунин афзуд, «тағйиру иловаҳо инчунин ба моддаи 41- баргаҳои овоздиҳӣ ва моддаи 42 тартиби овоздиҳӣ низ пешниҳод гардидаанд,ки онҳо низ барои равнади демократикуннонии интихобот мусоидат мекунанд.Аз ҷумла дар баргаҳо баъди рӯйхати номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ илова кардани сатри иловагии Муқобили ҳамаи номзадҳо ё аҳзоби сиёсӣ овоз диҳад.» Ҳамзамон Ватанов то 50 дарсад пойин бурдани ҳаҷми гаравпулиро барои ширкати номзадҳо дар интихобот, ба унвони тағйироти ҷиддӣ дар ин қонун ном бурд.
Вале Шодӣ Шабдолов, раҳбари ҳизби коммунист ва узви парлумон мегӯяд, аз 8 ҳазор сомонӣ то 4 ҳазор сомонӣ коҳиш додани ҳаҷми гаравпулӣ вазъиятро барои ширкати номзадҳо дар интихобот беҳтар нахоҳад кард. Ба бовари Шабдолов, дар ин сурат низ ба ҷуз аҳзобе ки тоҷирону соҳибкорон шомили он ҳастанд, дигар ҳизбҳои «фақиру ғариб » дар пардохти ин гаравпулӣ қодир нестанд: «Аз назари ман, ин як мамониати асосӣ барои ҳизбҳои дигар аст, то ин ки иштирок накунанд. Бо назардошти он ки маоши ҳадди миёна 120 долларро ташкил мекунад, мо пешниҳод дорем, ки маблағи думоҳаро ҳамчун гаравпулӣ муайян кунанд. Як омӯзгори оддӣ, ки бо маош рӯз мегузаронад, тасаввур кунед, ки яксолаи маоши худро барои номзадияш пешниҳод кунад ва дар интихобот нагузарад, ҳам пулаш месӯзад ва ҳам қарздор мешавад. Ин яке аз масъалаҳое, буд, ки бояд ислоҳ мешуд, аммо нашуд.»
Дар ин баробар Шабдолов гуфт, яке аз пешниҳодҳои ҳизби коммунист, ки марбут ба ҳузури аҳзоби сиёсӣ дар қитъаҳои овоздиҳӣ буд, дар тарҳи нав сарфи назар шудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба таъкиди сиёсатмадор, тақдири ҳама гуна интихобот маҳз дар ҳамин қитъаҳо ҳал мешавад на дар ҳавзаҳо. Шодӣ Шабдолов бо вуҷуди он, ки аз муаллифони тарҳ ташаккур кард, аммо муқобили ин ислоҳот овоз дод.
Ба фарқ аз Шодӣ Шабдолов, Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бетарафиро ихтиёр намуд. Зеро мегӯяд, намояндагони ин ҳизб тарҳи алоҳидаи худро дар робита ба интихобот пешниҳоди Маҷлиси намояндагон кардаанд ва умедворанд, ки ин лоиҳаи онҳо дар ҷаласаи парлумон матраҳ мешавад. Ҷаноби Кабирӣ мегӯяд, тарҳи онҳо аз лоиҳаи тасвибшаванда фарқ дорад ва ҳадафи он ҳам беҳтар кардани қонунгузории кишвар дар самти интихобот аст.
Аммо бо ин ҳам Муҳиддин Кабирӣ низ бо интиқод аз ҳаҷми муайншудаи гаравпулӣ гуфт , «воқеан ҳаҷми гарвапулӣ баланд аст, бахусус дар ҳолате, ки агар номзад 49 фойиз овоз ҳам гирад,аз ин маблағ маҳрум мешавад. Пешниҳоде, ки мо дар тарҳи худамон кардем ин аст, ки бояд ин мантиқи бошад ва на ҳамчун ҷазо додани номзад ё шаҳрванде ки мехоҳад номзад бошад, балки ин меъёр дар тамоми ҷаҳон ҳамчун монеъшавӣ барои номзадҳои тасодуфӣ, ки мехоҳанд номашон дар руйхати номзадҳо бошад, икмоният дорад ё надора мемонад ва руйхтаро пурра мекунад. Вале агар номзад 10 фойиз овоз гирифт вай аллакай номзади тасодуфӣ нест. Лозим нест, ки вай 51 дарсад овоз бигираду баъд маблағашро бозпас гардонанд. Пешниҳоди мо ин аст, ки агар номзад 10 дарсад овозро соҳиб гардад,маблағаш бозпас дода шавад.»
Ҳарчанд Кабирӣ пешниҳод кард, ки ҳаҷми гаравпулӣ то ба 20 маоши ҳадди аққал ва ё 800 сомонӣ расонда шавад, ва аз вакилон хост, то мавқеи худро рушан кунанд, аммо ин пешниҳод қобили қабули вакилон нагардид.
Дар ҳамин ҳол Сӯҳроб Шарифов, узви парлумон бо ишора ба он ки ҳар ҳизби сиёсӣ аз манфиатҳои худ ҳимоя мекунад мегӯяд, дар маҷмӯъ ҳама ҳизбҳо дар Тоҷикистон талош доранд,то низоми интихоботӣ рушд ёбад ва ба меъёрҳои демократӣ наздик шавад. Сӯҳроб Шарифов гуфт, « ман низ бо он ақида розӣ ҳастам, ки ворид кардани ислоҳот ба қонуни интихобот як қадаме ба пеш аст, вале ҳамаи ин дигаргуниҳо дар чаҳорчубаи он омилҳои доими тағйирёбандае, ки дар сиёсат ва системаи сиёсии Тоҷикистон доир мегарданд бояд оҳиста оҳиста мутобиқ гардонад шавад. »
Тағйиру ислоҳи Қонуни интихоботи Маҷлиси Олӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки то интихоботи парлумонии Тоҷикистон як соли дигар боқӣ мондааст.
Баъд аз баргузории интихоботи порлумонии соли 2010 ҳайати нозирони САҲА хулоса карда буд, ки интихоботи Тоҷикистон ҷавобгӯи меъёрҳои ҳадди ақали як интихоботи озоду демократӣ набуд. Ин нозирон баъди он корзор ба мақомотии Тоҷикистон як силсила тавсияҳо дода буданд, ки аз байн бурдани “ҳаққи вакилӣ” танҳо яке аз онҳост. Дар он интихобот ҳизби ҳокими халқии демократӣ аз 63 курсии Маҷлиси намояндагон 55 курсиашро соҳиб шуд ва ба ҳар яке аз чаҳор ҳизби дигар -- аграрӣ, коммунист, ислоҳоти иқтисодӣ ва наҳзати исломӣ - дукурсигӣ расид.
Зимнан парлумон имрӯз ҳамин тавр тағйиру иловаҳо ба қонуни конститутсионӣ “Дар бораи мақомоти прокуратура”-ро қабул кард. Ҳангоми баҳси ин қонун байни Муҳиддини Кабирӣ ва додситони кулл Шерхон Салимзода суолу ҷавоби ҷолибе сурат гирифт. Видеои баҳси Кабирӣ бо Салимзодаро инҷо тамошо кунед: