Бадахшон Сафарова, сокини 30-солаи ноҳияи Восеъ, мехоҳад ду фарзанди хурдсолашро ба ятимхона ё интернат бисупорад. Ӯ аз шавҳар ҷудо шудааст. Мегӯяд, ба танҳоӣ наметавонад ҳам кор кунад ва ҳам фарзандонашро нигоҳубину тарбия.
Сафарова рӯзи 14-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин тасмимро танҳо ба хотири таҳсили фарзандонаш гирифтааст ва намехоҳад аз баҳри онҳо гузарад.
"Мехоҳам, ба мактаб раванд. Бихонанд. Мисли ман азоб накашанд. Модарам инҳоро нигоҳ мекард. Вақте ӯ даргузашт, ман инҳоро нигоҳ карда наметавонам. Кор равам, бе тарбия мемонанд. Бе нигоҳубин мемонанд. Мехоҳам инҳоро дар ягон интернат супоранд," - изҳор дошт ӯ.
Ба гуфтаи Сафарова, падари фарзандонаш бо оилаи нави худ зиндагӣ мекунад ва барои ҳар фарзандаш ҳар моҳ 125 сомонӣ алимент медиҳад. Падар омодааст, тарбияи фарзандонро ба зимма гирад, вале шарт гузоштааст, ки модар бояд аз баҳри онҳо гузарад.
"Дар як моҳ барои ду фарзанд 250 сомонӣ алимент мегирам. Ҳар бор маро ҳақорат мекунад. Мегӯяд, худат нигоҳубин кун. Худат дарбадарӣ, мехоҳӣ зиндагии манро вайро кунӣ?" -- изҳор дошт ҳамсуҳбати мо.
Бадахшон бо фарзандонаш дар шаҳри Душанбе дар як ҳуҷраи иҷора дар шароити начандон хуб зиндагӣ дорад. Вай мактаб нахондааст, аз ин рӯ намедонад, ки чӣ гуна бояд ҳуҷҷат ҷамъоварӣ ва ба куҷо муроҷиат кунад.
Дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфтанд, ки тибқи низомнома кӯдаконе ба ятимхонаҳо қабул мешаванд, ки ятими кул ё нимаятим ҳастанд. Ва Бадахшон ҳам дар ҳоле метавонад фарзандонашро ба ятимхона супорад, ки расман аз онҳо даст кашад. Коре, ки Бадахшон Сафарова онро намехоҳад.
Хуршед Мавлонов, сухангӯи Вазорати маориф, рӯзи 14-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, "ба ғайр аз мактаб-интернатҳо, хонаи кӯдакон фаъолият мекунад, ки тартиби қабулашон каме дигар аст. Дар ин ҷо кӯдакони ятими синнашон аз 2-моҳа то 7-сола, кӯдакон аз хонаи навзодон ва кӯдаконе, ки шахсони дигар ба фарзандхонӣ гирифта, вале бо сабабҳои гуногун аз онҳо даст кашидаанд, нигоҳ дошта мешаванд."
Пошхӯрии оилаҳо ва маҳрум шудани фарзандон аз тарбияи яке аз волидон солҳост, ки аз мавзуъҳои ташвишовар дар ҷомеаи Тоҷикистон аст. Тибқи омор, соли 2024 дар Тоҷикистон 9 ҳазор оила аз ҳам ҷудо шудааст.
Ба иттилои мақомот, танҳо дар соли 2023 дар пайи ҷудо шудани оилаҳо дар Тоҷикистон ҳудуди 11 ҳазор кӯдак нимаятим монданд. Яъне, ҳар рӯз 28 кӯдак аз тарбия ва оғуши гарми падар ё модар маҳрум шудаанд. Ва барои модар ё падари танҳо имкони ба парваришгоҳ ё интернат додани кӯдаконашон мавҷуд нест. Қонунгузорӣ ин масъаларо муайян накардааст.