Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Чароғи сабз"-и Чин ба Амрико пас аз изҳороти Трамп дар бораи коҳиши боҷҳо


Як рӯз пас аз он, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, эҳтимоли коҳиши "қобили таваҷҷуҳ"-и таърифа ё боҷҳои гумрукӣ алайҳи Чинро матраҳ кард, Пекин рӯзи чаҳоршанбе эълон кард, ки "дари гуфтугӯҳои тиҷорӣ ба таври комил боз аст".

Доналд Трамп аз моҳи январ ба ин тараф боҷҳои 145-дарсадӣ бар бисёре аз молу колоҳои Чин ҷорӣ кард. Раисҷумҳури Амрико аммо рӯзи 22 апрел гуфт, ҳадди 145-дарсадии боҷҳо "бисёр баланд" аст ва афзуд, ки "коҳиши қобили таваҷҷуҳе" хоҳад ёфт.

Ӯ гуфт, ки ин боҷҳои гумрукӣ, "аслан наздик ба ин миқдор, нахоҳад буд, аммо сифр ҳам нахоҳад шуд. Дар ниҳоят, онҳо бояд созише кунанд, чун дар ғайри ин сурат, нахоҳанд тавонист дар бозори Амрико фаъолият кунанд".

Раисҷумҳури Амрико рӯзи 22 апрел эълон кард, ки дар муноқишаи тиҷории ҷорӣ бо Чин, ният надорад аз равишҳои сахтгирона кор бигирад. Ӯ бо ишора ба Чин гуфт, "мо бисёр хушрафтор хоҳем буд. Онҳо ҳам бисёр хушрафтор хоҳанд буд ва хоҳем дид, чӣ пеш меояд".

Трамп афзуд, "аммо дар ниҳоят, онҳо бояд созише анҷом диҳанд, чун дар ғайри он сурат, қодир ба тиҷорат дар Амрико нахоҳанд буд. Агар созише анҷом надиҳанд, мо худамон созишро таъйин хоҳем кард... ва ин барои ҳама одилона хоҳад буд".

Дар вокуниш ба ин таҳаввул, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин дар нишасти хабарӣ дар Пекин гуфт, "Чин аз ҳамон оғоз таъкид кард, ки дар ҷанги таърифаҳо ва ҷанги тиҷорӣ, ҳеҷ барандае вуҷуд надорад. Дари гуфтугӯ комилан боз аст".

Ба гузориши расонаҳои давлатии Чин, Си Ҷинпин, раисҷумҳури ин кишвар низ рӯзи 23 апрел ҳушдор дод, ки ҷангҳои тиҷорӣ "ҳуқуқи машруи ҳама кишварҳоро тазъиф мекунад, ба тиҷорат осеб мерасонад ва бар низоми ҷаҳонӣ таъсир мегузорад".

Ин боҷҳо дар ибтидо бинобар нақши Чин дар занҷираи таъмини модаи фентанил (Fentanyl) ва сипас бинобар ончӣ Вашингтон равияи ноодилонаи иқтисодии Пекин хонд, ҷорӣ шуд.

Дар вокуниш, Пекин низ таърифаҳои густурдае то ҳадди 145 дарсад ба молу колоҳои амрикоӣ ҷорӣ кард. Аммо рӯзи 23 апрел бори дигар таъкид кард, ки омодаи гуфтугӯҳои тиҷорӣ аст.

Ин изҳорот пас аз он баён шуд, ки вазири молияи Амрико дар як нишасти пушти дарҳои баста гуфта буд, ки ин боҷҳо амалан баробар ба "таҳримҳои тиҷории мутақобил" аст.

Ба гуфтаи як фарде, ки дар ин нишаст ҳузур дошт, вазири молияи Амрико пешбинӣ кардааст, ки "дар ояндаи наздик шоҳиди коҳиши таниш хоҳем буд".

Ӯ ҳамчунин гуфтааст, ки чунин тағйирот метавонад андаке ба бозорҳо оромиш диҳад.

Доналд Трамп рӯзи 22 апрел ҳамчунин гуфт, ки нияти барканории раиси Бонки марказии Амрикоро надорад ва ин суханони ӯ низ ба бозорҳои ҷаҳонӣ оромише нисбӣ бахшид.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG