Мақомоти Украина аз ҳамлаҳои густурдаи мушакӣ ва паҳподии шабонаи Русия ба минтақаи гуногуни ин кишвар хабар доданд. Ба гуфтаи онҳо, дастикам 9 нафар дар Киев кушта ва беш аз 70 тан, аз ҷумла шаш кӯдак дар ин шаҳр ва минтақаҳои дигар захмӣ шуданд.
Масъулони шаҳрдории Киев гуфтанд, шуморе аз сокинон дар зери вайронаҳои як бино банд мондаанд. Хадамоти изтирории давлатии Украина дар "Телеграм" эълон кард, ки ҷустуҷӯи афрод аз зери ин бино идома дорад.
Шаҳрдори Харков, дувумин шаҳри калони Украина, низ аз ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподии шабона ба ин шаҳр гузориш дод. Игор Терехов ибтидо аз бархӯрди ҳафт мушак сухан гуфт ва чанд соат баъд эълон кард, ки ҳамлаҳои густурдаи паҳподҳои "Шоҳид" ба Харков идома дорад.
Нерӯҳои ҳавоии Украина рӯзи 24 апрел эълон карданд, ки Русия шаби гузашта ба минтақаҳои гуногуни ин кишвар 215 паҳпод ва мушак партоб кард, ки шуморе аз онҳо раҳгирӣ ва сарнагун карда шуданд.
Андрей Сибиҳа, вазири корҳои хориҷии Украина, бо ишора ба ҳамлаҳои густурдаи Русия алайҳи ғайринизомиён дар Киев ва минтақаҳои дигар, дар шабакаи иҷтимоии Х навишт, ки Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, бо ин амали худ "нишон медиҳад, ки ба ҳеч талоше барои сулҳ эҳтиром намегузорад ва фақат мехоҳад ҷангро идома диҳад".
Ҳамлаҳои шаби гузашта ба минтақаҳои гуногуни Украина чанд соат пас аз изҳороти Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, рух дод.
Трамп дар Кохи Сафед ба хабарнигорон гуфт, "фикр мекунам, Русия омодааст ва хелеҳо гуфтанд, ки Русия мехоҳад тамоми корро анҷом диҳад". Ӯ дар идома афзуд, ки кор бо Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина аз ончӣ интизор мерафт барояш сахттар будааст.
Раисҷумҳури Амрико ҳамчунин дар посух ба суоле дар бораи гузоришҳо дар мавриди пешниҳоди ИМА барои ба расмият шинохта шудани ҳокимияти Русия дар нимҷазираи ишғолии Қрим гуфт, дар ин масъала аз ҳеч тараф ҷонибдорӣ намекунад ва фақат мехоҳад, ки ҷанг поён ёбад.
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, ки тарҳи пешниҳодӣ дар мавриди нимҷазираи Қримро рад кард, шоми чаҳоршанбе гуфт, "музокироти Лондон "пурҳарорат" буд, аммо хуб шуд, ки намояндагони панҷ кишвар бо якдигар мулоқот карданд".
Ӯ дар шабакаи иҷтимоии Х навишт, "тарафи амрикоӣ дидгоҳи худро бо мо дар миён гузошт. Украина ва дигар аврупоиҳо ҳам назарҳои худро пешниҳод карданд. Умедворем, ки дақиқан чунин коре муштарак боиси сулҳи пойдор шавад".
Зеленский дар "Твиттер" ҳамчунин тасвире аз баёнияи Майк Помпео, собиқи вазири корҳои хориҷии Амрико дар соли 2018-ро нашр кард, ки аз Русия хоста буд, ба ишғоли Қрим поён диҳад.
Доналд Трамп чанд соат пеш аз гуфтугӯ бо хабарнигорон дар Кохи Сафед, дар шабакаи иҷтимоии худ ба Украина ҳушдор дода буд, ки бояд барои поён додан ба ҷанг ба созиш бирасад. Ӯ ҳамчунин аз изҳороти Зеленский, ки ба расмият шинохтани ҳокимияти Русияро бар Қрим "хатти сурх"-и Киев хондааст, ба шиддат танқид кард.
Трамп дар шабакаи иҷтимоии Truth навишт, "изҳороти таҳрикомез изҳороти Зеленский аст, ки ҳаллу фасли ин ҷангро бисёр душвор мекунад". Вай таъкид кард, ки касе аз Украина нахостааст, ки Қримро ҳамчун қаламрави Русия ба расмият бишносад.
Дар ҳамин ҳол, вазири молияи Амрико шаби гузашта гуфт, дар Вашингтон бо нахуствазир ва вазири молияи Украина дидор кардааст. Вай ба зарурати имзои созишномаи ҳамкориҳои иқтисодӣ байни ду кишвар таъкид кард ва ёдовар шуд, ки "музокироти фаннии бисёр созанда байни ду тараф идома дорад".