Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

931 зодаи Тоҷикистон дар Украина ҷангида, 196 нафари онҳо кушта шудаанд


Коллаж
Коллаж

Номи 931 зодаи Тоҷикистон, ки аз моҳи июни соли 2022 то моҳи январи соли 2025 ба таври қарордодӣ аз тарафи Русия ба зидди Украина ҷангидаанд, эълон шуд. Рӯйхатро "Зистан мехоҳам" (Хочу жить), тарҳи давлатии Украина, рӯзи 23-юми апрел бо номи "Зархаридон аз Тоҷикистон дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Русия" нашр кард.

Муаллифон гуфтанд, ки маълумотро ба воситаи "одамони худ" дар артиши Русия дастрас кардаанд. Бар асоси феҳраст, аз 931 зодаи Тоҷикистон то моҳи январи соли 2025-ум 196 нафар кушта шудаанд. Аз ҳама бештар дар соли 2024 – 147 кас. Сини ин зодагони Тоҷикистон аз 18 то 70-сола будааст.

Ҷустуҷӯ чиро нишон дод?

Радиои Озодӣ то кунун дар бораи кушта шудани даҳҳо зодаи Тоҷикистон дар ҷанги Украина ва ё маҷбурӣ аз кӯчаву зиндон ба артиши Русия бурда шудани онҳо гузориш додааст. Феҳрасти "Зархаридон аз Тоҷикистон дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Русия" дурустии ин маълумотро бори дигар тасдиқ мекунад.

Назрулло Ҷунайдов аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки дар моҳи октябри соли 2023 дар ҷанги Украина кушта шудааст ва Радиои Озодӣ дар борааш гузориш дода буд, дар ин рӯйхат ҳаст. Яке аз наздикони ӯ гуфта буд, ки "Нарзулло дар ширкати таксиронии "Яндекс" кор мекард. Ба ӯ даъватнома омад. Гуфтанд, агар ба ҷанг наравӣ, ҳабсат мекунем. Маҷбур рафт. Намехост." Вай ҳамзамон шаҳрвандӣ ва шиносномаи Русияро дошт.

Ҷустуҷӯйи Радиои Озодӣ нишон дод, ки баъзе аз онҳое, ки номашон дар рӯйхат оварда шудааст, дар Русия ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд ё алайҳи онҳо санад тартиб дода шуда, бо таҳдид ва тарсондан ба ҷанг бурда шудаанд. Ин маълумотро додгоҳҳо ва саҳифаҳои вобаста ба қазияҳои додгоҳии Русия бо ному насаби муҳоҷирон нашр карда, аммо бархеи онро баъдан пок кардаанд.

Диловар Наҷмуддинов (Дядка), ки тарҳи давлатии Украина, ӯро "зархарид" номбар кардааст, бино ба як қарори додгоҳи минтақаи Ростови лаби Дон аз моҳи январи соли 2016 дар Русия ғайриқонунӣ кору зиндагӣ доштааст. Ӯро ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида буданд. Бино ба навиштаи тарҳи украинии "Хочу жит", Наҷмиддинови 41-сола, ки моҳи октябри соли 2023 бо қарордод ба ҷанг рафта буд, дар моҳи декабри соли 2023 кушта шуд.

Бӯстон Етмишеви 37-сола, ки номаш дар тарҳи украинӣ омадааст, ба иттилои ёфтаи Радиои Озодӣ соли 2017 дар Русия ба 11 сол зиндон маҳкум шуда буд. Додгоҳи вилояти Маскав ӯ ва панҷ шаҳрванди Тоҷикистонро ба таъсиси гурӯҳи мусаллаҳ ва ғоратгарӣ гунаҳкор донист, вале тибқи хабарномаҳои расмии мақомоти Русия, Етмишев на ҳама иттиҳомҳоро пазируфт. Дар бораи аз кадом шаҳр ё ноҳияи Тоҷикистон буданаш маълумот нест.

"Шахси зери назорат"

Баъзе аз зодагони Тоҷикистон, ки номашон дар феҳрасти "зархаридон" ҳаст, дар рӯйхати "шахсони зери назорат" дар Русия қарор доранд. Аслан Наврӯзов аз ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе яке аз онҳост, аммо маълум нест, ӯ дар чӣ шароит ба ҷанг дар Украина бурда шудааст. Рӯйхати шахсони зери назорат соли 2024 таҳия шуда, ба ин афрод ихроҷ аз Русия таҳдид мекард.

Дар гузашта баъзе аз муҳоҷироне, ки барои нақзи қоидаҳои будубош боздошт шуда буданд, аз он шикоят мекарданд, ки онҳоро аз марказҳои муваққатии нигаҳдорӣ барои рафтан ба ҷанг ҷалб мекунанд. Шикоятҳои монанд аз зиндонҳои Русия низ мерасид, ки маҳбусони тоҷик зери фишор ҳастанд ва эҳтимол маҷбурӣ ба ҷанг бурда мешаванд.

Мустафо Назирзода, ки дар моҳи январи соли 2020 барои қочоқи маводи мухаддир дар Русия ба 10 сол дар зиндони низомаш сахт маҳкум шуда буд, низ дар ин феҳрасти "зархаридон" ҷой гирифтааст. Ба назар мерасад, ӯро аз зиндон ба ҷанг бурдаанд.

Дар рӯйхати нав онҳое низ ҳастанд, ки тавассути ширкати муздурони "Вагнер" ба сафи артиши Русия ҷалб шудаанд. Насимҷони Сафар, зодаи шаҳри Кӯлоб, яке аз онҳо буда, бино ба маълумоти расмӣ, аз моҳи феврали 2022 то майи 2023 дар Бахмути Украина ҷангидааст.

Корманди собиқи "Алфа"

Ёрбек Палавонови 38-сола аз ноҳияи Муъминобод дар тарҳи украинии "Зистан мехоҳам" шахсе зикр шудааст, ки "ихтиёрӣ" рӯзи 12-уми апрели соли 2022 аз Чеченистон ба артиши Русия пайваст ва дар воҳиди низомии "Мэрия" меҷангид. Ҷустуҷӯи Радиои Озодӣ нишон дод, ки ӯ то соли 2020 корманди гурӯҳи зудамали "Алфа"-и КДАМ-и Тоҷикистон буда, сипас аз кор рафтааст.

Ҷӯрабек Палавонов, бародари ӯ, рӯзи 23-юми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "аз мурда ё зинда будани бародараш хабар надорем." Вай афзуд, аз соли 2022 Ёрибек ҳеч тамосе бо хонавода надорад ва ҳатто ба ду фарзанди хурдсолаш низ пуле нафиристодааст. "Мо дар бораи ба ҷанг рафтанаш чизе намедонем. аз ноҳия омада бо падарам гап зада буданд, вале мо даракашро надорем, чун бо мо гап намезанад," – илова кард ӯ.

Шумораи рекордӣ

"Зистан мехоҳам" тарҳи давлатии Украина аст, ки моҳи январи соли 2024 таъсис ёфтааст. Ин тарҳ пештар рӯйхати садҳо шаҳрванди Қазоқистон ва Қирғизистонро, ки дар сафи нерӯҳои Русия алайҳи Украина ҷангидаанд, низ нашр карда буд. Вале масъулони тарҳ рӯзи 23-юми апрел дар баёнияе гуфтанд, теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо артиши Русия қарордод имзо кардаанд, рекордӣ аст.

Онҳо яке аз сабабҳоро ба камбизоатӣ ва муҳоҷирати афзуни тоҷикон ба Русия пайванд додаанд: “Бисёре аз онҳо дар қаламрави Русия ба таври ғайриқонунӣ зиндагӣ мекунанд ва туъмаи осони комиссариатҳои ҳарбӣ мегарданд. Пас аз ҳамлаи террористӣ дар толори “Крокус Сити Ҳолл” вазъи онҳо боз ҳам бадтар гардид.”

Дар баёния ҳамчунин гуфта шудааст, ки “мақомот ва кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ дар Русия тоҷиконро фиреб медиҳанд ва бо таҳдиди ихроҷ маҷбур мекунанд, ки ҳуҷҷатҳоро имзо кунанд. Аз мақомоти Тоҷикистон ва кишварҳои дигари узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ) даъват мекунем, ки ба масъалаи ҷалби шаҳрвандонашон ба артиши Русия диққат диҳанд ва барои ҳаллу фасли он чора андешанд.”

Дар Тоҷикистон ҳам рӯйхат мекунанд. Киҳоро?

Вокуниши ҳукумати Тоҷикистон ба нашри номи шаҳрвандонаш дар рӯйхати зархаридон ҳанӯз маълум нест. Аммо як мансабдори Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон бо шарти зикр нашудани номаш рӯзи 23-юми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, пас аз шурӯи ҷанг дар Украина дастур гирифтаанд, тоҷиконеро, ки ба ин ҷанг ҷалб шудаанд, рӯйхат кунанд. Ӯ омори дақиқ ба забон наворад, вале гуфт, шумораи онҳое, ки танҳо аз вилояти Хатлон аз ҷониби Русия ба ҷанги Украина рафтаанд, ба "садҳо нафар" мерасад.

Ба қавли ӯ, дар ин миён шахсоне ҳастанд, ки душаҳрвандӣ доранд ва афроди дигаре, ки аз зиндон ба ин ҷанг рафтаанд. "Таваҷҷуҳи раҳбарияти мо бештар ба нафароне ҳастанд, ки шаҳрванди мо ҳастанд, вале ба ҷанг рафтаанд. Ҳамкорони мо бо падару модари ҳамаи онҳо суҳбат кардаанд".

Ӯ гуфт, аз рӯи қонун шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз ҷониби Русия дар Укарина меҷанганд, бояд тибқи моддаи 401-и Кодекси ҷиноӣ ба ҷавобгарӣ кашида шаванд, вале ҳоло ба ҷуз руйхат ва ҷамъоварии маълумот дар бораашон ҳеч парвандае боз нашудааст. "Дар ин самт мушкилӣ зиёд аст. Мо бо хонаводаи бисёрашон гап мезанем, мегӯяд, писараш шаҳрвандӣ гирифтааст ё шаҳрвандӣ дорад. То ин одам худаш пайдо нашавад ё аз Русия дар борааш маълумотнома нафирситанд, ки шаҳрванд ҳаст ё не, парванда кушодан мушкил аст. Лекин дар бораи ҳамааш маълумоти оперативӣ ҳаст ва бо падару модаронашон гап задаанд".

Теъдоди дақиқи зодагон ё шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба ҷанги Русия зидди Украина ҷалб шудаанд, маълум нест. Мақомоти Тоҷикистон соли 2023 танҳо сад мавриди ҷалби маҳбусони тоҷикро аз зиндонҳои Русия ба ҷанг тасдиқ карда, дигар дар ин бора маълумоте надодаанд. Танҳо дар чанд маврид аз муҳоҷирон хостаанд, ки ба ҷанги бегона нарванд, чун ҷавобгарӣ дорад. Ҳоло маълум нест, ба нашри номи 931 нафар чӣ посух хоҳанд дод.

XS
SM
MD
LG