Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Аввал имкон диҳед, сипас талаб кунед." Кишти маҷбурии пахта дар Тоҷикистон


Акс аз як навори фиристодаи корбарон
Акс аз як навори фиристодаи корбарон

"Аз ҳукумати ноҳия омада, гуфтанд, ки ҳар хоҷагии деҳқонӣ пахта бикорад. Дар заминҳое, ки юнучқа корида будем, вайрон карда, пахта коридем. Барои кишти пахта шароит нест, бе пул намешавад."

Ин суханони Мурод Менглиев, деҳқон аз ноҳияи Рӯдакӣ аст. Вай рӯзи 21-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, кишти пахта нисбат ба зироатҳои дигар пурхарҷу сермашаққат, аммо дар айни замон камдаромад аст.

"Мисол, килои чигитро ба 11 сомонӣ гирифтем. Барои техника пул медиҳем. Заминро “култиватся” мекунем. Чобуқ кардан даркор. Барои чидани пахта пул даркор. Чанд бор дору ва об мондан зарур аст. Нархи доруву тухмӣ арзон нест. Дар киса камтар пул набошад, пахтакорӣ мушкил аст, охир" – изҳор дошт ӯ.

"Ба коридани пахта зид нестем, вале..."

Мурод Менглиев ягона деҳқоне нест, ки дар пайи талаби мақомот ночор ба кишти пахта сар кардааст. Чанде аз деҳқонони дигар ҳам аз он шиква доранд, ки намояндагони ҳукумат онҳоро барои кишти пахта маҷбур мекунанд.

"Мо ба коридани пахта зид нестем, лекин аввал шароит муҳайё кунанд, баъд талаб кунанд, ки пахта коред. Об нест, техникае, ки заминро "култиватся" бояд кунем, нест. Бо ин аҳвол чӣ хел пахта корем?" – суол гузошт Абдумалик, яке аз деқонони дигар.

Ба дасти Радиои Озодӣ чанд видео расид. Дар онҳо мақомот деҳқононро барои кишти пахта маҷбур мекунанд. Рӯзи 21-уми апрел дар Вазорати кишоварзии Тоҷикистон барои шарҳи мавзуъ мактуби расмӣ талаб намуданд.

Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзӣ, дар нишасти матбуотии моҳи феврал гуфта буд, ки чунин дахолат манъ аст: "Тибқи талаботи Кодекси замини Тоҷикистон ва ҳам қонун дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳукумати маҳаллӣ ва сохторҳои дигар ҳаққи дахолат карданро надоранд. Деҳқон озод аст."

Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон
Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон

Соли гузашта нақшаи ҷамъоварии пахта дар Тоҷикистон иҷро нашуд. Тоҷикистон дар соли 2024 ҳамагӣ 253,2 ҳазор тонна пахта гирифт, ки ба 73,5 дарсади нақшаи соли 2023 баробар мебошад.

Қарори ҳукумат баёнгари чист?

Моҳи январи имсол ҳукумат қарор қабул кард, ки деҳқонон дар 65 дарсади замини хоҷагии худ пахта кишт кунанд. Дар нусхаи ин санад ё протоколе, ки мақомоти маҳаллӣ ба он такия мекунанд, дар баробари афзоиши кишти пахта таъкид шудааст, ки ҳосил ба на камтар аз 25 сентнер расонида шавад.

Талаби афзоиши кишти пахта дар ҳолест, ки арзиши як кило чигити тухмӣ аз 11 сомонӣ сар мешавад ва аксаран аз хориҷа оварда мешавад. Нархи килои пахта то шаш сомонӣ арзиш дорад ва дар гузашта баъзе аз деқонон аз он нигаронӣ доштанд, ки бо назардошти харҷу заҳматҳояшон аз он зарар дидаанд.

Тӯра Яҳёев, номзади илмҳои кишоварзӣ, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Агар хоҳем, ки соҳаи пахтакорӣ пеш равад, бояд ба тухмипарварӣ низ аҳамият диҳем. Зеро тухмӣ ин асоси ҳосил аст. Солҳои гузашта ҳамин қадар душвориҳо шуд, боронҳои пай дар пай, моҳи май қариб 60 рӯз мо дар ҷумҳурӣ кишти пахта гузаронидем. Лекин ба хатоҳои зиёд роҳ додем. Зиёд ғизо додем, обро нодуруст мондем. Аз ҳамин ҳисоб ҳосил дар ҷумҳурӣ ба 14 сентнер расид, лекин бояд на кам аз 35-40 сентнер ҳосил гирем.”

Маҷбур кардани деҳқонон барои кишти пахта, ки ҳоло боис ба нигаронии баъзе аз кишоварзон шудааст, то куҷо метавонад ҳосилро хуб ва ё бештар кунад? Деҳқонон мегӯянд, агар нархи он боло равад, бидуни ҳеч маҷбуркунӣ худашон пахта хоҳанд кишт. Аз сӯи дигар онҳо бар ин назаранд, ки кам шудани кишти дигар маҳсулот метавонад ба нархи он дар бозор таъсир расонад ва сабаби гаронӣ шавад.

Тибқи иттилои расмӣ, имсол дар назар аст дар майдони беш аз 186 ҳазор гектар пахта кишт намоянд. Дурнамои ҷамъоварии он 430 ҳазор тонна гуфта мешавад, вале мақомот дар бора тарзи иҷрои чунин дурнамо чизи бештаре намегӯянд. Ҳамсуҳбати мо деҳқон Мурод Менглиев ҳам ҳеч барномаи мушаххасе надорад ва дақиқ намедонад, ки аз кишти пахтаи имсолааш фоида мебинад ё зиён.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Нороҳатии кишоварзони тоҷик аз кишти иҷбории пахта
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:04 0:00
XS
SM
MD
LG