Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо дар пайи сахттар кардани тақдими виза: 61 кишварро чӣ интизор аст?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Иттиҳоди Аврупо тарҳеро баррасӣ дорад, ки агар то охири имсол қабул шавад, дасти Брюсселро барои лағв ё бекор кардани сафари бераводид (бевиза) барои шаҳрвандони 61 кишвар, аз ҷумла Гурҷистону Молдова ва Украина боз мекунад.

Пешниҳодро Кумисюни Аврупо ҳанӯз дар соли 2023 дар миён гузошта, Шӯрои Иттиҳоди Аврупо, ки 27 кишвари узвро намояндагӣ мекунад, аллакай мавқеи худро эълон намудааст. Бо вуҷуди ин, ба далели интихоботи порлумонии Аврупо дар моҳи июни соли 2024 ва тарҳи қонунҳои зиёди ба таъхируфтода, Порлумони Аврупо танҳо чанде пеш барои баррасии он фурсат ёфт.

Гуфтушуниди аввалин дар бораи тарҳи пешниҳодӣ ҳафтае пеш баргузор шуд. Ҷонибҳо мехоҳанд, дар давраи раёсати Лаҳистон (Полша) дар Шӯрои Иттиҳоди Аврупо, ки то охири моҳи июн идома мекунад, ба созиш бирасанд. Агар ҳама кор хуб пеш равад, қонуни нав бояд дар аввали тирамоҳи имсол омода ва иҷро шавад.

Чаро ин ҳолат пеш омад?

Иттиҳоди Аврупо дар масъалаи тақдими раводид ё виза бисёр сахтгиртар мешавад ва ин дигаргунӣ, ба гуфтаи таҳлилгари Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Рикард Йозвяк, пеш аз ҳама бо ҳадафи мубориза бо ҳама гуна шаклҳои муҳоҷирати ғайриқонунист. Ва дувум, ба қавли ӯ, “эҳтимоли истифода аз раводид ҳамчун василаи сиёсӣ барои фишор ба кишварҳои сеюм.”

Сабукӣ дар тақдими виза яке аз баргаҳои муҳимтарини сиёсии Брюссел бахусус барои кишварҳои ҳамсояаш будааст. Он ба шаҳрвандони кишварҳои севум имкон медиҳад, ки то 90 рӯз бидуни раводид ба Иттиҳоди Аврупо сафар кунанд. Гурҷистону Украина аз соли 2017 ва Косово аз соли 2024 аз ин имтиёз баҳраманд ҳастанд. Аз ин рӯ, таҳдиди бозпас гирифтан ё бекор кардани имтиёз метавонад зарбаи шадид дониста шавад.

Механизми ҳозираи боздоштани низоми бераводид, ки аз соли 2018 амал мекунад, дар ҳолатҳои суистифодаи ошкоро татбиқ мешавад. Барои мисол, афзоиши шумораи шаҳрвандони кишварҳои сеюм, ки аз 90 рӯз зиёд дар қаламрави Иттиҳоди Аврупо мемонанд ё аз сабук шудани низоми сафар барои дарёфти паноҳандагӣ истифода мекунанд.

То кунун Иттиҳоди Аврупо танҳо як дафъа низоми бидуни раводидро аввал муваққатӣ ва сипас ба таври доимӣ барои Вануату, кишваре дар ҷазираҳои ҷанубии Уқёнуси Ором боздоштааст.

Дарёфти раводиди сафар ба Аврупо душвортар хоҳад шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:22 0:00

Чӣ тағйирҳои эҳтимолӣ дар пеш аст?

Якум, дар сурати эҳсос шудани ноҳамоҳангии сиёсати кишвари сеюм бо сиёсати умумии раводиди Иттиҳоди Аврупо сабукӣ ё имтиёз боздошта хоҳад шуд. Чунин ҳолат дар соли 2022 рух додааст. Замоне ки Сербистон ба шаҳрвандони Бурунди, Ҳиндустон ва Куба сафари бевизаро иҷозат дод.

Брюссел изҳор дошт, ки бисёре аз ин афрод Сербистонро ҳамчун роҳи осону пинҳонӣ барои даромадан ба Иттиҳоди Аврупо истифода мекунанд. Пас аз фишори Кумисюни Аврупо, Белград аз баъзе тартибот даст кашид. Тибқи қонуни пешниҳодӣ, барои чунин рафтор метавонанд ҷазо диҳанд.

Дувум, сабаби дигари боздоштани раводидҳо таҳдиди ба истилоҳ ҳибридӣ гуфта мешавад. Ба монанди онки Иттиҳоди Аврупо Русия ва Беларусро ба фиристодани муҳоҷирон аз Африқо ва Осиё ба марзҳои Лаҳистон (Полша) ва Литва муттаҳам мекунад.

Созишномаи Иттиҳоди Аврупо дар мавриди содагардонии низоми раводид бо Маскав ва Минск ба далели ҳамлаи Русия ба Украина ва саркӯби мухолифон аз тарафи раҳбари худкомаи Беларус Александр Лукашенко чанд сол инҷониб боздошта шудааст. Аммо агар кишвари дигари дорои низоми бераводид кӯшиши такрори чунин амалро кунад, муқаррароти нав метавонад ба кор бурда шавад.

Сеюм, агар кишваре барои сармоягузорон барномаи тақдими шаҳрвандиро амалӣ кунад, яъне ба афрод имкон бидиҳад, ки бе ягон иртиботи воқеӣ бо он кишвар шиноснома бигиранд, пас, сабук кардани низоми раводид бо Иттиҳоди Аврупо дар оянда низ метавонад боздошта шавад.

Чаҳорум, тибқи лоиҳаи қонун ҳангоми "поймолкунии ҷиддии ҳуқуқи инсон", "вайронкунии ҷиддии қонунҳо ва меъёрҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла қонуни ҳуқуқи инсон ва риоя накардани қарорҳо ва ҳукмҳои додгоҳҳои байнулмилалӣ" низоми бераводид боздошта хоҳад шуд.

Тавре мақомоти Иттиҳоди Аврупо мегӯянд, ин қоида замоне ба кор медарояд, ки “ҳамаи имконоти дигар тамом шудаанд", зеро Иттиҳод мехоҳад танҳо ҳукумати як кишварро ҷазо бидиҳад, на ин ки тамоми аҳолиро. Ба ҳамин далел аст, ки дар аввали имсол Иттиҳоди Аврупо дар пайи ақибнишинии демократия дар Гурҷистон танҳо барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ тақдими боимтиёзи раводидро боздошт.

XS
SM
MD
LG