Қурби доллари Амрико дар баробари сомонӣ, пули миллии Тоҷикистон, дар як ҳафтаи охир поин рафтааст. Агар рӯзи 18-уми апрел арзиши 100 доллар дар Бонки миллии Тоҷикистон ба 1081 сомонӣ баробар буд, рӯзи 22-юми апрел ба 1068 сомонӣ расид.
Маъмулан дар Тоҷикистон ҳар бор, ки қурби доллар боло равад, тақрибан ҳама молу маҳсулот ва хадамот гарон мешаванд. Биноан шаҳрвандон мунтазиранд, ки ҳаракати баръакс бояд сабаби коҳиши нарху наво гардад.
"Қурби доллар поин шавад, мардум маҳсулотро арзонтар дастрас мекунанд, аз бозор ё ягон ҷойи дигар. Савдои ҳамаи соҳибкорон бо доллар аст. Агар доллар арзон шуд, молҳо ҳам бояд арзон шаванд," - гуфт Хуршед Абдиев, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, рӯзи 21-уми апрел.
Ба назари Давлатмамад Назарӣ, сокини шаҳри Душанбе, мушоҳидаҳои охир нишон додаанд, ки поинравии қурби доллар наметавонад ба нархи молу маҳсулот дар Тоҷикистон таъсир дошта бошад.
Ин мусоҳиби мо рӯзи 21-уми апрел гуфт, бо вуҷуди он ки чанд рӯз мешавад, арзиши доллар дар баробари сомонӣ поин меравад, нархҳо дар бозору фурӯшгоҳҳо тағйире наёфтаанд. “Нарх ҳамон аст. Ягон фарқ нест. Чизе, ки як ҳафта пеш мехаридем, бо ҳамон нарх аст,” – афзуд ӯ.
Ба гуфтаи Давлатмамад Назарӣ, мушоҳидаҳо нишон додаанд, ки нархҳо дар бозорҳо баъди боло рафтани доллар гаронтар мешаванд, вале агар доллар беқурб шавад, нархҳо поин намераванд.
Иқтисоддон Фозилҷон Фатҳуллоев рӯзи 21-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ як далели поин рафтани қурби долларро эълони таърифаҳое номид, ки президенти Амрико Доналд Трамп ба молу маҳсулоти чанд кишвар ҷорӣ кардааст.
“Бештари давлатҳо мебинанд, ки Амрико сиёсати худро дар бозори дохилиаш иваз кардааст, ба воридоти мол боҷ ҷорӣ кардааст, аз ҳамин ҷиҳат ҳамкории тиҷориро бо Иёлоти Муттаҳида кам мекунанд”, - афзуд Фатҳуллоев.
Бонки миллии Тоҷикистон ва бонкҳои тиҷоратӣ ҳанӯз сабаби якбора поин шудани қурби долларро дар баробари сомонӣ шарҳ надодаанд.
Бо вуҷуди он ки мақомоти Тоҷикистон вазъи асъори хориҷиро ба тақвияти пули миллӣ низ рабт медиҳанд, ба сурати умум бозори пули Тоҷикистон ба қурби рубли Русия, доллари Амрико ва юани Чин бастагии зиёд дорад.