Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рубл дар додугирифти Тоҷикистон бо ИДМ "пули асосӣ шудааст". Хатараш чист?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Рубли Русия дар шаш моҳи имсол дар додугирифти Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) ба пули асосӣ табдил ёфтааст.

Ин нуктаро Фирдавс Толибзода, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон, рӯзи 7-уми август дар ҳузури хабарнигорон эълон кард. Баъзе аз иқтисоддонҳо бар ин назаранд, ки афзоиши додугирифт бо рубли Русия барои иқтисоди Тоҷикистон “хатар ҳам дорад”, бино бар ин, набояд дар тиҷорати хориҷӣ бештар аз он истифода бурд.

Фирдавс Толибзода, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон, мегӯяд, чунин тасмим барои пешгирӣ аз хавфҳои эҳтимолӣ рӯйи даст гирифта шудааст.

Фирдавс Толибзода
Фирдавс Толибзода

“Вақтҳои охир тамоюли поин шудани пардохтҳо байни шарикони савдо, бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо доллари амрикоӣ ба назар мерасад. Агар соли гузашта 60 дарсади пардохтҳо бо доллар буд, ба охири моҳи июни соли 2024 ин баръакс шуд, қариб 60 дарсади пардохтҳо бо рубли Русия ва боқимонда, 36 дарсад, бо доллари ИМА,” – шарҳ дод ӯ.

“Ҳама доллар мегиранд, ҳатто Узбекистон”

Ин дигаргунӣ, ки яке аз хостҳои асосии Маскав аст, метавонад ба тиҷорати хориҷии Тоҷикистон таъсир расонад. Чанде аз тоҷирон мегӯянд, ба рақамҳои пешниҳодкардаи раиси Бонки Миллӣ шубҳа доранд. Азизи Нақибзод, рӯзноманигор ва тоҷири китоб, гуфт, савдо ба ҷуз аз Русия бо кишварҳои дигар, аз ҷумла давлатҳои ИДМ, бо доллари Амрико сурат мегирад.

“Молу маҳсулоте, ки аз Русия оварда мешавад, ҳар сол бо рубли Русия оварда мешуд, имсол ҳам ва соли оянда ҳам. Ҳеч вақт дар кишварҳои дигар рубли Русия намегиранд, ҳама доллар мегиранд, ҳатто аз Узбекистон молро бо доллар мебиёрем,” – гуфт ӯ.

Иқтисодшинос Баҳром Шарифов ба Радиои Озодӣ гуфт, рубли русӣ ҳамчун асъор мавқеи ҷаҳонӣ надорад ва қурби он зери таъсири омилҳои гуногун бо суръати баланд поину боло мешавад.

Баҳром Шарифов
Баҳром Шарифов

“Ба назари ман, истифоди рубли русӣ ҳамчун як асъори асосии додугирифт дар оянда ба мо хатарҳои иловагӣ дорад. Бонки Миллии Тоҷикистон ва идораҳои дигари давлатӣ бояд арзҳои гуногуни хориҷиро истифода баранд. Соҳибкороне, ки додугирифтро бо Русия ба роҳ мондаанд ё аҳолие, ки дар бонкҳо пасандозҳои худро бо рубл нигоҳ медоранд, дар сурати поин шудани қурби он зарар хоҳанд дид. Додугирифти мо, воридоту содирот бо давлатҳои дурдаст, яъне Аврупо, бо доллару евро аст. Мо бояд аз имкониятҳое, ки дар ҷаҳон аст, барои манфиати миллии Тоҷикистон истифода барем,” – баён дошт Шарифов.

Ба назари ин коршинос, афзоиши додугирифт бо рубл талабот ба долларро камтар карда, боис ба коҳиши қурби он дар баробари пули миллии сомонӣ шудааст.

Воридот бештар, содирот камтар

Баъд аз оғози ҷанги бедалели Русия дар Украина ва таҳримҳои иқтисодии кишварҳои ғарбӣ алайҳи Маскав, Русия бо кишварҳои шарики тиҷоратии худ, аз ҷумла Тоҷикистон муомилотро бо рубл худ ба роҳ андохт.

Моҳи июни соли 2022 ҳукумати Тоҷикистон бо қабули як барномаи зиддибуҳронии махсус тасмим гирифт, ки воридоти маҳсулоти ниёзи аввал ва баъзе аз ашёи хомро аз хориҷа бо рубли Русия ва юани Чин ба роҳ монда, дар додугирифти байнулмилалӣ то ҳадди мумкин истифодаи долларро камтар кунад.

Афзоиши 60-дарсадии истифодаи рубл таъсири ҳамин талошҳо буда метавонад. Аммо ин адад танҳо ба тиҷорат дар қаламрави Шӯравии собиқ дахл дорад.

Видео дар инҷост:

Дар Тоҷикистон гардиши рубли русӣ бештар шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:55 0:00

Ба иттилои Бонки миллӣ, тиҷорати хориҷии Тоҷикистон қариб ба чоруним миллиард доллар расида, назар ба соли гузашта 1 миллиард доллар бештар аст. Дар бештар аз 30 соли охир тавозуни савдои хориҷии Тоҷикистон ҳамеша манфӣ арзёбӣ мешавад. Ҳарчанд мақомот борҳо таъкид кардаанд, ки бо роҳандозии чораҳои гуногун талош мекунанд, молҳои содиротиро бештар ва воридотиро кам кунанд, ин мушкил ҳалношуда мондааст.

XS
SM
MD
LG