Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз академияи ФСБ то муовини сарвазир. Вориси эҳтимолии Путин кист?


Дмитрий Патрушев. Маскав, 2-юми июли 2024
Дмитрий Патрушев. Маскав, 2-юми июли 2024

Дмитрий Патрушеви 46-сола, писари "хушбахт"-и Николай Патрушев, раҳбари пешини ФСБ ва яке аз шахсони наздик ба Владимир Путин, вориси эҳтимолии президенти Русия арзёбӣ мешавад. Падараш аз солҳои 70-ум Путинро мешиносад ва зери раҳбарии ӯ давоми 25 сол дар мансабҳои баланди давлатӣ кор кардааст.

"Система", бахши таҳқиқотии Радиои Озодӣ, баъзе аз муомилаҳои ӯ, аз ҷумла сармоягузорияшро дар кишваре ошкор кард, ки чун маркази қочоқ ва интиқоли маводи мухаддир ба Аврупо низ машҳур аст.

Муаллифон: Сергей Титов, Тарҳи "Система", Роберт Коалсон

Ширкати офшории "Pimodo" дар Кипр соли 2017 ба даҳ қароргоҳ дар меҳмонхонаи панҷситорадори Salinas Sea Resort дар ҷазираҳои Кабо-Верде, воқеъ дар Уқёнуси Атлантика, 3 миллион евро (3,25 миллион доллар) сармоягузорӣ кард. Ин пул аз сӯйи ширкати кишоварзии русии "Агроторг Тулский" пардохта шудааст.

Ширкати тиҷоратии мазкур бахше аз Бонки Кишоварзии Русия (Росселхозбанк) аст, ки онро ҳукумат дар соли 2000 барои мадад ба бахши кишоварзӣ таъсис дода буд. Ширкати "Агроторг Тулский" дар моҳи апрели соли 2018 "Pimodo"-ро харид ва бонке, ки барои рушду дастгирии хоҷагии қишлоқ таъсис дода шуд, соҳиби бинои боҳашамате дар як кишвари дурдаст гашт. Кишваре, ки дар баробари соҳилҳои зебои худ, чун роҳи муҳим барои қочоқу интиқоли кокаин ё навъе аз маводи мухаддир ба кишварҳои Аврупо дониста мешавад.

Ба ин тартиб, таҳқиқи "Система", равзанаеро ба зиндагӣ ва корҳои ношаффофи элитаи Русия кушод. Ситораи дурахшонтарин дар ин доира ҳам Дмитрий Патрушев, муовини сарвазир ва писари калонии ёвари президент ва мушовири собиқи Шӯрои амният Николай Патрушев аст.

Коршиносон ҳадс мезананд, ки дар сурати аз қудрат рафтани Владимир Путин, номзад ва вориси эҳтимолӣ дар курсии ӯ Патрушеви хурдӣ хоҳад буд. Ҳарчанд гуфта мешавад, ки Путин ба ин зудӣ нияти тарки курсиро надорад.

"Бартарии аслӣ"-и Дмитрий Патрушев ҳамчун вориси эҳтимолӣ ин аст, ки "аз байни низомиёну шаҳрвандиҳо" берун омадааст ва бо шарофати падараш доираҳои чекистӣ ӯро агар комилан "худӣ" қабул накунанд ҳам, чун шахси "аз нигоҳи иҷтимоӣ" наздик ба худ медонанд," – навиштааст Аббас Галлямов (Аббос Ғуломов), мушовири сиёсӣ ва сухангӯйи пешини Владимир Путин.

Ӯ афзудааст: "Дар айни замон як бахши зиёди ҷомеаи хаста аз суханпардозиҳои низомӣ ва шикори беохири душманон аз "погон"-ҳои вай “наметарсанд”.

"Ашрофони нав"

Николай Патрушеви 73-сола шиноси деринаи Путин ва яке аз шахсони боварбахштарини ӯ дар миёни доираҳои наздикаш аст. Яке аз чеҳраҳоест, ки мавзеи сахти зидди Ғарб дорад.

Патрушев дар соли 1999, вақте президенти он замон бемор Борис Елтсин Путинро сарвазир таъйин кард, дар курсии раҳбари ФСБ – Хадамоти Федеролии Амният – нишаст. Вай ду писараш, Дмитрий ва Андрейро барои таҳсил ба Академияи ФСБ фиристод.

Соли 2000-ум дар матлабе ба қудрат расидани амниятиҳоеро чун Путин сутуда, талошҳои эҳтимолиро барои чун хатар ба демокоратия муаррифӣ кардани онҳоро танқид карда буд. Вай гуфта буд, баръакс, онҳо кишварро аз душманони берунӣ ва дохилӣ фидокорона ҳифз мекунанд ва таъкид намуд, ки ин насли “ашрофони нав”-и Русия ҳастанд.

Николай Патрушев. Маскав, моҳи феврали соли 2020
Николай Патрушев. Маскав, моҳи феврали соли 2020

Дмитрий Патрушев дар аҳди Путин барои худ карйераи бесобиқа ва муваффақ сохт. Дар 32-солагӣ раҳбари бонки кишоварзӣ – “Росселхозбанк”, чорумин бонки бузурги Русия шуд. Дар 40-солагӣ вазири кишоварзӣ ва имсол, дар 46-солагӣ, муовини нахуствазир дар бахши муҳити зист ва захираҳои табиӣ таъин гашт. Пайваста дар мулоқоти Путин дар Кремл ширкат мекунад.

Патрушев чун “ашрофзодаҳои нав” ва зиддиғарбӣ дар Русия ҷашну таътилҳои Соли Навро на дар кишварҳои хориҷӣ, балки бо хонавода ва дӯстон дар бӯстонсарои беруназшаҳрии худ мегузаронад.

Ба хабари манбаи “Система”, як бахши Радиои Озодӣ, ки бо хонаводаи Патрушевҳо наздикӣ дорад, вориси эҳтимолии оянда таътилу идҳоро дар 200-километрии шимоли Маскав, дар вилояти Твер, сипарӣ мекунад. Ин хона расман ба номи ҳамсари Патрушев, муҷрии телевизион Марина Артемева аст. Артемова ҳамчунин соҳиби расмии заминҳои Патрушев дар беруни Маскав ва ду хонаи ӯ дар маҷмааи бонуфузи “Золотой” дар наздикии Кремл аст. Ба ҳисоби “Система”, дороиҳои расмии муҷрӣ Марина Артемева ба 31 миллион доллар мерасад.

Таҳқиқи “Система” ошкор кард, ки аз ин истироҳатгоҳи зоҳиран хоксоронаи хонаводаи Патрушев дар соҳили баҳри Волга дар Твер то ба ҷазираҳои Кабо-Верде воқеъ дар Уқёнуси Атлантика як қатор муомилаҳои гаронбаҳову махфӣ анҷом шудааст. Тамоми ин додугирифтҳо ба Бонки Кишоварзии Русия ё “Росселхозбанк” рабт мегирад, ки то имрӯз зери назари Патрушев қарор дорад.

Дар Волга

21-уми ноябри соли 2022 Патрушев, вазири вақти кишоварзӣ дар вилояти Тюмен корхонаи мурғпарвариро ифтитоҳ кард. Путин аз Кремл онлайнӣ дар ин чорабинӣ ширкат дошт.

Яке аз онҳое, ки вай зимни суханронии худ таърифу тавсиф кард, Сергей Новиков, тоҷир ва соҳиби “Агропромкомплектатсия” буд.

Новикови 64-сола тиҷорати худро баъд аз пошхӯрии Шӯравӣ, дар заминаи як хоҷагии деҳқонӣ дар вилояти Твер сар кардааст. Ширкате, ки кори худро бо 200 чорво ва 200 гектар замин шуруъ карда буд, ҳоло соҳиби беш аз 100 ҳазор гектар замин ва 40 ҳазор гову 1,3 миллион хук аст. Барои муқоиса андозаи замине, ки корхона ҳоло дар ихтиёр дорад, 17 баробар бештар аз Манҳэттен мебошад.

Дмитрий Патрушев ҳангоми раёсаташ дар Бонки Кишоварзии Русия. Моҳи феврали соли 2015
Дмитрий Патрушев ҳангоми раёсаташ дар Бонки Кишоварзии Русия. Моҳи феврали соли 2015

“Агропромкомплектатсия” аз ҷумлаи се корхонаи бузурги истеҳсоли маҳсулоти ширӣ дар Русия аст. Даромади он дар соли 2023 ба 1,9 миллиард доллар баробар буд.

Новиков дар соли 2020 ошкоро гуфт, ки Дмитрий Патрушев дар рушди ин корхона нақши муҳим дорад.

“Мо ҳамкориро бо Бонки Кишоварзии Русия (Росселхозбанк) дар соли 2006 сар кардем. Пешрафти ғайричашмдошт ва рушди ҷиддии тиҷорати мо дар соли 2010, бо омадани тими нави Дмитрий Николаевич Патрушев шуруъ шуд,” – гуфт ӯ.

“Система”, як тарҳи Радиои Озодӣ, ҳисоб кардааст, ки аз соли 2010 то 2018, дар замони раиси бонк будани Дмитрий Патрушев, ба ширкати Новиков 35 миллиард рубли Русия (ба ҳисоби онвақта 1 миллиард доллар) қарз дода шудааст. 21,3 миллиард рубл (609 миллион доллар) танҳо дар соли 2014-ум.

Ин пулҳо ба ширкат мадад кардаанд, ки хуруҷи зукоми хукро, ки дар соли 2013 даҳҳо минтақаи Русияро фаро гирифт, беосеб паси сар кунад. Он замон деҳқонҳо мақомотро барои ҳамкорӣ бо ширкатҳои бузурги кишоварзӣ ва ёрӣ надодан ба онҳо гунаҳкор карданд.

Дар моҳи апрели соли 2013, тақрибан як сол пеш аз он ки Бонки Кишоварзии Русия (Росселхозбанк) ба додани қарзҳои калон ба ширкати Новиков сар кунад, агробизнеси Коровинское ҳолдингро тарк кард. Онро соҳибкор, Андрей Алешков, ҳамсинфи деринаи Дмитрий Патрушев, ба ихтиёр гирифт.

Ба навиштаи “Новая Газета Европа”, бонки Патрушев дар соли 2016 ба Алешков барои бунёди маҷмааи истиқоматии “Прайм-Тайм” дар Маскав 1,89 миллиард рубл (54 миллион доллар) қарз дод.

Дафтари "Росселхозбанк" дар Маскав
Дафтари "Росселхозбанк" дар Маскав

Нишонаҳои дигаре вуҷуд доранд, ки Коровинское зери назари Дмитрий Патрушев қарор гирифтааст. Мудири кулли нави ширкат Иван Плешаков ва шумораи телефони нави он ба ширкате ба номи “Trial” гиреҳ мехӯрад. Ин ширкат таъминкунандаи “Росрезерв”, бунёди захираи давлатӣ аст. Пойгоҳи таҳқиқотии “Проект” дар соли 2023 онро ба Патрушевҳо марбут дониста буд.

Коровинское ба ҷуз аз парвраиши чорво, дар соҳили Волгаи вилояти Твер, дар шимоли Маскав, замини зебое дорад. Ҳоло дар онҷо хонаи истироҳатӣ ё беруназшаҳрии Дмитрий Патрушев воқеъст. Дар соли 2013 тақрибан се гектар замин аз дарахтҳо тоза карда шудаанд. Майдоне ба масоҳати андаке калонтар аз Майдони Сурх. Тибқи тасвирҳое, ки Google Earth бардоштааст, сохтмон дар соли 2014 идома дошт.

Кори сохтмон то соли 2016 тақрибан ба поён расид. Бар иловаи манзилҳои истиқоматӣ метавон чаманзору майдони футбол, ҷойи гузоштани қоиқҳо ва минтақаи шиноро дид. Тақрибан дар ҳамон вақт Коровинское ба фурӯхтани қитъаҳои дигари замин сар кард, ки эҳтимол аз арзиши бозор хеле поинтар аст. Дар соли 2016 даромади ширкат 11 миллион рубл (160 000 доллар) ҳисоб шудааст, дар ҳоле ки замини фурӯхтааш ҳадди ақал панҷ маротиба бештар нарх дошт.

Аз чор қитъаи замин дутоаш расман ба ихтиёри Новиков гузаштааст. Як манбаи наздик ба хонаводаи Патрушевҳо гуфт, ин оила мунтазам таътили давраи Соли Навро дар он ҷо мегузаронданд. Тибқи ҳуҷҷатҳои санҷидаи "Система”, Новиков дар соли 2023 қитъаҳои заминро ба Патрушевҳо додааст.

Ду қитъаи дигари замини Коровинскоеро ба сармоядор Андрей Садовский додаанд. Шахсе, ки то ҳол соҳиби онҳост.

“Тафреҳ ва варзиш”

Соҳиби корхонаи мурғпарварӣ, ки Владимир Путин ва Дмитрий Патрушев дар моҳи ноябри соли 2022 кушода буданд, шахсе ба номи Бобоев аст. Ширкати ӯ, Дамат, яке аз истеҳсолкунандаҳои бузурги мурғи марҷон дар ҷаҳон ба шумор меравад. Тибқи иттилои торнамои ширкат, Бонки Кишоварзии Русия дар рушди он саҳм гузоштааст.

Бонки Патрушев дар тӯли солҳо ба ширкатҳои Бобоев беш аз 70 миллиард рубл (1,2 миллиард доллар) додааст. Илова бар ин, ба Бобоев борҳо иҷоза дода шудааст, ки баъзе аз амволи осебпазири бонкро бо шартҳои судовар бигирад.

Бобоев дар мусоҳибааш дар соли 2020 бо Forbes-и Русия шӯхиомез гуфтааст, “маълум шуд, ки мо дарбони Бонки Кишоварзии Русия дар минтақаи Пенза шудем.”

Бонк дар соли 2020 ба Бобоев иҷоза дод, ки инони рақиби асосии муфлисшудааш, ширкати “Евродон”-ро ба даст гирад.

То соли 2019 шуъбаи дороиҳои осебпазири бонкро Дмитрий Сергеев, як чеҳраи муҳими наздик ба Патрушев раҳбарӣ мекард. Сергеев ва Бобоев робитаҳои тӯлонии тиҷоратӣ доранд. Зану писари калонии Сергеев низ бо Бобоев шарик ҳастанд.

Патрушев ва Сергеев аз миёнаҳои солҳои 2000-ум, аз замони корашон дар Бонки ВТБ (таҳти назорати давлат) шинос ҳастанд. Сергеев муовини Патрушев дар ВТБ, муовини аввали ӯ дар Бонки Кишоварзии Русия ва дертар муовини вазир дар Вазорати кишоварзӣ шуд.

Сергеев соли 2019 раиси ширкати кишоварзии давлатие гардид, ки зери назорати Вазорати кишоварзӣ аст ва бахши ғаллаи Русияро идора мекунад. Ҳадди ақал як канал дар Telegram Сергеевро “дасти рост” ё одами муҳими Патрушев номидааст.

Ба гуфтаи як манбаи “Система”, ки ба хонаводаи Патрушевҳо наздик аст, оилаи Дмитрий Патрушев гоҳе бо Сергеевҳо якҷоя истироҳат мекунанд. Истироҳатгоҳи Сергеев аз хонаи Патрушевҳо чандон дур нест. Андрей Садовкский, шахсе, ки қитъаҳои замини Патрушевро харидааст, додарарӯси Сергеев будааст.

Мақомоти хоҷагии ҷангали вилояти Твер дар моҳи марти соли 2023 амр доданд, ки қитъаи ҷангал дар наздикии замини Патрушев ба музояда гузошта шавад. Сергеев музоядаро бо нархи ибтидоии тақрибан 209 000 рубл (2700 доллар) бурид ва назорати ду гектар ҷангалро дар 49 соли оянда ба даст овард.

Тибқи аксҳои бардоштаи Google Earth, ҷангал аллакай таҳти назорат аст ва дарахтони зиёдеро аз онҷо “рӯфтаанд”. Тибқи шартҳои иҷора, ин қитъаи ҷангалро барои тафреҳу варзиш истифода бурдан мумкин аст.

Дмитрий Патрушев (рост) бо Владимир Путин (чап). Кремл, 2022
Дмитрий Патрушев (рост) бо Владимир Путин (чап). Кремл, 2022

Ширкати фаръӣ ё тобеи Бонки Кишоварзии Русия дар соли 2018 ширкати офшории “Pimodo” дар Кипр ва сармоягузории онро дар маҷмааи осоишгоҳи “Кабо-Верде” ба уҳда гирифт. Бино ба феҳристи шахсони ҳуқуқии Кипр, “Pimodo”-ро соҳибкор аз Черногория Стела Колман намояндагӣ мекард. Колман тавассути ширкати Open Investment дар Черногория бо мудири собиқи Бонки Кишоварзии Русия Иван Чеповой робитаҳои тиҷоратӣ дошт.

Чеповой дар Бонки ВТБ муовини Сергеев буд ва дар бахши дороиҳои осебпазири Бонки Кишоварзии Русия дар назди ӯ кор мекард. Ҳоло ҷонишин ё муовини Сергеев дар ширкати давлатии ғалла аст.

Ин созиш то соли 2022 идома ёфт, то замоне ки Русия ба хоки Украина таҷовуз карду зарурати ҳифзи дороиҳои Русия дар хориҷа пеш омад.

Се ҳафта қабл аз ҳамлаи 24-уми феврали соли 2022, “Пимодо” ба як ширкати дигари офшорӣ ба номи Fiosal Ventures фурӯхта шуд. Тибқи феҳристи шахсони ҳуқуқии Кипр, Fiosal Ventures бо “Агропромкомплектатсия”-и Новиков робитаҳои ғайримустақими корӣ дорад.

“Ҳамкорони беҳтарини мо, мояи ифтихору эҳтироми ФСБ (Хадамоти Федеролии Амнияти Русия), барои пул кор намекунанд. Ҳамаи онҳо гуногун ба назар мерасанд, аммо як хислати бисёр вижае ҳаст, ки онҳоро муттаҳид мекунад ва ин хислати бисёр муҳим ҳисси хидмат кардан аст,” – навишта буд Николай Патрушев дар соли 2000 дар як мақолааш.

XS
SM
MD
LG