Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посбонҳои Путин чӣ гуна соҳиби мансабҳои баланд шуданд?


Дар солҳои ҳукуматдории Владимир Путин дар Русия ҳадди ақал 13 муҳофизи собиқи ӯ соҳиби курсиҳои баланди давлатӣ шудаанд. Дар оғози даври панҷуми президентии Путин ҳафт нафари онҳо вазифаҳои масъули ҳукумати федералиро ба уҳда доранд.

Алексей Дюмин, яке аз муҳофизони пешин ва машҳури Путин, аз соли 1995 то соли 2013 дар мансабҳои гуногуни хадамоти федералии ҳимоят аз президенти Русия ифои вазифа намуда, сипас ба курсии волии вилояти Тула нишаст. Имсол баъд аз пирӯзии навбатии Путин дар интихоботи президентӣ дабири Шӯрои давлатӣ ва ҳамзамон ёвари президент таъйин шуд.

Гуфта мешавад, ки Дюмин амалиёти интиқоли президенти барканоршудаи Украина Виктор Януковичро ба Русия раҳбарӣ кардааст. Дар суҳбат бо рӯзномаи русии "Коммерсант" Дюмин гуфта буд, ки боре Путинро аз ҳамлаи хирс наҷот додааст.

Валерий Пикалев дар соли 2014 раҳбарии яке аз раёсатҳои хадамоти федеролии ҳимоят аз президенти Русияро бар дӯш гирифт, ки муроқибати пойгоҳи Путинро дар минтақаи Валдай мадди назар дорад. Нашрияи "Проект" дар соли 2023 гузориш дода буд, ки дар Валдай қаҳрамони бозиҳои олимпӣ Алина Кабаева бо фарзандонаш ба сар мебарад.

Пикалев дар соли 2019 ноиби волии Петербург ва пас аз таҷовузи Русия ба хоки Украина раҳбари эҳёи шаҳри ишғолшудаи Мариупол таъйин шуд. Ҳоло ӯ дар курсии сардори хадамоти федеролии гумруки Русия нишастааст.

Дмитрий Миронов дар соли 2010 ҳангоми сафари Путин дар мошини Лада Калина аз Хабаровск ба Чита муҳофизи Путин буд. Ӯ дар мақомҳои гуногуни хадамоти амният ва ҳамчунин ниҳоди посбонии президент хидмат намуда, соли 2017 волии вилояти Ярославл таъйин шуд. Ҳозир Миронов ёвари президенти Русия аст.

Дмитрий Степаненко аз соли 1998 то соли 2004 дар полки президентӣ хидмат кардааст. Ин муҳофизи собиқи Путин бо вилояти Ярославл иртибот қавӣ дошта, замоне раҳбарии ҳукумати ин устонро бар дӯш дошт. Баъдан Степаненко вазири кишоварзии вилояти Маскав шуда, ҳоло муовини раиси Кумитаи моликияти давлатии Русия мебошад.

Александр Куренков дар солҳои навадуми қарни гузашта муаллими тарбияи ҷисмонӣ будааст. Баъдан ӯ ба хидмат дар ФСБ ё Хадамоти федеролии амният ва "Росгвардия" ё горди миллии Русия роҳ ёфт.

Путин дар соли 2022 Куренковро ба мақоми вазири ҳолатҳои фавқулодаи Русия пешбарӣ кард. Ҳангоми обхезиҳои соли 2024 сокинони вилояти офатзадаи Оренбург аз кори Куренков норозӣ буданд.

Юрий Котов то соли 2017 дар Хадамоти ҳимоят аз президенти Русия ифои вазифа кардааст. Дар соли 1991 маҳз ӯ ба Борис Елтсин кумак кард, ки дар рӯбарӯйи ҳукумати Русия болои танк барояд. Ҳозир Котов ёвари фармондеҳи Горди миллии Русия аст.

Виктор Золотов аз соли 2000 то соли 2013 раёсати хадамоти ҳимоят аз президенти Русияро дар уҳда дошт. Қабл аз он ӯ муҳофизи президент Елтсин ва мири Санкт-Петербург Анатолий Собчак ҳам будааст.

Сиёсатмадори мухолифи ҳукумати Русия Алексей Навалний дар соли 2018 дар бораи Золотов таҳқиқоте нашр карда буд. Дар пайи он Золотов Навалнийро ба ҷанги тан ба тан даъват карда, ваъда дод, ки ӯро шадидан латукӯб мекунад. Золотов ҳамоно раҳбарии "Росгвардия"-ро бар дӯш дорад.

Видеоро дар инҷо бинед:

Посбонҳои Путин дар курсиҳои баланди ҳукуматӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:25 0:00
XS
SM
MD
LG