Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муборизаи як оилаи тоҷик барои наҷоти писари беморашон дар Русия. ВИДЕО


Як оила аз Тоҷикистон тақрибан ду сол боз дар Русия барои наҷоти ҷони фарзанди бемори худ дар ҳоли набард аст. Манзила Муродова мегӯяд, бо вуҷуди душвории молӣ ва дарди рӯзафзуни писараш, Шодмонҷон, ҳанӯз умедро аз даст надодаанд. Вай розӣ шуд, ки зиндагии худро дар мусофират нақл кунад.

Ба гуфтаи хонум Муродова, рӯзгори осудаи онҳо дар Тоҷикистон дар моҳи январи соли 2020 ба поён расид. Замоне ки писари он вақт 11-солааш баъди омадан аз мактаб аз дарди пой шикоят кард.

Мегӯяд, ӯро ба назди пизишкон бурданду як муддат "аз нарасидани глюкоза" муолиҷа гирифтанд, аммо ба ҷое нарасиданд. "Дертар духтурон гуфтанд, ки ҷигараш бемор аст ва бояд ҷарроҳӣ гузаронем. Мо ҳама корро кардем, вале дард наистод, баръакс, бештар шуд," – идома дод ҳамсуҳбати мо.

Падараш Шодмонҷонро барои як моҳ ба бемористоне дар Маскав бурд, вале бо идома ёфтани табобат ночор ҳамсару духтарашро ҳам ба пойтахти Русия даъват кард. Аз он замон то ҳоло дар онҷо ҳастанд.

"Чун шаҳрванди Русия нестем, тамоми санҷишу даво пулакӣ аст. Бар замми ин, танҳо барои харидани як дору то 150 ҳазор рубли Русия зарур аст," – мегӯяд Манзила Муродова.

Ӯ афзуд, то чаҳор сол пеш дар Тоҷикистон ҳаёти хубу хуш доштанд ва ҳатто тасаввур намекарданд, ки дар як они воҳид чархи қисмат ба самти дигар тоб мехӯрад. Аз тарафи дигар, мегӯяд мусоҳиби мо, ҳарчанд бемории фарзанд онҳоро сарсону дар мулки бегона иҷоранишин кард, оиларо боз ҳам мустаҳкам намуд. Чӣ гуна?

Ҳамаашро дар барнома ва дар инҷо бинед:

Ғарибӣ барои наҷоти фарзанд (Рӯзгори муҳоҷир #11)
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:20:49 0:00

Барнома дар Ютуб:

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG